03:19:26 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХОНУМИ САНГАК САФАРОВ: "МОНЕД, ФАРЗАНДАМРО БУБИНАМ"

 

Давлатмоҳ Хоҷаева , ҳамсари Сангак Сафаров - собиқ раҳбари Фронти халқӣ мегӯяд, масъулoни маҳбаси №1-и Вазорати адлия дар Душанбе се моҳ боз расонидани ғизову кӯмак ба наздикони маҳбусашро манъ кардаанд.

Khonumi SangakИн хонум, ки ҳамроҳ бо ду духтар ва чанд хешованди маҳкумони ҳабси абад аз Кӯлоб ба Душанбе омада ва бо масъулони боздоштгоҳ мулоқот кардааст, гуфт, на аз маъмурони муассисаи ислоҳӣ, балки аз вакилони Маҷлиси Намояндагон норозист, ки қонунро тағйир додаанд. Давлатмоҳ Хоҷаева ва ҳамроҳонаш мегӯянд, ки пештар дар як моҳ то 6-7 бор ба наздикони худ дар маҳбас кӯмакҳои гуногун, аз қабили ғизову даво мерасониданд. Аммо акнун, пас аз тағйир ёфтани "Кодекси иҷрои ҷазо" дар як сол танҳо ду бор иҷоза доранд, ки ба наздикони маҳбуси худ кӯмак кунанд.

​​Бузургмеҳр Ёров, як тан аз вакилони дифоъ, ки ин гурӯҳи занонро ҳамроҳӣ мекард, низ мегӯяд, тағйири қонун иҷрои ҷазоро барои маҳбусони якумрӣ сангинтар кардааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, мебоист қонун баръакс хислати инсондӯстона мегирифт.

Аммо вакилони Маҷлиси Намояндагон мегӯянд, мушкил ба онҳо ва ислоҳи  қонунҳо марбут нест. Абдусаттор Холов, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд: "Тағйири қонун куллан вазнинӣ ё сабукие наовардааст. Қонун чӣ зеле ки пештар буд, ҳамон хел ҳаст, лекин дар иҷроиши баъзе масъалаҳо тағйир ворид шуд."

Дар ҳамин ҳол, Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев -- фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, яке дигар аз маҳбусони якумрӣ, ки бо ин занҳо ҳамроҳ буд, гуфт, бародари ӯ дар зиндон даст ба гуруснанишинӣ задааст. Аммо як нафар аз масъулони Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, ин хабарро такзиб намуд.

​​Додгоҳи олии Тоҷикистон дар се соли пеш Нурмуҳаммад Сафарови 22-сола, фарзанди Сангак Сафаровро якҷоя бо домодаш Сӯҳроб Лангариев ва 7 тани дигар бо ҷурми даст доштан дар мухолифати мусаллаҳона алайҳи давлат, қочоқи маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба ҳабси  якумрӣ маҳкум карда буд.

Дар зимн, моҳи гузашта (декабри соли 2011) бархе аз пайвандони маҳбусони фирорӣ аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ аз саломатии ин афрод дар маҳбас ба шиддат нигарон шуданд. Онҳо мегӯянд, дар натиҷаи сарусадоҳо дар расонаҳои ҳамагонӣ тавонистанд ба дидори наздикони зиндонии худ бирасанд.

Ҳамсари Сангак Сафаров ва ҳамроҳонаш низ бо рӯ овардан ба расонаҳо умед доранд, ки бо наздикони маҳбуси худ дидору мулоқот анҷом диҳанд.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi