04:30:53 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

БАР ИВАЗИ ҲУКМИ ҚАТЛ. АФЗОИШИ ҲАБСҲОИ ЯКУМРӢ

 

Ба иттилои мақомоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар як соли ахир теъдоди маҳкумшудагон ба ҷазои ҳабси абад 4 маротиба бештар шудааст. Нусратулло Абдуллоев , раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, «аз маҷмӯи маҳкумшудаҳо, ки 109 нафарро ташкил медиҳад, 13 нафар ҷазои ҳабси абад гирифтаанд.»

2012Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Додгоҳи Олӣ, дар соли 2010 додгоҳҳо нисбати 3 нафар ҳукми ҳабси абадро содир кардаанд. Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон сабаби ба маротиб бештар шудани ҷазои ҳабси абадро ба баррасии парвандаҳои марбут ба 25 тан аз маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи КАМ дар моҳи августи соли 2010, воқеаҳои минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ва ҳамла ба бинои Раёсати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд марбут донист.

Ҳабси абад дар низоми додгоҳии Тоҷикистон баландтарин ҷазо маҳсуб мешавад. Бар пайи моратория ё ба таълиқ даромадани ҳукми қатл дар Тоҷикистон, дар чанд соли пеш ҷазои ҳабси абад болотарин ҷазо ба қонунии кайфарии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Аммо бо он, ки дар солҳои ахир ҷазои қатл ба таълиқ даромадааст, баҳсҳо бар сари комилан аз байн бурдани ин ҳукм матраҳ аст. Тарафдорони аз байн бурдани ҷазои қатл бештар намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар  ҳастанд. Аммо ҷониби давлат мегӯяд, ҳанӯз ҷомеа барои ин кор омода нест.

КОҲИШИ МУҲЛАТИ ҶАЗОИ ПАДАРИ АЛИИ БЕДАКӢ 

Ҳамзамон мақомоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфтаанд, ки бар асоси Қонуни афв аз се як ҳисаи муҳлати ҷазои Музаффар Давлатов, падари Алии Бедакӣ коҳиш дода шудааст. Додгоҳи низомии Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта 28 тан сокинони Раштро барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои мухолифи давлат равонаи зиндон кард.

Аз ҷумла 7 нафарро зиндони якумрӣ ва боқимондаҳо аз 2 то 30 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ин миён Музаффар Давлатов, падари Аловиддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки 76 сол умр дорад, ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Музаффар Давлатови 76-сола, падари Алии Бедакӣ, аз размандагони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва собиқ афсари вазорати умури дохилаи Тоҷикистон моҳи январи соли гузашта боздошт шуда буд.

Аммо худи Алии Бедакӣ, ки мақомот ӯро дар ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон дар августи соли гузашта дар дараи Камароб гунаҳкор донистанд, дар моҳи январи соли 2011 дар ҷараёни як амалиёт аз сӯи нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ бо чанде аз вафодоронаш кушта шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi