15:12:33 03-уми Июни 2025 сол

ВОКУНИШҲО БА МАҲКУМИЯТИ ХАЛАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Раиси ҷумҳурии Русия гуфтааст, пас аз дарёфти посухи расмии мақомоти Тоҷикистон ин кишвар дар мавриди қазияи халабони рус вокуниш хоҳад кард.

/images/stories/2011/11/09_letchiki_2011.jpgДмитрий Медведев, ки баъд аз зӯҳри чоршанбеи 9 ноябр, дар як ҳамоиш дар шаҳри Маскав сӯҳбат мекард, гуфт, ба вазорати хориҷа ва ниҳодҳои зирабти Русия дастур додааст, то қазияи додгоҳии Владимир Садовничий, халабони рус, дар Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, як созмони ҷамъиятии Русия хостори ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо Тоҷикистон ва коҳиши муддати ҳузури атбоъи тоҷик дар Русия шудааст.

Раёсати шӯрои созмони ҷамъиятии Русия мавсум ба “Родина-Конгресс Русских Общин” (Ватан-Конграи Ҷамъияти Русҳо) дар иртибот ба қазияи додгоҳии Владимир Садовничий, табаъаи рус дар Тоҷикистон бо чунин дархост ба ҳизби ҳокими “Единая Россия” (Русияи воҳид) муроҷиъа кардааст.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи хабаргузориҳои Русия, созмонҳои ғайридавлатии Русия аз давлати ин кишвар хостаанд, то дар посух ба “иқдоми ғайридӯстонаи Тоҷикистон" дар қиболи ин кишвар таҳрими иқтисодиро роҳандозӣ кунад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ҳаракати қатори масири Маскав-Душанбе мутаввақиф шуда ва барои коҳиши теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳудуди Русия тадобири лозим иттихоз шавад.

Аз сӯйи дигар, Утоқи Ҷамъиятии Федеротсиюни Русия Кумитаи вижаи пуштибонӣ аз Владимир Садовничий, халабони русро, ки дар Тоҷикистон ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудааст, таъсис кардааст. Ҳамзамон, раиси Маҷлиси улёи порлумони Русия гуфтааст, ки бо ҳамтои тоҷики худ мавзӯъи халабони русро матраҳ хоҳад кард.

Владимир Садовничий, халабони рус ва Алексей Руденко, халабони дигар аз Эстонӣ рӯзи сешанбеи 8 ноябр аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани мавозини байналмилалии ҳавонавардӣ ба муддати 8,5 сол равонаи зиндон шуданд.

Валентина Матвиенко, раиси Маҷлиси улёи Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ки қасд дорад имрӯз дар ҳошияи Маҷмаъаи байнипорлумони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Питерсбург бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дидор ва қазияи халабони русро матраҳ кунад.

Аммо Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе гуфт, ки рӯи сешанбеи 8 ноябр, оқои Убайдуллоев дар раъси як ҳайъати порлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Питерсбург рафта ва "имкон дорад дар ҳошияи ин нишаст вай бо ҳамтои руси худ дидор кунад."

Хонуми Матвиенко гуфтааст: “Мо ҳаққи мудохила ба ҳукми додгоҳро надорем, танҳо мехоҳем ин вазъро таҳлил карда ва дар чаҳорчӯби имконоти порлумонӣ қонунӣ будани тасмими иттихозшудаи додгоҳро арзёбӣ кунем.”

Ӯ ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро дар қиболи халабонҳо муҷозоти сахт ва дорои ангезаи сиёсӣ хондааст. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ба хабаргузории “Интерфакс”-и ин кишвар гуфтааст, дар зарфи ду рӯзи ахир талош кардааст, аз тариқи телефон бо Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамтои тоҷики худ тамос гирад.

Зимнан, Вазорати хориҷаи Русия зимни як изҳорот ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро дар қиболи Владимир Садовничий, табаъи рус, “хеле сахт" хонда ва навиштааст, ки ин ҳукм "ангезаи сиёсӣ” доштааст. Дар ин изҳорот дар сойти расмии вазорати хориҷаи Русия мехонем, ки ин ҳукм "ба равобити шарикона ва истротежики миёни ин ду кишвар мусоъидат нахоҳад кард.”

Дар изҳорот омадааст: “Далоили мӯътамад барои собит сохтани ҷурми мазнунин пешниҳод нашуда ва иттиҳомоти ворида сохтаю беасос буданд. Ҷониби Тоҷикистон ба таври ошкор мавозини байналмилалиро нақз мекунад.”

То ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари зирабти ин кишвар расман дар мавриди вокунишҳои Вазорати хориҷаи Русия ва мақомоти сохторҳои давлати ин кишвар дар бораи қазияи Владимир Садовничий, халабони ҳавопаймои АН-72 ва Алексей Руденко, халабони дигар ва шаҳрванди Эстонӣ ибрози назар накардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854