08:07:27 04-уми Июни 2025 сол

РЕКЛАМА. ШЕВАИ ДИГАРИ МУБОРИЗА БО ФАСОД.

Дар кӯчаҳои Душанбе таблоҳои таблиғотие насб шудаанд, ки шаҳрвандонро ба даст кашидан аз ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ даъват мекунанд. Таблоҳои таблиғотӣ дар назди донишгоҳҳои кишвар насб шудаанд, ки бинобар баҳои Ожонсии зидди фасод, мавридҳои фасодкорӣ дар онҳо мушоҳида шудааст.

/images/stories/2012/01/01_rishva_pora_2012.jpgДар яке аз тахтаҳои рекламаи хиёбонӣ, акси нафаре тасвир шудааст, ки қабзаи пулро ҳамчун ришва ба нафари дигар дароз кардааст ва нафари дуввум аз гирифтани пул худдорӣ мекунад. Ба иттилои Бахши танзими рекламаи пойтахт, ба ин мазмун таблоҳо дар се нуқтаи шаҳр, аслан дар наздикии донишгоҳҳои олии пойтахт, ки умдатан донишҷуёну устодон аз паҳлӯи он убур мекунанд, насб шудаанд.

Сафарбек Солиев, масъули бахши равобити хориҷии  Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, ки тахтаҳои таблиғотӣ бо даъвати даст кашидан аз ришваситониро барномаи рушди СММ якҷо бо Ожонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ба роҳ мондаанд:

«Ин як бахши маъракаи мо алайҳи ришватситонӣ дар оғоз аз муасисаҳои то мактабӣ ва мактабу омӯзишгоҳҳо то донишгоҳҳои олии Тоҷикистон мебошад. Агар ба Фейсбук ворид шавед ва ба сомонаи Юндп дохил шавед, чандин аз ин гуна рекламаҳову варақаҳои таблиғотиро мебинед. Албата таъсири ин рекламаҳоро мо мушоҳида кардаем. Дар таблоҳои бузурги мо албатта гуфта шудааст, ки додани маблағ, яъне ришва мумкин нест. Ва дигар намудҳои реклама дар варақаҳову прессрелизҳоро ба шаклҳои мухталиф таҳия намуда ба мактабу омӯзишгоҳҳо тақсим кардем. Мо рекламаҳои зидди коррупсионии видеоӣ ҳам дорем.»

Насб шудани рекламаи зидди ришватситонӣ дар рӯзҳое рост омадааст, ки дар ҳама донишгоҳҳои олии Тоҷикистон давраи санҷишу имтиҳоноти зимистонаи донишҷуён ҷараён дорад. Баъзе донишҷӯён ҳангоми сӯҳбат бо мо мавридҳои ришваситонии устодонро таъйид карданд ва гуфтанд, ки бо вуҷуди камбизоат будани аксари донишҷӯён, баъзе устодон аз 30 то 100 сомонӣ талаб мекунанд.

Як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки худро Абубакр Муллоев муаррифӣ кард гуфт, ки мо ин рекламаро ҳар субҳ вақте ба донишгоҳ воқеъ дар канори дарёи Душанбе меравем, мебинем: «Бале ин реклама дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар канори роҳ ба тарафи Донишгоҳ гузошта шудааст ва ман бо ҳамкурсонам онро мебинем. Бовар дорам, ки устодони мо ҳам онро мебинанд. Ҳоло мо дар давраи имтиҳоноту санҷиш қарор дорем, шояд муаллимон бардоште кунанд. Дар ҳақиқат баъзе муаллимон, албатта на ҳамаи онҳо, барои санҷиш "ставка"-и алоҳида ва барои имтиҳонот "ставка"-и алоҳида доранд. Вақте, ки вазири маъориф бо мо мулоқот карда буд, мо чандин суол дар робита ба ин масъала дода будем.»

Агар як даҳсола қабл масъулони вазорати маориф ришватситонии устодон дар донишгоҳҳоро эътироф намекарданд, ҳоло вуҷуди ин масъаларо пинҳон намедоранд. Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов  зимни суҳбатҳои худ дар донишгоҳҳо баъзе аз муаллимонро ба таври ошкоро сарзаниш кардааст. Аммо ба гуфтаи донишҷӯён, то ҳол дар ин самт беҳбудӣ ба назар намерасад ва ришвадиҳиву ришваситонӣ ҳамоно мушоҳида мешавад.

Вазири маориф ба ин бовар аст, ки танҳо вазорат наметавонад аз ришвахорӣ ҷилавгирӣ кунад ва падару модари донишҷӯён низ бояд дар ин маърака нақши боризтар дошта бошанд. Дастандаркорони таблиғоти зидди фасод дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки дар ниҳояти амр ин таблоҳо ба зеҳни мардум ва кам шудани фасодкорӣ таъсир мегузоранд.

Сардори Бахши танзими рекламаҳои пойтахт Раҷабалӣ Миралиев мегӯяд, ниҳоде ки таъсири рекламаҳо ба зеҳни мардум ва аҳамияти онҳоро монитор кунад, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо теъдоди зангҳои телефонӣ ва номаҳое, ки ин ширкат аз шаҳрвандон дарёфт кардааст, далели он аст, ки мардум аз афзоиши шумори рекламаҳои зидди ришватситонӣ ва ташвиқи фарҳанги орӣ аз фасод розӣ ҳастанд.

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854