18:48:53 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ВИЧ-СПИД-РО КӢ БА КӮЛОБ БА «АРМУҒОН» ОВАРДААСТ?

Соли 2003 нахустин нафари гирифтори бемории СПИД дар минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шуд. Аз ҳамон рӯз инҷониб мубориза алайҳи ин беморӣ оғоз шудааст. Саид Туманов сардухтури маркази мубориза алайҳи бемории СПИД дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд то ба имрӯз теъдоди гирифторони бемории СПИД ба 377 нафар расидааст.

/images/stories/2011/11/30_vich-spid-301111.jpgАммо мегӯянд дар асл теъдоди беморон ба даҳ баробари ин рақам мерасад. Асосан ин бемории хавфнок ва кушанда тавассути мардикорони тоҷик аз Русия ба кишвари мо омадааст. Агар чунин аст, пас кас намедонад даромади гирифтаи мардикорони тоҷик аз Русия бештар аст ё хароҷот барои муолиҷаи беморон ва таҳдид ба генофонди миллӣ?

Паҳншавиаш бошад асосан тазриқӣ, ё ба ибораи дигар бо роҳи истифодабарии як сӯзандорӯ аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони нашъаманд сурат мегирад. Мвриди бо роҳи алоқаи ҷинсии бемуҳофиза аз як шахс ба шахси дигар гузаштан камтар ба мушоҳидарасидааст.

Аз рӯзи ба қайд гирифтани ин беморӣ ташкилотҳои гуногуни хориҷӣ, ғолибан амрикоӣ, дар сартосари минтақа кушода шудаанд ва гӯё баҳри муолиҷа ва пешгирии ин бемории сироятӣ талош меварзанд. Ба беморон сӯзандорӯйи ройгон ва рифола тақсим мекунанд. Лекин ҳақиқат аст, ки на касе аз ин беморӣ табобат меёбад ва на теъдоди беморон кам мешавад.

Баъзеи ин ташкилот то як соли қабл семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯйи алоқаи ҷинсии дуруст ва истифодаи рифола дар мактабҳои миёна низ баргузор мекарданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки хонандагони ноболиғ ҳатто мавзӯйи семинарро сарфаҳм намерафтанд. Бо талошҳои намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ин гуна машғулиятҳо дигар дар мактабҳои миёна гузаронида намешаванд, аммо дар дигар муассисот то ҳанӯз дар ҷараёнанд.

Фаъолтарин ташкилоти ғайриҳукуматии мубориз алайҳи бемории Вич-СПИД дар минтақаи Кӯлоб «Судманд» унвон дорад, ки тӯли беш аз 10 соли ахир дар шаҳри Кӯлоб тавассути маблағгузории ташкилотҳои хориҷӣ фаъолият дорад.

Толиб Сайдалиев сарвари ташкилот иттилоъ медиҳад: «Ташкилоти ҷамъиятии «Судманд» яке аз аввалин ташкилотест, ки ҳанӯз соли 2003, ҳангоми ба қайд гирифтани аввалин бемории СПИД дар самти пешгирии ин бемории хавфнок ба фаъолият пардохтааст. То ба ин замон ҷавонони зиёде аз ташкилоти мо кумакҳои башардӯстона ва маслиҳатҳои муфид гирифтаанд.

Аммо як мутахассиси соҳаи тиб, ки солиёни зиёд бо ин беморӣ сари кор доштааст ва нахост номашро зикр бикунем, мегӯяд бемории СПИД эҷоди масъулини ҳаракати саҳюнистии ҷаҳон ва ғолибан кишвари Амрикост, ки тавассути паҳнсозии ин беморӣ дар минтақа дар қиболи рақибаш Русия мехоҳад бар нуфузи худ биафзояд.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi