10:01:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШОҲИД: ТАХРИБИ РОҲИ ОҲАН ДАР АМУЗАНГ ТЕРРОРИЗМ НЕСТ

 

Хабарнигори Евразиянет.орг аз қитъаи роҳи оҳани Амузанг боздид намуда, талош кардааст, то ҳақиқати ҳол рӯшан бишавад. "Роҳи оҳани Узбакистон ба асари ҳамлаи террористӣ тахриб нашудааст." Ин хулосаи хабарнигори торнамои Евразиянет.орг аст, ки аз ҷои воқеа боздид кардааст.

рохи оханӮ мегӯяд, худи роҳи оҳан аз таркиш ҳеҷ осеб надида, танҳо дар яке аз се сутуни чаҳор пояи пул, ки ҳар кадом сесутунӣ дорад, харошҳое ба назар мерасад, ки на дар асари таркиш, балки, ба гуфтаи кормандони роҳи оҳан, ба сабаби садамаи трактор ба сутун пайдо шудаанд. Дар як сӯи ин пул сарбозхона ва дар сӯи дигараш гузаргоҳи марзӣ мавҷуд буда, пул ҳамеша зери назар аст ва атрофи он дашт буда, ҷое барои пинҳон шудан надорад.

Яке аз мақомдорони давлатӣ дар Узбакистон ба хабарнигори Евразиянет.орг бо лабханд гуфтааст, ки “ин таркиш набуд. Аммо напурсед, ки ин чӣ буд. Ин сирри мост.” Хабарнигори Евразиянет.орг дар идома менависад, ба далели ин ки расонаҳои Узбакистон барои таҳқиқи мустақили ин ҳодиса ба Амузанг роҳ надоранд, мақомоти ин кишвар бо дили пур дар бораи "таркиш" дар ин минтақа хабар додаанд.

Муаллифи ин матлаб, ки моҳи декабри соли гузашта ба ин қитъаи роҳи оҳан рафтааст, мегӯяд, ки дар наздикии пули роҳи оҳан ба ҷуз кран, се-чаҳор контейнер ва маҳалли зисти коргарон чизи дигаре набуд. "Он рӯз коргарон кор намекарданд ва он ҷо тамоман беодам ба назар мерасид",-навиштааст ӯ.

Мақомоти Узбакистон 11 ноябри соли гузаштаи 2011 хабар доданд, ки бар асари ҳамлаи террористӣ пули роҳи оҳан дар қитъаи Амузанг тахриб шудааст ва биноан ҳаракати қаторҳо дар ин масир, ки ба самти Тоҷикистон меравад, қатъ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон борҳо пешниҳод дод, ки агар Узбакистон бихоҳад дар таъмиру тармими ин қитъаи роҳи оҳан барои ҳамсояаш кӯмак хоҳад кард. Вале ҳамчунон аз ҷониби Узбакистон посухи мусбате нарасидааст.

Ахиран мақомоти ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфтанд, бино бар иттилое, ки дарёфт кардаанд, Узбакистон ҳанӯз барои таъмири ин қитъаи роҳи оҳанаш шурӯъ накардааст. Агарчӣ ба гуфтаи онҳо даҳҳо қаторҳои ҳомили маводи ғизоӣ барои Тоҷикистон дар ин масир банд мондаааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi