ҲАВОШИНОСОНИ ТОҶИК: ЗИМИСТОНИ ИМСОЛ САРД МЕШАВАД
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон зимистони сард ва пурборишро пешгӯӣ кардааст. Масъулони ин марказ мегӯянд, ки меъёри мутавассити сардии ҳаво дар зимистони имсол тақрибан як баробар аз меъёри мутавассити сардии ҳаво дар соли гузашта поинтар хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки ахиран манобеъи пойгоҳи низомии Русия эълом карданд, ки воҳидҳои низомии ин пойгоҳи низомӣ барои сардии то 35 дараҷа дар ин кишвар омодагӣ мегиранд.
Ҷамила Байдуллоева, раиси Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 18 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки пешгӯии низомиёни рус то андозае дуруст аст, зеро онҳо дар ин замина аз манобеъи ҳавошиносии Русия истифода мекунанд ва идораи ҳавошиносии ин кишвар дорои таҷҳизоти бамаротиб беҳтар барои пешгӯии ҳаво дорад.
Хонуми Байдуллоева афзуд: “Ахиран ман якҷо бо ҳавошиносони рус пешгӯии вазъи ҳаво дар Тоҷикистон барои моҳҳои ноябр, декабр ва январро таҳия кардам. Натоиҷи ин пешгӯиҳо ҳокист, ки зимистони имсол сард ва пурбориш хоҳад буд.”
Вай шарҳ дод, ки меъёри дамои ҳаво дар зимистони сардиаш мутавассит барои Тоҷикистон 0-2 дараҷа маҳсуб мешавад ва мутавассити дамои ҳаво дар зимистони соли гузашта низ 0-2 дараҷа буд. Вале дар соли ҷорӣ ба гуфтаи вай ин меъёр якуним дараҷа поинтар рафта ва 0-3.5 -ро ташкил хоҳад дод. Хонум Байдуллоева гуфт: "Тибқи пешгӯиҳои муштарак, зимистони имсол сардтар аз солҳои қаблӣ мешавад, вале на ба гунаи соли 2008, ки дамои ҳаво дар Душанбе то 20 дараҷа сард шуда буд."
Раиси маркази ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки сардтарин зимистон дар ин кишвар дар соли 1964 мушоҳида шуда буд ва он замон ҳаво дар водиҳо то 24 дараҷа сард шуда буд. Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, имсол ҳарчанд зимистон сард хоҳад шуд, вале на ба гунаи зимистони соли 2008 ё 1964. Вале, ба гуфтаи вай, эҳтимол дорад мизони боришоти барфу борон дар зимистони соли ҷорӣ бамаротиб бештар аз меъёрҳои солҳои гузашта бошад.
Хонум Байдуллоева таъкид кард, ки н пешгӯиҳо дар робита ба вазъи ҳаво дар водиҳо ва шаҳри Душанбе марбут аст ва дар манотиқи кӯҳистонии кишвар мизони сарди ва боришот метавонад бештар бошад. Ин дар ҳолест, ки ахиран Дмитрий Матушкин, сухангӯйи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, эълом кард, ки пешгӯии ҳавошиносони низомии рус ҳокист, ки дар зимистони имсол сардии ҳаво дар маҳалли буду боши воҳидҳои низомии ин пойгоҳ, ки маъмулан дар Душанбе ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб воқеъ ҳастанд,
Оқои Матушкин гуфтааст, ки ба ин далел аз Русия ба Тоҷикистон миқдори зарурии равғани мошине, ки ба сардии сахт тобовар аст, ворид шудааст. Зимнан, ба гуфтаи коршиносон, сардии зимистони имсол дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ як моҳ пештар эҳсос шудааст. Ин хабарро манобеъи ширкати “Барқи тоҷик” низ таъйид карда ва мегӯянд, ки ин амр ба роҳандозии ҷирабандии ҳамасолаи қабл аз мавқеъ дар интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинони Тоҷикистон мунҷар шудааст.
Як манбаъ дар н ширкат, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки эҳтимол дорад бо сардтар шудани дамои ҳаво мизони интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон коҳиш биёбад. Зимнан, соли 2008 дар Тоҷикистон сардии бесобиқаи ҳаво дар фасли зимистон мушоҳида шуда буд. Дар пайи сардиҳо ва камбуди барқ аз фавти кӯдакони навзод дар зоишгоҳҳо гузориш шуда буд.
Би-Би-Си