05:57:59 01-уми Июли 2025 сол

АЗ ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ОЯНДАИ ДИРАФШИ МИЛЛӢ

Аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии мо «Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихии Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти ақвоми эронӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст, то дар ҳуҷуми араб ба дасти онон афтод ва нобуд шуд.

/images/stories/2011/12/02_dirafsh_11211.jpgАгарчи ибтидои зуҳури он ба ибороти имрӯзӣ «асотирӣ»-ст, вале мавҷудияташ дар имтидоди давраи Ҳахоманишиён то ба соли 632 комилан собитшуда аст. Яъне заррае ҷои шакку тардид нест, ки тӯли 1200 соли воқеъии маълум – яъне то зуҳури ислом – муқаддастарин дирафши давлатдории аҷдоди мо будааст.

Таърихи асотириаш ба иттифоқи кулли сарчашмаҳои маълум чунон аст, ки пас аз он ки Коваи Оҳангар пешбанди чармини худро дирафш сохт ва дар таҳти он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим шӯронид ва пирӯз шуд, дирафши мазбур ҳамчун рамзи пирӯзии миллӣ бар ҳокимони аҷнабӣ миёни қавмҳои ориёӣ муқаддас дониста шуд.

Дар он ҳангом мардумони шӯрида Фаридунро бар тахти Эрон нишониданд ва ин дирафшро ҳамчун дирафши хоссаи шоҳ бад-ӯ бахшиданд, ки баъд аз ин ҳар шоҳе, ки бар тахт менишаст, дирафши мазкур ба ихтиёри ӯ дода мешуд.

Аз навиштаҳои кулли таърихномаҳо – билхусус аз Таърихи Табарӣ – бармеояд, ки Фаридун баъд аз 20 соле, ки ҳамроҳ бо Кова буд ва Кова бимурд, тамоми дороии Коваро ба фарзандони ӯ бахшид, аммо ин дирафшашро дар хазинаи давлат ҳамчун фоли нек нигоҳ медошт ва ба ҳар ҳарбе, ки мерафт онро мекушод ва бо худ мебурд, то зафар меёфт.

Ибни Асир менависад, ки  мардум ба даст овардани пирӯзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фол нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Ковиён» меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд магар дар корҳои бисёр бузург ва онро барнамеафроштанд магар… ҳангоме, ки бо пешомадҳои азим рӯ ба рӯ мешуданд».

Аз ин буд, ки – менависад Табарӣ – минбаъд ҳар подшоҳе, ки бар тахти давлати эрониён менишаст, ин дирафшро бо худ медошт ва ҳар подшоҳе аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пӯст дар миёни он гавҳарҳо нопадид шуд. Пас онро «Дирафши Ковиён» ном карданд. Ва маънии «дирафш» дар паҳлавӣ алам (ливо) буд ва эрониён чизи ларзанда ва рахшандаи тобонро «дирафшон» мегуфтанд ва ҳам ҳар гоҳ, ки онро мекушоданд ба воситаи дурру гавҳарҳое, ки дошт дирафшон, яъне рахшандаи тобон мешуд, аз ин рӯ ин калима маъруф ва минбаъд ҳар дирафше, ки меафроштанд, маҳз бо ҳамин номи «дирафш» маъмул шуд.

Дар чигунагии шаклу таркиби ин дирафш то ба имрӯз ахбори мухталиф расидааст; баъзе бар онанд, ки чармпорае будааст аз пӯсти шер ё паланг ё хирс, ки онро қаблан Кова ҳамчун пешбанди кории хеш истифода мекардааст ва баъд аз он, ки ба «дараҷа»-и дирафшӣ расид, онро суфтатар ва ба шакле зеботар, ки ба алам монанд буда бошад, карданд. Ба қавли соҳиби «Бурҳони қотеъ» «ҳакиме будааст дар улуми тилисмот бағоят моҳир, ки шакли сад дар саде бар он нақш карда буд. Ва баъзе гӯянд шакле аз сӯхтагиҳои оташ дар он чарм ба ҳам расида буд, ки ин хосият дошт, яъне дар ҳар ҷанг, ки он ҳамроҳ буд, албатта фатҳ мешуд».

