07:52:40 04-уми Июни 2025 сол

ИСЛОМОБОД. ҲАНӮЗ ҲАМ БА УМЕДИ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Давлати Тоҷикистон мехоҳад, ки барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар Покистон кӯмак намояд. Ин нуктаро Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод дар гуфтугӯ бо Фаҳмида Мирзо, раиси Маҷмаи Миллии Покистон баён доштааст.

/images/stories/2012/01/03_safiri-tojik_pakistan_2012.jpgХонум Фаҳмида Мирзо дар навбати худ гуфтааст, ки Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва динӣ доранд ва Исломобод дар муносиботи худ бо Душанбе аҳамияти зиёд қоил аст. Ӯ хостори густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва равобити бештари порлумонӣ шудааст. Изҳороти сафири Тоҷикистон дар мавриди кӯмак барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар Покистон дар ҳолест, ки худи кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон ба барқи бештар ниёз дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон танҳо дар сурати сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" метавонад ба Покистону Афғонистон барқи бештар интиқол диҳад. Дар ҳоле, ки сарнавишти ин нерӯгоҳи азим норӯшан боқӣ монда ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ низ ташхиси ниҳоии тарҳи "Роғун"-ро то ҳол эълон накардаанд.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон барои бунёди тарҳи хатти баландшиддати CASA 1000, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, талош мекунад.

Гуфта мешавад, барои иҷрои ин тарҳ беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ низ гуфт, ки масъалаи ироаи 200 миллион доллар қарзи боимтиёз ба манзури иҷрои тарҳи CАSА-1000-ро баррасӣ мекунад.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Порлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишномаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар бораи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб карда буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854