ВОКУНИШИ ВАЗОРАТИ БЕҲДОШТ БА БАЁНИЯИ ОНИШЕНКО РОҶЕЪ БА МУҲОҶИРОН
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон баёнияи ахири Генадий Онишенко дар бораи манъи пазириши муҳоҷирон аз ин кишвар ба сабаби бемориҳои мусриро “ҳайратовар” унвон кардааст.
Идораи беҳдории ин вазорат дар вокуниш ба суханони раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия як баёнияе содир карда ва дар он гуфтааст, ки “ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ба баҳонаи бемориҳо нақзи ҳуқуқи башар будааст."
Аз сӯйи дигар Самариддин Алиев, раиси идораи беҳдории Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, мутобиқи қонуни беҳдорӣ муассисае ки нишонаҳои бемориро дар муҳоҷир ташхис кардааст, бояд қабл аз ихроҷи вай вазорати беҳдоштро дар ин бора хабардор кунад.
Вале оқои Алиев афзудааст: “Дар ду соли ахир Вазорати тандурустии Тоҷикистон танҳо 11 ихтори фаврӣ дар бораи мубталоён ба бемории силро аз муассисаҳои беҳдоштии Русия дарёфт кардаанд.”
Ин дар ҳолест, ки солиёна ҳазорҳо муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. Вале раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия чанд рӯз қабл "ба далели ошкор шудани бемориҳои мусрӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик" мавзӯъи манъи истифода аз нерӯи кории муҳоҷирони тоҷик дар Русияро матраҳ кардааст.
Дар баёнияи вазорати беҳдошти Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бештари муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо вазъи саломати хуб ба Русия рафта, вале дар ҷараёни фаъолият дар он кишвар гирифтори бемориҳои мухталиф мешаванд.
Дар ин баёния бо ёдоварӣ аз тавофуқи кишварҳои узви созмони Уруосиё дар ҷалассаи охирин ин созмон дар шаҳри Бишкек, гуфта шудааст, ки ин санад кишварҳоро мувазаф мекунад, ки қабл аз интиқоли нерӯи корӣ ба кишвари хориҷӣ, шаҳрвандонашон аз ташхиси вижае гузаранд.
Аз ин рӯ, идораи беҳдории Вазорати беҳдошти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки муҳоҷирони корӣ қабл аз сафар ба хориҷ довталабона аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Дар баёния ҳамчунин чанде аз барномаҳои вазорат барои мубориза бо бемории сил ва вируси камбуди масунияти бадан дар Тоҷикистон ишора шуда ва фаъоляти кормандони арсаи беҳдошт дар ин заминаро муваффақиятомез тавсиф кардааст.
Вокуниши масъулони вазорати тандурустӣ баъд аз чаҳор рӯзи изҳороти Геннеадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия дар бораи имкони манъи истифода аз нерӯи кории тоҷикон дар Русия пахш мешавад.
Оқои Онишенко дар мусоҳиба “ИНТЕРФАКС"-и Русия ҳамчунин таъкид доштааст, ки “Имкон дорад то замони беҳбуди вазъи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон манъи комили истифода аз нерӯи кор аз Тоҷикистон дар Русия матраҳ шавад.”
Бисёре аз соҳибназарони тоҷик ин изҳоротро ба қазияи додгоҳии халабони Русия дар Тоҷикистон марбут медонанд. Ба гуфтаи онҳо натанҳо оқои Онишенко, балки сиёсатмадорони сершумори дигар низ дар расонаҳои русӣ дар пайи маҳкумияти халабони рус тавассути додгоҳе дар Тоҷикистон таҳдидҳоеро алайҳи ин кишвар ва шаҳрвандонаш матраҳ кардаанд.
Нишасти нахустини “Гурӯҳи дифоъ аз муҳоҷирони тоҷик”
Онҳо аз ин рафтори сиёсатмадорон ва мақомоти русӣ интиқод карда ва дар Тоҷикистон ҳатто "Гурӯҳи дифоъ аз муҳоҷирони тоҷик" низ таъсис ёфт. Рӯзи ҷумъаи 18-уми ноябр ин гурӯҳ нахустин нишасти худро баргузор карда ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро дар пайи ҳамчунин изҳорот "бӯҳронӣ" хонд.
Ин гурӯҳ, ки 14 ноябр ба ибтикори чанде аз хабарнигорон ва фарҳангиёни тоҷик созмон дода шуд, дар мизи гирди рӯзи ҷумъа мавзӯъи "осон кардани вазъяти ба амал омада ва чигунагии ҳимоят аз вазъи муҳоҷирони кори дар Русия" баррасӣ кард. Аз ҷумла Темур Варқӣ, хабарнигори тоҷик пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия давлат аз шароити ҳузури пойгоҳи низомии он кишвар дар Тоҷикистон истифода кунад.
Вай гуфт: "Давлати Русия дар ҷавоб барои имкони ҳузури 49 солаи пойгоҳаш дар ин кишвар бояд барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия имтиёзоте қоил шавад. Аз ҷумла шеваи сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар бояд осон карда шавад.”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни саршинос дар Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, зимни тақдир аз таъсис ва фаъоляти ин гурӯҳ гуфт, ки “фаъолиятҳои ин гурӯҳ бояд чунин тарҳрезӣ шавад, ки ба дӯстии ду халқи рус ва тоҷик ихлол ворид нашавад.”
Дар ҳамин ҳол бар асоси иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, вазири ин ниҳод дар мулоқот бо ҳамтои русаш дар Қазоқистон гуфтааст, ки қазияи халабонҳо таҳти назорати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштааст. Масъалаи аслии матруҳа дар ин мулоқот "тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни ин кишварҳо" унвон шудааст.
Би-Би-Си