Дар андозаи дирафш низ ақидаи ягона нест. Асосан онро аз пешбанде беш ва албатта аз пӯсти як ҳайвон ҳам бештар надонистаанд. Аммо дар Таърихи Табарӣ менависад, ки «ин алам аз пӯсти паланг буд ва ба арз ҳашт зироъ ва ба тӯл дувоздаҳ зироъ», яъне тақрибан чор метр бар шаш метр. Аммо маълум нест, ки Табарӣ дирафши кадом аҳдро дар назар дорад; аҳди Ҳахоманишиён ё Сосониёнро? Дар ҳар сурат агар ин гуфтаро ҳақиқате бошад, пас онро баъдан аз якчанд пӯсти ороишдодашудаи палангӣ устокорона нусхабардорӣ карда ва бузургтару пурҳайбаттар сохта будаанд.

Аммо дар Луғатномаҳои Деҳхудо ва Муъин инро низ овардаанд, ки дирафши мазбур иборат буда аз як қитъаи чармпораи чоргӯшае, ки бар болои як найза насб шуда ва нӯки найза аз пушти он аз тарафи боло пайдо буда ва бар рӯи чарм, ки зебдодашуда ба ҳариру гавҳар буда, шакли як ситорае буда, мураккаб аз чаҳор пара ва дар маркази он доираи кӯчаке ва ҳамчунин дар болои он низ доираи кӯчаке, ки қариб ба яқин ҳамон аст, ки Фирдавсӣ аз он ба «Ахтари Ковиёнӣ» таъбир мекунад. Ва аз тарафи таҳтонии чарм чаҳор реша ба рангҳои мухталифи сурху зард ва бунафш овехта буда ва нӯки ин решаҳо ба ҷавоҳирот зеб дода шуда будааст.

Хушбахтона, то ба имрӯз ду намунаи аксӣ аз дирафши қадими эрониён боқӣ мондааст, ки аксари донишмандон онро Дирафши Ковиёнӣ донистаанд. Тафсили ин чунон аст, ки бостоншиносон дар соли 1831 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ қисматҳое аз шаҳри дар соли 79 милодӣ зери вулқонмондаи Помпеи Итолиёро падид оварданд, ки дар он миён тасвири рангаи зебое дар тахтасанге ба даст омад. Хотамкории мазбур мутаъаллиқ ба асри дуюми қабл аз милод аст. Ин хотамкорӣ иборат аз тасвири саҳнаи ҷангие буд, ки дар соли 323 қабл аз милод миёни Искандар ва Дорои Сеюм ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар ин акс Доро дар болои аробаи ҷангӣ дар миёни лашкариёнаш ва дар ақиби ӯ саворе дирафше дар даст наққошӣ шудааст, ки мутаассифона, ба ҳамин қисмати хотамкорӣ шикасте ворид омадааст, ки бад-он восита дуруст санги дирафш ҳувайдо нест. Вале бо вуҷуди ин қисмати болоии худи дирафш ва нӯки найзае, ки дирафш бад-он васл аст ва ҳамчунин қисмате аз решаҳое, ки барои зинати дирафш овехта буданд, ба хубӣ намоён аст.

Намунаи дигар дар тангаҳои подшоҳони мулукутавоифии Эрон (аз замони барҳам хӯрдани давлати Ҳахоманишиён то ба замони Ашкониён), ки аслан эрониюласл будаанд, мушоҳада мешавад, ки айнан ба хотамкории Помпей монанданд ва илова бар ин ҷойҳои харобшудаи дар помпейбуда дар ин сиккаҳо барҷаста намудоранд.

Донишмандон аз монандии ин се маъхаз, яъне хотамкории Помпей ва сиккаҳои ҷонишинони Искандар дар Эронзамин ва васфи Шоҳнома дар хусуси Дирафши Ковиёнӣ, ки аз манобеъи бисёр қадим дар даст аст, имрӯз тақрибан дуруст шакли Дирафши Ковиёниро барқарор кардаанд.

Кулли муҳаққиқин бад-ин натиҷа расидаанд, ки дар давоми бештар аз 4000 соли маълуми таърихи дирафшҳо, ки аввалини онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд ва онҳо дар ходачӯбҳо аксҳои «худо»-ён ва ё нишони вилоёту лашкари худро бардошта бо тантана роҳ мерафтанд, аввалин бор дар ҷаҳон қавмҳои ориёӣ дирафши давлатиеро ба миён оварданд, ки ба штандартҳои имрӯза монанд буданд. Яъне боз ҳам бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо дар ин самт низ аз асосгузорони боэътимоди дирафшҳои шоҳию давлатӣ дар оламанд, ки то ба имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ монда ва амал мекунанд.

