08:37:10 04-уми Июни 2025 сол

ТОШКАНД ЛУЛАИ ГАЗРО БАРОИ ТОҶИКИСТОН ДУБОРА БОЗ КАРД

 

Интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон бештар ва нархи он камтар мешавад. Ба дунболи сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 5-уми январ ба имзо расид.

lulahoi gazНархи нави гази Узбакистон барои Тоҷикистон аз 311 доллар барои ҳазор метри мукааб то 285 доллар коҳиш ёфта, қарор аст, Тошканд дар соли 2012  ба Тоҷикистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад. Мояи чунин "гузаштҳо"-и Тошканд маълум нашудааст ва ин пешрафт дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки 4-уми январ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ карда буд.

Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, сабаби қатъи газро ба таъхир дар имзои қарордод миёни “Тоҷиктрансгаз” ва “Узтрансгаз” барои соли 2012 бастагӣ дод. Ба гуфтаи ӯ , рӯзи 22 декабри соли гузашта Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ба Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон дар ин бора номае фиристодааст. Азимов дар ҷавоб навиштааст, ки таъмини гази Узбакистон ба харидорони аслӣ, яъне ба Чину Русия ҳал нашудааст, бинобар ин “имзои қарордоди миёни Узбакистону Тоҷикистон дар ин бора аз имкон берун аст.”

Бино ба қарордоди соли 2011 Узбакистон мебоист ба Тоҷикистон 180 миллион метри муккааб газ медод, вале, дар маҷмӯъ, ин адад 160 миллион метри муккаабро ташкил додааст. Бахши умдаи ин газ дар корхонаи алюминийи тоҷик ё Талко, заводи семент ва қисман аз тарафи аҳолӣ масраф мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854