00:33:59 01-уми Июли 2025 сол

БАРҚИ ТОҶИК: "ДАР СОЛИ НАВ ЛИМИТ БЕКОР МЕШАВАД"

Мардуми сартосари Тоҷикистон Соли нави мелодиро дар рӯшноӣ истиқбол хоҳанд кард. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар рӯзи 31-уми декабр ва нахустин рӯзи соли 2012, маҳдудияти барқрасонӣ ба мардуми Тоҷикистонро аз байн бубарад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир сатҳи оби обанбори Норак 898 метрро ташкил мекунад ва имкони барқрасонӣ вуҷуд дорад.

/images/stories/2011/12/28_barqitojik_281211.jpgБа гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир ҷараёни об дар рӯдхонаи Вахш дар як сония 210 метри мукаабро ташкил мекунад. Пештар гуфта мешуд, лағви реҷа барои муддати кӯтоҳ ва аз ҳисоби барқе сурат хоҳад гирифт, ки ба ширкати алюмини тоҷик -- Талко дода мешуд. Аммо шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки реҷаи барқ имсол хориҷ аз ҳама гуна тартибу танзим аст ва дар аксари минтақаҳо барқ ба таври ногаҳонӣ дода ва ҳамон гуна ногаҳонӣ, умдатан пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли ҷорӣ маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ карда буд ва тибқи ин реҷа, дар русто ва ноҳияҳои кишвар аз 6 то 10 соат дар шабонарӯз барқ дода мешуд. Ва танҳо дар пойтахт маҳдудияти барқрасонӣ роҳандозӣ нашудааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоле, ки ширкати "Барқи тоҷик" имкон дорад тӯли ду рӯз маҳдудияти барқрасониро лағв кунад, дар он сурат инмкон дорад, умуман маҳдудияти барқро ҷорӣ накунад. Зеро ба гуфтаи мақомоти ширкати "Барқи тоҷик", барқ мол нест, ки дар анбор нигоҳ дошта ва дар мавриди зарурӣ ба фурӯш бароварда шавад.

Ба гуфтаи коршиносон, масъалаи барқрасонӣ соли гузашта беҳтар аз имсол буд. Бо вуҷуди он, ки имсол нахустин агрегати нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" мавриди истифода қарор гирифт ва ба гуфтаи мақомот, дар соли ҷорӣ беш аз 25 нерӯгоҳи хурд мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи намояндагони ширкати "Барқи тоҷик", дар ҳоли ҳозир дар шабонарӯз 51 миллион киловатт-соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон тавлид мешавад. Ба шумориши коршиносон, агар он қочоқ нашавад, барои истифодаи шабонарӯзии мардуми Тоҷикистон кофӣ хоҳад буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