14:18:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТЕЪДОДИ УМУМИИ БЕКОРОНРО КАСЕ НОМБАР КАРДАН НАМЕХОҲАД

Дар ҷумҳурӣ касе теъдоди умумии бекоронро номбар кардан намехоҳад. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои як манбаи ғайрирасмӣ беш аз як миллион нафар шаҳрвандони қобили меҳнати ҷумҳурӣ барои мардикорӣ ба Федератсияи Русия рафтаанд. Асосан мардуми рустоҳои дур  муздуриро дар хориҷи кишвар пешаи худ интихоб кардаанд. Коршиносон иллати инро дар рӯзгори сангин мебинанд.

/images/stories/2011/12/26_mardikorho_20111111.jpgСаноати фурӯррафта ва хоҷагиҳои кишоварзии касоду фасодшуда ва бар асари ин бекор ва бе манбаи даромад мондани мардум иллати асосии рӯзгори вазнин гаштаанд. Масалан дар шаҳри Кӯлоб аз 23 корхонаи саноатии дар даврони Шӯравӣ фаъол, имрӯз ҳамагӣ 19 ададаш фаъолияти ногустарда дорад. Корхонаеро тақрибан дучор омадан номумкин аст, ки дастикам бо 10 фисади иқтидори аслиаш маҳсулот истеҳсол карда тавониста бошад.

Масъулин бошанд ҳамвора аз ташкили садҳо адад ҷойҳои корӣ ҳисобот медиҳанд. Дар муассисаи шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб ба саволи мо дар мавриди теъдоди умумии мардумони бе ҷойи кор монда сарвари бахш Маърифат Каримова аз рӯйи одати кӯҳан ҷавоб додан нахост. Дар ҳисоботҳои раиси ҳукумати шаҳр низ мо чунин маълумотро дучор наомадем.

Амирхон Икромов, раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод бошад дар як сӯҳбат гуфта буд дар тамоми ноҳия ягон нафар бе ҷойи кор намондааст. Ҳама ба корҳои хоҷагии шахсиаш андармон аст. Ин дар ҳоле, ки дар ноҳия ягон корхонаи саноатӣ мавҷуд нест. Дар навоҳии Мӯъминобод, Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг низ ба ҷуз 1 кони тиллои Ховалинг ва кони нафти Балҷувон дигар ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки ин навоҳии кӯҳӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 300 000 аҳолӣ доранд. Супориши ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди минтақаи туризм эълом шудани ин рустоҳо низ то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор низ чун дигарон аз ташкили бозорҳо ё ба истилоҳ ярмаркаҳои ҷойҳои нави корӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани бекорон сухан гуфта, боз ҳам теъдоди умумии бекоронро номбар кардан нахост. Ӯ мегӯяд: «Тӯли имсол аз ҳисоби ташкили ҷойҳои нави корӣ беш аз 3 000 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Он ҳам аз ҳисоби таъсиси хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ».

Гӯё тамоми мардуми қобили меҳнат дар минтақа, ки беш аз 1миллион аҳолӣ дорад, машғули кишоварзӣ ҳастанд, аммо барои фурӯш дар хориҷи минтақа ба ҷуз ҳудуди 100 000 тонна пахта чизе дигар пешниҳод карда наметавонанд. Балки аксари мардони қобили меҳнати ба Руссия нарафта, барои дарёфти қути лоямут дар гӯшаи бозор даст ба савдогарӣ задаанд. Ин дар ҳоле, ки супориши ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди бунёди боғҳои нав босуръат ба иҷро расида истодаасту маълум аст баъди 5-10 сол ин боғҳо ба самар меоянд.

Бе таъсиси сехҳои хурди коркарди меваҷот ин ҳосили фаровон барбод меравад ва дигарбора мардум дилхунук шуда, даст ба нобуд кардани боғҳо мезананд. Қарзҳои миёншикани бонкҳо бошад имкони сохтмони сехҳои саноатиро надода истодаанд. Масалан соҳибкор Мурод, ки ба таъмири мошинҳо машғул аст мегӯяд фоизҳои қарзи аз бонки «Финка»-и шаҳри Кӯлоб гирифтааш фаъолияти ӯро анқариб ба муфлисӣ  расонидааст. 

Дар ин миён қисмати аъзами мардум дар муассисоти фарҳанг, маориф ва тандурустӣ фаолият доранд ва маоше дарёфт мекунанд, ки барои дастикам як ҳафтаи рӯзгузаронии аҳли байташон басанда нест.

Зимистони хунуки имсола ва камбуди маводи сӯхт ва барқ ба мушкили бекорӣ мушкили дигар зам кардааст. Дар чунин вазъият хуб мешуд ҳукумати ҷумҳурӣ тӯли зимистон аз раҳандозии фаъолиятҳои дуюмдараҷаи серхарҷ даст кашида, бештар ба некӯаҳволии мардум таваҷҷӯҳ зоҳир мекард.

Молик аз Кӯлоб барои «Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi