15:47:02 03-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ БОЗСОЗИИ РОҲИ ДУШАНБЕ-ТУРСУНЗОДА

Тарҳи бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода ба беш аз сӣ милюн дулор афзоиш ёфтааст. Ин матлаб дар ҷараёни баргузории маросими оғози умури бозсозии ин роҳ, ки рӯзи душанбеи 7 ноябр баргузор шуд, эълом гардид.

/images/stories/2011/11/07_hurobod-rahmon_2011.jpgЭмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ширкат дар ин маросим гуфт, ки ин роҳ бо ҳазинаи 186 милюн дулор бозсозӣ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қарордоди миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд (БОР), ки дар авоили соли ҷорӣ имзо шуда буд, қарор буд ин тарҳ бо маблағи 154,3 милюн дулор бозсозӣ шавад. Бад-ин манзур БОР 120 милюн дулор кӯмаки билоъиваз ихтисос дода буд.

Президент Раҳмон эълом дошт, ки Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа низ барои иҷрои ин тарҳ эътибори 27 милюндулорӣ тахсис додааст. Сармоягузории давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ низ то ба 39 милюн дулор афзоиш ёфтааст.

Роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, ки беш аз 60 килуметр тӯл дорад, пойтахти Тоҷикистонро бо марзи ин кишвар бо Ӯзбакистон мепайванданд. Дар ин масир ҳамчунин бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон - корхонаи олуминиюм ё Талко воқеъ аст.

Ин роҳ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда буд ва мақомоти вақти Шӯравӣ ба кайфияти ин роҳ ба унвони яке аз роҳҳои “низомӣ” аҳамияти зиёде қоил буданд. Вале дар ду даҳаи ахир ин қисмати роҳ комилан бозсозӣ нашуда буд.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ширкат дар марсими оғози умури бозсозии ин роҳ, Эмомалӣ Раҳмон бо Сиаою Жаоро, раиси Бонки Осиёии Рушд, мулоқот карда ва барои ҳимояти молии ин бонк аз тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон қадрдонӣ кардааст.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки Бонки Осиёии Рушд барои солҳои 2012-2014 аз тарҳҳои мухталифе дар заминаҳои бозсозӣ ва бунёди роҳҳо, арсаи энержӣ ва бахши хусусии соҳибкорӣ ҳимояти молӣ хоҳад кард. Бад-ин манзур, ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар садад аст дар ду соли оянда барои Тоҷикистон маблағи 200 милюн дулор ихтисос диҳад.

Ҳамчунин бар асосии иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд қарор кардааст, ки дар бозсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки низ роҳҳои иртиботии Тоҷикистонро бо Ӯзбакистон васл мекунад, саҳм бигирад. Ҳарчанд миқдори маблағи ихтисосии ин бонк ва замони оғози бозсозии ин роҳ мушаххас нашудааст.

Тобистони соли ҷорӣ шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол, ҷодае, ки пойтахти Тоҷикистонро бо минтақаи шарқи ин кишвар ва вилоёти ҷанубии Қирғизистон васл мекунад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Бунёди ин роҳ соли 2005 оғоз ёфта буд ва ҳазинаи ҳудуди 177 милюн дулори онро Бонки Осиёии Рушд фароҳам карда буд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, сармоягузории идомаи сохтмони роҳи Душанбе-Ҷиргатол то Саритоши Қирғизистонро бонки мазкур бар ӯҳда гирифтааст. Ҳимояти молӣ аз бунёди роҳҳои иртиботӣ дар Осиёи Миёна ва Ҷанубиро ин бонк дар чорчӯби барномаи вижаи хеш барои тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодии ин кишварҳо ва барқарории равобити иҷтимоъии сокинони онҳо амалӣ мекунад.

Президент Раҳмон дар ин мулоқот аз саҳим будани Бонки Осиёи Рушд дар арсаи бунёди роҳҳо дар Тоҷикистон қадрдонӣ кард ва ба муҳимм будани роҳҳои иртиботӣ барои боло бурдани сатҳи иқтисодии кишвар таъкид кардааст. Ҳафтаи гузашта Президент Раҳмон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар маросими оғози тармими қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ ширкат кард.

Оқои Раҳмон гуфт: “Ҳангоми сафар ба ноҳияи Шӯрообод бо шоҳзода Карим Оғохони Чаҳор то Кӯлоб бо ҳавопаймо парвоз кардем ва ҳавои хуб барои идомаи парвоз аз Кӯлоб ба Шӯрообод набуд ва мо бо мошинҳо ба ин минтақа сафар кардем ва дидем, ки роҳ бениҳоят хароб буд.”

Дар назар аст беш аз 90 милюн дулор барои бозсозии комили ин роҳ ва пулҳои иртиботии ҳудуди беш аз 40 килуметри ин роҳ масраф шавад ва дар зарфи ду соли оянда дар маҷмӯъ барои бунёди роҳ ва пулҳои Душанбе-Хоруғ беш аз 120 милюн дулор масраф хоҳад шуд.

Оқои Раҳмон зимни таъкид ба зарурати ин роҳ ва қисмати он дар шимол, яъне роҳи Душанбе-Хуҷанд-Ҷаноқ гуфт, ки “ин тарҳ – эҳёи роҳи қадимӣ ва таърихии “Роҳи абрешим” будааст.”

Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари мустақили ҳамсуд то андозае дар бунбасти иртиботӣ қарор дорад ва ниёзманди роҳҳои иртиботӣ аз ҷумла роҳҳои утумубилгард аст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854