Агарчи аҷдоди мо ин дирафши аввалини худро дар ҳамосаҳои миллии хеш ҳамчун «Дирафши Коваи Оҳангар» муаррифӣ кардаанд, вале дар асл, бештар – балки кулли муаррихину муҳаққиқин – онро дирафши Ковиён ё Кобиён ё Каёниён, яъне дирафши подшоҳони Каёнӣ ё Ковусиён муаррифӣ кардаанд, ки дар ҳар ду сурат ҳам, маънии он дуруст аст. Яъне ин ки дар аввал: дирафши Коваи Оҳангар буд ва минбаъд: дирафши подшоҳони каёнӣ шуд, яъне дирафши давлатии хонадони Каёниён, ки баъдан ба дасти Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён гузашт, то ба он ҳангоме, ки дар ҷанги Қодисия, пас аз шикаст хӯрдани лашкари Сосониён, он дирафш ба дасти арабҳо афтод. Ба ибораи дигар ин дирафши давлатӣ-миллии аҷдодии мо буд, ки бо барҳам хӯрдани охирин давлати бузурги қаблазисломии мо аз миён рафт.

Дар ҷанги Қодисия ба дасти арабҳо афтодан ва тақдири минбаъдаи онро дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳама – аз ҷумла Табарӣ – ба ин мазмун навиштаанд, ки пас аз он, ки сарлашкари эрониён – Рустам дар он ҷанг шикаста шуд ва хазинаи сипоҳ ба дасти арабҳо афтод, «мусулмонон хазина ба ғорат карданд ва он дирафшро пеши Умар ибни Хаттоб бурданд», Умар фармон дод, то он гавҳарҳои рахшон, ки подшоҳони эронӣ аз замони Фаридун то Яздигурд, яъне дар имтидоди қариб ду ҳазор сол аз даврони ҳукмронии худ ҳар кадом ба ёдгор дар он насб карда буданд, ҳамаро «бикушоданд ва он пӯстро ночиз карданд ва бисӯхтанд». Ба ибораи дигар ин дирафши миллии мо, ки натанҳо рамзи хонадонҳои қадими ҳукуматгари мо, балки рамзи озодию мустақилияти давлатдории мардумони мо ва боиси ифтихори баланди аҷдодон будааст, барои ҳамешагӣ аз миён бурда шуд.

Хушбахтона, пас аз он ки мо ба истиқлоли миллии худ расидем ва ба ин восита худшиносии миллиамон боз ҳам боло гирифт, акнун дарёфтем, ки ин дирафши аҷдодӣ то ба кадом ҳад барои мо азизу арҷманд будааст. Бад-ин хотир буд, ки дар соли 2006 ин дирафшро пас аз 13 асри нобуд карда шуданаш бори дигар ба сари тахти ҳукумати миллии тоҷик барафроштем, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатдории чандинҳазорсолаи аҷдоди тоҷикон дар «Дирафши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунъакис аст.

Дар радифи мутамаддини қадимӣ будан, пешгом будан дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ дар замони қадим ва асрҳои миёна, аввалин созандагони давлатҳои абарқудрат будан дар ҷаҳон чи дар замони ислом ва чи қабл аз он, сохтори давлатдориро дар ҳама гуна замон ва дар ҳама давлатҳои худию бегона дар ихтиёри фарзандони худ доштан ё зери нуфузи тамаддуну фарҳанги аҷдодии худ қарор додани ғосибони бегона ва амсоли ин – моро аз ин дирафш низ ифтихори азим аст!

Балки ин ифтихор бештар аз ҳама ифтихороти дигари мост, зеро таҳти ин дирафш аҷдоди ин миллати арҷманд садҳо, балки ҳазорҳо сол саф кашида аз ватану миллат, аз озодию номус, аз дину фарҳанг, аз марзу буми поки падарони худ дарёҳои хун рехтаву ҳимоят кардааст! Яъне ин дирафш барои мо як порчаи одӣ нест, дар он рамзи кулли давлатҳои таърихии миллати мо дарҷ аст, арҷ гузоштан ба он арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои хурду бузурги ин миллат аз ибтидои таърих то ба имрӯз аст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