12:45:10 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАСТГОҲҲОИ "КӮҲНА" Ё БЕНЗИНИ "ТАҚАЛЛУБӢ"?

Оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар минтақаи Кӯлоб аз болои намояндагии «Газпромнефт»-и Русия ба додгоҳ шикоят бурдааст. Оҷонсии мазкур ширкати «Газпромнефт»-ро дар насупурдани ҷарима ба миқдори 7-ҳазор сомонӣ муқассир медонад.

ГазпромнефтҲикматулло Сафаров, сардори ин оҷонсӣ мегӯяд, дар аввали соли гузашта кормандони онҳо тақаллубкории ин ширкатро, ки беш аз ҳазор тонна бензини навъи 80-ро бо тамғаи 92 дар Кӯлоб мефурӯхт, ошкор карда буданд. Аз болои ин тақаллубкорӣ ба додситонӣ шикоят бурда мешавад ва додситонӣ намояндагии «Газпромнефт»-ро дар супурдани ҷарима вазифадор мекунад.

Аммо ҷаноби Сафаров мегӯяд, бо гузашти як сол, ин ширкат маблағи ҷаримаро насупурдааст: «Тақаллубкории онҳо ошкор шудааст. Ин факт аст. Ҳамааш санҷида шудааст ва ҳуҷҷат тартиб дода шудааст. Мо борҳо гуфтем, ки ҳамин ҷаримаро супоред, аммо онҳо насупурданд. Ҳоло ба суд муроҷиат кардем, суд худаш хулоса мебарорад.»

"ДАСТГОҲҲОИ "ТОҶИКСТАНДАРТ" КУҲНА ҲАСТАНД"

Ин дар ҳолест, ки дар сӯҳбатҳои қаблӣ, намояндагони ин ширкат санҷиши Оҷонсии "Тоҷикстандарт"-ро ношаффоф унвон мекарданд. Амрохон Одинаев, як масъули ин ширкат гуфта буд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба тақаллубкорӣ даст назадаанд, балки дастгоҳҳои ин ниҳод, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, дар шинохти бензин иштибоҳ кардааст: «Мо навъҳои бензинро дигар накардем. Ин бензини хуб буд, вале аз дигар навъҳои бензини 92 фарқ мекард. Ба ҳамин хотир дастгоҳҳои онҳо, ки куҳна ҳастанд, таркиби бензинро хуб муайян карда натавонистанд.»

Ин назари намояндагони «Газпромнефт» то ҳол тағйир наёфтааст ва адами пардохти ҷарима низ ба ҳамин вобастагӣ дорад.

ШИКОЯТИ РОНАНДАГОН АЗ СИФАТИ БЕНЗИН

Баҳси тағйир додани навъҳои бензин миёни Оҷонсии "Тоҷикстандарт" ва намояндагони «Газпромнефт» дар ҳолест, ки аксари ронандагони мошинҳои сабукрав аз сифати ҳама навъҳои бензин дар Кӯлоб шикоят мекунанд.

Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, аз шикояти ронандагон хулоса баровардан мумкин аст, ки воқеан бензинҳои воридшуда тоза нестанд: «Ин савдо ҳаст. Бензин аз Русия ба мо меояд ва албатта тоҷирон бояд ба ҳар роҳ манфиат бинанд. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳо даст ба тақаллуб бизананд. Агар худи онҳо накунанд, шояд зердастонашон чунин мекунанд. Агар бензин тоза бошад, пас чаро ронандагон шикоят мекунанд?.»

Феълан дар Кӯлоб нархи як литр бензин аз 6,80 сомонӣ то 7 сомонӣ  аст. Ширкати «Газпромнефт» аз бузургтарин ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон мебошад.

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi