09:30:31 05-уми Июни 2025 сол

ПОДОШИ ҶИНОЯТ – ҶАЗОСТ

Вақте ки Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа нисбати ду нафар сарнишин – Садовничий В.В. (шаҳрванди ФР) ва Руденко А. (шаҳрванди Эстония), ки ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ, ҳолатҳои қоидаҳои парвози байналмилалиро вайрон карда, бо роҳи рахна намудани сарҳади гумрукӣ қочоқи муҳаррики ҳавопайморо ба амал бароварда, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда буданд, ҳукми худро баровард, дар васоити ахбори омма “ҷанги иттилоотӣ” оғоз гардид.

/images/stories/2011/11/17_pravosudii_2012.jpgҚазияи мазкур дар расонаҳои хабарӣ бо чандин паҳлу тафсир ёфта, ҷонибҳои манфиатхоҳ як амали ҷиноиро ба баҳси сиёсӣ табдил доданӣ шуданд. Рӯзноманигорони ҳангомаҷӯ ҳамчун коршиносони сиёсӣ баромад карда, ҳодисаи мазкурро аз рӯи фаҳмишу тахайюлоти худ ба ҳар ҷонибе, ки хостанд, гардонида, баҳогузорӣ намуданд.

Маҷрои тӯфонии андешаву ақидаҳои ба ҳам зид шахсони ноогоҳро шояд зери суол қарор диҳад. Маҳз фаровонии маълумот оиди ҷинояти мазкур, баромадҳои ғаразноку хусуматомези қишрҳои гуногуни ҷомеаи Федератсияи Русия, ҳамчун ҳуқуқшинос водорам сохт, ки дар ин мавзӯъ аз нигоҳи ҳуқуқӣ каме равшанӣ андозам.

1.Ҳукми одилона ва башардӯстона

Аз рӯи маводҳои дастрасгардида чунин бар меояд, ки сарнишинони ҳавопаймоҳо Садовничий В.В. ва Руденко А., бо моддаҳои 218 («Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналмиллалӣ»), 289 қисми 3 банди «г» («Қочоқ бо роҳи рахна кардани сарҳади давлатӣ») ва 335 қисми 2 («Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ) айбдор дониста шудаанд.

Ҷиноятҳои содиршуда мутобиқи моддаи 18 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мансуб буда, Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо метавонад бо риояи қисми 3-и моддаи 67 КҶ ҶТ то 25 сол ҷазои аз озодиро маҳрум намуданро таъин намояд. Аммо, тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ҳукми суд ба ашхоси дар боло зикргардида, мӯҳлати 10 солу шаш моҳ ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтанро таъин кардааст. Ҳамзамон, бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», мӯҳлати ҷазо ду сол кам карда шуда, ба 8,5 солӣ расонида шудааст.

Дар нишасти матбуотии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 10 ноябри соли 2011 нисбати сарнишинони ҳавопаймоҳо гузаронида шуда буд, ӯ қайд кард, ки ин як ҷинояти муқаррарӣ буда, ягон паҳлуи сиёсӣ надорад. Инчунин, дар нишаст оиди муносибати башардӯстона зоҳир намудан нисбати 6 тан аз сарнишинони ин ду ҳавопаймо, аз ҷумлаи шаҳрвандони Русия, Белорус, Украин ва Қазоқистон буданд, зикр гардид, ки ба далели даст надоштан дар ҷурме аз боздоштгоҳ озод шуда ва ба кишварҳои худ бозгаштаанд.

Баъди баррасии маводҳои расонаҳои хабарӣ атрофи ин мавзӯъ, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳукми таъиншуда аз рӯйи принсипҳои адолат ба дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳкорон комилан мувофиқ мебошад. Ҳамчунин, принсипҳои инсондӯстӣ пурра риоя шудаанд, яъне ба ҷинояткор ҷазое таъин карда шудааст, ки барои ислоҳ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ мебошад.

2. Таркиби ҷиноятҳои содирнамудаи сарнишинон

Барои ҷиноят шуморидани ҳар кирдоре, бояд ки дар он таркиби ҷиноятӣ вуҷуд дошта бошад. Барои собит сохтани он, ки дар ҳаракатҳои Садовничий В.В. ва Руденко А. аломатҳои таркиби ҷиноятҳое, ки бо моддаҳои ба онҳо айб эълонкардашуда пешбини карда шудаанд, ҷой доранд, ё не, ҳар яки онҳоро ба таври мухтасар баррасӣ менамоем:

Моддаи 218 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

- объекти бевоситаи ҷинояти мазкур – ин бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёт мебошад;

- объекти ин ҷиноят риоя накардани қонун ва қоидаҳое мебошад, ки бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиётро танзим мекунад;

- субъекти ҷиноят ин шахси махсуси мукаллафе, ки синну солаш ба 16 расида аст ва мутобиқи фаъолияти кориаш ё вазифаи ишғолнамудааш ӯҳдадор аст, ки қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиётро риоя намояд.

- тарафи субъективии ҷиноят метавонад қасдан ва ё аз беэҳтиётӣ содир шуда бошад.

Моддаи 289 к.3б «г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

- объекти бевоситаи ҷинояти мазкур ин муҳаррики коршоями № 4 Л НАС-и ҳавопаймо мебошад;

- тарафи объективӣ – ин аз сарҳади гумруки ҶТ гузаронидани муҳаррики коршоями № 4Л НАС-и ҳавопаймо, бо роҳи рахна кардани сарҳади гумрукӣ мебошад;

- субъекти ҷиноят шахси мукаллафи синну солаш ба 16 расида аст.

- тарафи субъективии ҷиноят танҳо бо қасди бевосита содир шудани он ифода меёбад.

Моддаи 335 қ.2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

- объекти ҷинояти мазкур риоя накардани қонунгузориҳои давлат оиди тартиби идоракунӣ мебошад;

- тарафи объективии ҷиноят ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии ҶТ аз тарафи гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ мебошад;

- субъекти ҷиноят шахси мукаллафи синну солаш ба 16 расида аст;

- тарафи субъективии ҷиноят танҳо бо қасди бевосита содир шудани он ифода меёбад.

3. Меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки ҳодисаи бавуҷудомадаро танзим мекунанд

Аз тадқиқи қазияи мазкур чунин бармеояд, ки ҳангоми омадани ҳавопаймоҳои мазкур аз самти Ҷумҳурии исломии Афғонистон, сарнишини он Садовничий В.В. бо корманди мақомоти авиатсияи Тоҷикистон ба алоқа баромада, барои ворид шудан ба фазои ҳавоии Тоҷикистон иҷозат пурсидааст. Аз сабаби надоштани чунин иҷозат кормандони мақомоти мазкур, ворид шудан ба фазоро ба ӯ иҷозат надодаанд.

Пас аз 7 маротиба ҷавоби рад гирифтан, Садовничий В.В. барои нишасти садамавӣ ба фурудгоҳи Қурғонтеппа иҷозат пурсида, илова намудааст, ки пас аз нишастан метавонед ҳавопайморо ҳабс намоед. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки номбурда дидаю дониста қоидаҳои парвозро вайрон кардааст.

Аз рӯйи иловаи 2-и Конвенсияи байналмиллалии авиатсияи шаҳрвандӣ, ки соли 1944 дар Чикаго қабул карда шудаасту дастури парвозро танзим менамояд, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки бо мақсади тиҷорат парвоз мекунанд, бояд пеш аз гузаштани сарҳади давлатӣ, ба мақомоти авиатсияи он давлат якчанд маълумотҳои аниқро пешниҳод намоянд. Маълумотҳои мазкур аз қабили нақшаи парвоз, индекси ҳавопаймо, таҷҳизоти дохили ҳавопаймо ва ғайраҳо мебошанд.

Ҳавопаймоҳои таҳти роҳбарии Садовничий В.В. ва Руденко А. рақами қабули Тоҷикистонро ҳам надоштанд, ба ғайр аз ин мутобиқи иловаи 8-уми Конвенсияи мазкур, бо мақсади таъмин будани бехатарӣ, оиди коршоям будани ҳавопаймоҳо, аз ҳамон давлате, ки дар қайди он номнавис шудааст, бояд шаҳодатнома (сертификат)-и тасдиқкунандаи коршоям будани ҳавопаймо ва дар вақти парвоз бехатар будани онро дар даст дошта бошанд.

Тавре маълум гардид, ҳавопаймоҳои мазкур дар қайди ягон давлат нестанд, сертификати коршоямӣ надоранд, ки ин мухолифи Конвенсияи Чикаго мебошад. Ба ғайр аз ин, онҳо сертификати операторӣ, заминаи парвозро ҳам бо худ надоштанд, ки ин низ мухолифи моддаҳои 17, 38-41 ва 67-и Кодекси фазои ҶТ аз 30.07.2007, таҳти № 323 мебошад.

4. Талаботи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 1 Сарқонуни Ҷумҳурӣ – Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Зери мафҳуми соҳибихтиёрӣ, он маъно меистад, ки ин кишвар ҳамаи масъалаҳои дохилии худро мустақилона ҳал карда, бо кадом давлати дунё, ки хоҳад, робитаҳои дӯстӣ барқарор мекунад, инчунин мутобиқи сархати дуввуми моддаи 10-и Сарқонун – давлат, ҳамаи мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Ҳамзамон моддаҳои 5-7-и Кодекси ҷиноятии ҶТ принсипҳои баробарӣ дар назди қонун, ногузирии ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳкориро таъкид намудааст. Бинобар ин, ҳангоми аз тарафи органҳои пешбурди тафтиши пешакӣ ва мақомоти судӣ маълум кардани гунаҳкории шахс, ҷинояткорро бо мақсади ислоҳи ӯ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ҳатмист.

Дар охир, нисбати ҳукми суди шаҳри Қурғонтеппа, нисбати шахсони ҷиноятсодиркарда ҳаминро қайд карданиам, ки бо риояи тамоми талаботҳои қонунҳои амалкунанда ҷазо таъин шудааст ва қарори қабулшуда дар таркиби худ ягон аломати сиёсӣ надорад. Аммо аз тарафи ходимони сиёсии Федератсияи Россия Д. Медведев, С. Лавров, В.Матвиенко ва дигарон оид ба сиёсат табдил додани қазияи мазкур, инчунин 300 тан аз муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ба зӯрӣ дастгир намуда, ба Тоҷикистон баргардонидани ҷониби Россия, ин ҳамчун аломатҳои зери фишор қарор додани қонуниятҳои ҷории Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Ашӯров Ислом - ҳуқуқшинос

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854