14:40:06 03-уми Июни 2025 сол

«ЗАРШЕДАБОНӮ» МУШКИЛОТ НАДОРАД

Дар сартосари минтақаи Кӯлоб тӯли солиёни дароз тақрибан муассисаеро во нахӯрдаем, ки мувоҷеҳи мушкилот нагашта бошад. Ба ҷуз як муассиса-Заршедабонӯ. Ташкилотест, ки барои эҳёи кӯдакони маъюби минтақа фаъолият мекунад. Ҷиҳати малакаву кордонии масъулин, бахусус сарвари он, анқариб мушкилоте пайгири ин ташкилот нест.

/images/stories/2011/11/08_kudakoni-malul_2011.jpgМуассисоти дигаре, ки зери сарпарастии вазорати сарпарасти Заршедабонӯ фаъолият доранд, мисли ҳамтоҳои дигарашон мувоҷеҳи мушкилоти зиёданд, аммо на Заршедабонӯ. Сарвар ба ҷуз аз муваффақиятҳо аз чизе дигар сухан накард: «Саҳар нақлиёти махсуси ташкилот кӯдаконро ба муассиса меорад ва бегоҳ ба хона мебарад. Кӯдакони имконияти маҳдуддошта се вақт бо хӯроки гарм таъминанд. Ҳар саҳар онҳо бо лабханди ширин вориди муассиса мешаванд, чунки инҷо муҳаббат, самимият ва рангинии ҳаётро дар инҷо меёбанд.»

Бубинед, ки беморхонаи беморони рӯҳии шаҳр ҳудуди чиҳил сол аст, ки фаъолият дорад, аммо бо нақлиёт ва се вақт хӯроки гарм то ҳанӯз таъмин нест. Беморхонаи беморони сили шаҳр низ дар биноҳои кӯҳнаю вайрону валангор фаъолият дорад. Ҳатто барои таъмири биноҳои фарсудаи он касе маблағ додан намехоҳад.

Аммо инҷо ҳама корҳо хубанд. Агар бигӯем, ки муассиса фаъолияти назаррасе  надорад, ки мувоҷеҳи мушкилот шавад, дурӯғ гуфтаем. Рисолати масъулини ин ташкилот таъмири вуҷуди инсон аст. Онҳо иллатҳои олитарин махлуқи Худо-инсонро таъмиру табобат карда, онҳоро дар баробари одамони солим дар пайроҳаи зиндагӣ рӯйи по мегузоранд ва ба ҳаёти солим раҳнамун месозанд.

Дар ин бора бонӯ Қаламнисо мегӯяд: «Бо ҷидду ҷаҳди педагогҳои асили муассиса ва мутахассисони дигари соҳаи тибби корманди фақат имсол тавонистем 14 нафар кӯдаки шифоёфтаро ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сафарбар созем. Чун кӯдакони маъюб баъди кӯшишҳои пайгиронаи мо сухангӯй ва ё роҳрав мешаванд худро хушбахт меҳисобем.»

Бонӯ Абдуқаюмова аз кумитаи шуғли аҳолӣ миннатгузор аст, ки боре дар арафаи кадом ид барои кӯдакони маъюби ин даргоҳ чанд қуттӣ шириниҳо тақдим кардааст. Ҳам кумитаи Ҳилоли Аҳмари шаҳр боре бо каме маводи ғизоии дигар ёди кӯдакон кардааст.

Дигар ҷомеа нисбат ба тақдири ин кӯдакон худро дар канор гирифтааст. Бонӯ Қаламнисо медонаду 99 кӯдаки маъюб. Ҳамасола бо ҷаҳду талоши зиёд ба ташкилотҳои хориҷӣ лоиҳаҳо пешниҳод карда, кумаки молиявӣ мегирад ва мардонавор баҳри муолиҷа ва нигоҳубини кӯдакон масраф месозад.

Ин муассиса намунаи олии фаъолият аст барои сарварони коҳили муассисоти дигар. Сарвари оқилаи ташкилоти Заршедабонӯ мисли дигарон баҳри дарёфти маблағ сӯйи касе дасти соилӣ дароз намекунад, балки илоҷи корро худ меёбад ва ба нафъи мардум фаъолият мекунад.

Аҳмади Мӯсавӣ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854