ТОШКАНД ХАРҶИ РОҲИ ОҲАНРО БАРОИ ТОҶИКИСТОН ЗИЁД КАРД
“Роҳи оҳани Узбакистон” сар аз соли нав тарофаҳои боркашонӣ барои Тоҷикистонро 32 дарсад боло бурд. Агар дар соли 2011 як тонна маводи сӯхти транзитӣ дар қаламрави Узбакистон 166,9 долларро ташкил медод, ҳоло ба 197,8 доллар расидааст.
Масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯянд, табъан ин афзоиш ба баланд шудани нархҳо дар Тоҷикистон сабаб мегардад, аммо барои ҷилавгирӣ аз ин афзоиш ширкат тасмим гирифтааст, фоизи замшударо аз ҳисоби худ пӯшонад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", боло бурдани қимати тарофаҳои боркашонӣ аз сӯи Тошканд ба афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва маводи сӯхт дар кишвар бетаъсир нахоҳад монд.
Аммо раҳбарияти "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дақиқ нагуфтанд, ки ин маблағҳоро аз кадом ҳисоб ва чӣ гуна пардохт хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки борҳо гуфта шудааст, ширкати воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз буҷа қарздор аст ва ҳамчунин бар асари қатъи ҳаракат дар қитъаи Амузанг зарари молӣ мебинад.
Муовини раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Усмон Қаландаров дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, тарафи Тоҷикистон аз Узбакистон хостааст, ки тарофаҳо кам карда шавад, вале Тошканд посухи мусбат надодааст.
Афзоиши қимати тарофаҳои боркашонӣ аз сӯи Узбакистон дар ҳоле рӯй медиҳад, ки ҳанӯз қитъаи Амузанг-Ғалаба боз нашудааст. Муовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯяд, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, ҷониби Узбакистон ҳанӯз ба таъмири ин роҳ оғоз накардааст. Роҳе, ки Узбакистон даъво дорад, дар пайи як ҳамлаи "террористӣ" вайрон шуда, ба таъмир ниёз дорад.
Бино ба гуфтаи масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", намояндаҳои "Узбакистон темир йулларӣ" ба онҳо гуфтаанд, ки агар Кумитаи амнияти миллии Узбакистон иҷоза диҳад, дар як шабонарӯз қитъаи роҳи оҳани Амузангро таъмир хоҳанд кард. Вале Кумитаи амнияти миллии Узбакистон дар ин замина ҳанӯз ризоияти худро надодааст.
«Озодӣ»