13:33:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДОДСИТОНИИ КУЛ: АФЗОИШИ ҶАРОИМИ САНГИН ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки мизони ҷароими сангин дар соли 2011 дар ин кишвар дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2010 15 дар сад афзоиш ёфтааст. Иртикоби ҷароим аз сӯйи кӯдакон ва навҷавонони зери 18-сола низ дар ин даврон афзоиш ёфтааст.

Абдулқодир Муҳаммадиев, муъовини додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 10 январ дар нишасте матбуъотӣ гуфт, ки дар соли 2011 беш аз 16 ҳазору 800 ҷурм расман сабт шуда, ки 545 маврид аз ин ҷароимро кӯдакон ва навҷавонони зери 18-сола муртакиб шудаанд. Ин дар ҳолест, ки масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистон як рӯз қабл гуфта буданд, ки тибқи пажӯҳишҳои вазорат, дар соли 2011 баъд аз тасвиби қонуни масъулияти волидайн сатҳи ҷароим дар миёни кӯдакон ва ҷавонон коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин додситонӣ хабар дод, ки дар соли 2011 ҳудуди 60 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия муртакиби ҷароиме шудаанд, ба ин кишвар истирдод шудаанд. Тоҷикистон низ панҷ табаъаи хориҷиро, ки дар қаламрави ин кишвар даст ба ҷароими мухталиф задава маҳкум шуда буданд, ба кишварҳояшон мустарад кардааст.

Терроризм ва ифротгароӣ 

Ҳарчанд рӯзноманигорон интизор доштанд, ки дар нишасти матбуъотии додситонӣ Шерхон Салимзода, додситони кул, ҳозир хоҳад шуд, вале оқои Муҳаммадиев аз ҳозирон дар бораи ширкат накардани оқои Салимзода дар ин нишаст пузиш хост ва нишастро худаш оғоз кард.

Ба гуфтаи оқои Муҳаммадиев, дар соли гузашта ҷароими сангине аз қабили сирқат, ҳамли ғайриқонунии силоҳ, таҳдиди гирифтани сармоя ва қочоқи маводди мухаддир дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд, ки ҳамчунин 196 нафар ба иттиҳоми терроризм, ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар соли гузашта боздошт шудаанд ва шуморе аз ин афродро додгоҳҳо равонаи зиндон кардаанд. Масъулони додситонӣ мегӯянд, ки афзоиши ҷароим дар Тоҷикистон бо вазъияти иҷтимоъии мардум, яъне фақру бенавоӣ ва боло будани сатҳои фасоди молӣ иртибо надорад.

Оқои Муҳаммадиев дар бораи сабаби ин падида гуфт: “Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ ягон ҳолатҳое, ки сабаби он камбизоъатӣ бошад, мушаххас нашудааст. Вале намуди ҷиноятҳои марбут ба фасод дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон низ вуҷуд дорад.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, афроди зиёде дар зиндонҳои Тоҷикистон бегуноҳ ба сар мебаранд. Зеро кормандони интизомӣ ҳангоми таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ барои осон кардани фаъъолияти хеш ва базудӣ ба охир расондани кори парвандаҳо аз шиканҷа ва зӯр истифода мекунанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки аксари мавориди эъмоли шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ва зиндониён дар муассисаҳои бастаи Тоҷикистон ба далели шикоят накардани афроди шиканҷашуда ва ё пайвандони онҳо ифшонашуда боқӣ мемонад.

Ва вукалои мудофеъ сабаби ҷой доштани шиканҷа дар муассисаҳои баста дар Тоҷикистонро беҷазо мондани кормандоне медонанд, ки ба ҳангоми таҳқиқи парвандаҳо аз шиканҷа ва зӯр истифода мекунанд.

Аммо оқои Муҳаммадиев гуфт: “Дар соли гузашта мавориди шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ дар қиболи боздоштшудагон дар муқоиса бо соли 2010 коҳиш ёфтааст. Дар соли 2011 мо танҳо 26 шикоятро аз сокинон дар ин бора дарёфт кардем ва панҷ мавриди он тасдиқи худро ёфта, гунаҳкорон муҷозот шуданд.”

Додхоҳӣ аз додситон

Дар назди бинои Доситонии кулии Тоҷикистон иддае аз сокинон кӯшиши ворид шудан ба биноро мекарданд. Бархеҳо аз он шикоят доштанд, ки рӯзҳои зиёде пушти дари додситонӣ қарор доранд, вале иҷозаи даромад ба бино ва мулоқот бо масъулонро наметавонанд дарёфт кунанд.

Бо ду зане, ки дар миёни ин афрод қарор доштанд, сӯҳбат кардам. Онҳо аз ҷумлаи модарони ҷавононе будаанд, ки ахиран аз сӯйи додгоҳи вилояти Суғд барои терроризм ва ифротгароӣ равонаи зиндон шудаанд.

Муъаттар Раҳимова мегӯяд, ки ба назди додситони кулли Тоҷикистон барои додхоҳӣ омадааст: “Ду писари ман, ки хурдиаш 21-сола аст, бегуноҳ зиндонӣ шудаанд. Доди моро дар Суғд нашуниданд, ин ҷо омадам, ки ба додситон шикоятамро дар ин маврид диҳам, шояд кумак кунад. Охир бачаҳоям бегуноҳ дар зиндони нишастаанд. Онҳо намозхон буданд, магар намозхонӣ гуноҳ аст?”

Кормандони интизомӣ ба ин зан гуфтаанд, ки бачаҳои вай барои "теракт" (терроризм) зиндонӣ шудаанд ва вай дар ҷараёни мурофиъаи додгоҳӣ ширкат надошта ва дар куҷо будани фарзандони худро то ҳол намедонад.

Хонуми Раҳимова мегӯяд, ки вай ба намояндагӣ аз 40 зан, ки дар ноҳияи Истравшани вилояти Суғд ба сар мебаранд ва фарзандонашон зиндонӣ шудаанд, ба Душанбе, пойтахт, омадааст. Ӯ мегӯяд дар сурате ки натавонад ба бинои додситонӣ ворид шавад ва ба масъулон шикояташро расонад, шикояти худ ва занони дигарро ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад бурд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi