ҲАФТАИ ИМОНСӮЗИҲО ФАРО РАСИД
Ё чӣ гуна нархҳо бо директорони бозор иваз мешаванд
Мушоҳидаҳои бисёрсола собит сохтаанд, ки ҳамасола ду маротиб, як ҳафтаи қабл аз идҳои мусалмонӣ Рамазон ва Қурбон, нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, минҷумла Кӯлобшаҳр, бамаротиб боло мераванд. Дар минтақаи Кӯлоб тоҷиронеро, ки нархро дар арафаи идҳо гарон месозанд тӯдаи имонсӯзон меноманд.
Тӯдаи имонсӯз қабл аз ҳама нархи меваҷот, гӯшт, шириниҳо ва равғанро, ки маводи аввалия барои ороиши дастархони рӯзи ид маҳсуб мешаванд, боло мебаранд ва суди ҳангуфт мебардоранд. Аммо баракат, ки надоранд ягон нафарашон сарватманд намешавад. Имсол рӯзи чаҳоршанбе нархи ангур 2 сомонӣ ва аз ин ҳам арзонтар буд, аммо саҳари рӯзи панҷшанбе якбора нархи он то ба 4 сомонӣ боло рафт. Ин албатта, гумон дорем фоли нек нест.
Шояд гаронкунии нарх мисли солҳои қаблӣ имсол на аз гӯшт, балки аз ангур оғоз шуда бошад? Аммо раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон директори бозор Тилло Ҷалилов ин гуфтаҳоро рад кард. Ӯ мегӯяд нархҳо усулан боло нарафтаанд. Рӯйхати нархҳоро пешкашамон сохт, ки дар он нархи ангур аз 2 то 5 сомонӣ нишон дода шуда буд. Гуфтем ангур бо нархи 2 сомонӣ шурӯъ аз рӯзи панҷшанбеи гузашта дигар нест, аммо ҳамоно боисрор мегуфт ҳаст. Ин одати масъулини бозор аст, ки ҳақиқати гаронии нархро ҳамвора инкор мекунанд.
Тибқи иттилои Давлат Ҳайдаров як сокини шаҳри Кӯлоб савдогаре бо исми Қурбон, ки хеши ӯ будааст, як мошини пур аз себ оварда мехост бо нархи поинтар аз 1 сомонӣ ба фурӯш барорад. Себфурӯши боимонро дар бозор афроди номаълум ончунон латту кӯб карданд, ки ҳатто ду рӯз дар беморхона бистарӣ будааст. Баъд аз ин дигар ёди себфурӯшӣ накард. Директори бозор дар ин бора ҳам хомӯширо ихтиёр кард. Яке аз муовинон бошад гуфт дар ҳақиқат дар ҳамон гӯшаи бозор занозанӣ шуда буд, аммо мо маълумоти бештар надорем.
Чун директор гуфт нархҳо боло нарафтаанд аз ӯ сабабашро пурсидем, чунин посухи аҷиб дод: «Мо ба бачаако супориш додем, то ҳарчи бештар биёранд ба савдо бароранд, ки нарх боло наравад.» Дар асл, ба ҳамагон маълум аст, ки ягон соҳибкор ё тоҷир ба маъмурияти бозор итоат намекунад. Чун аз директор исми «бачаако»-и соҳибкори «худи»-ро пурсидем касеро номбар карда натавонист. Гузашта аз ин, на бе ифтихори ошкоро қайд кард: «Соҳибкорони худӣ нархи ангиштро низ боло рафтан намемонанд».
Директор илова кард: «Мо ангишти кони Шӯроободро бо нархи 20 дирам мефурӯшем.» Дар ҳоле, ки ҳафтае қабл мудири маорифи ноҳияи Шӯрообод Абдурозиқ Содиқов дар як сӯҳбати вижа гуфта буд мактабҳои ноҳия ангиштро аз худи кони ангишт бо нархи 37 дирамӣ мехаранд. Яъне баъди масрафи сӯзишвории зиёд ва убури роҳҳои хатарнок аз кон то Кӯлобшаҳр, ки ҳудуди 100 километр роҳ аст, ҷаноби Ҷалилов онро имкони бо 20 дирам фурӯхтан дорад?
Бо ин ҳама аз ҳақиқат гурехтани Ҷалилов он қадар нигаронкунанда набуд, балки нигаронкунанда дар як сол 4 маротиб иваз шудани роҳбарияти бозор аст. Ин бошад касро ба андешае мекашонад, ки директорони бозор бозичаи дастони дарози ивазкунандагони онҳо, яъне масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва шояд ҳукумати вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо «Тоҷикматлубот» низ бошанд? Агар чунин аст, муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозор берун аз салоҳияти сарвари Ҷамъияти Матлубот ва директори бозор (Ҷалилов ду вазифа дорад) будааст.
Мантиқан агар андеша ронем, пас директори бозор бояд барои бесалоҳиятӣ аз вазифа сабукдӯш шавад. Аммо директори аввали сол ивазшуда Намозов Абдулло вазифаи Ҷума Алиевро тайи як фармони барқосо ишғол карда буд, ки тамоми таҳаввулоту сохтусози бозори «Саховат»-и шаҳр бо исми сабукдӯшшуда мансуб аст. Бо гузашти як сол тамғаи бемасъулиятро ба пешонии Намозов зада аз вазифа сабукдӯш карда ба муовини директори бозор табдил доданд.
Яъне директори бемасъулият муовини масъулиятшинос шуд. Директори қабл аз ӯ буда низ директори бозори «Умед-88» интихоб шуд. Танҳо директори се моҳ қабл ивазшуда Алихон Шарипов, ки навакак даст ба созандагӣ зада буду айни авҷи амалӣ гаштани орзӯҳояш расида буд, алҳол бевазифа мондааст. Аммо гумон меравад ӯ аз дигар гурӯҳ буд. Фарқ байни Шарипов ва Ҷалилов дар ҳамин будааст, ки аввалӣ тули 4 моҳи директор буданаш дар бозор таҳаввулоти ҷиддии сохтмониро ба роҳ монда буду ахирӣ то ҳанӯз ба вазъият ошно нашудааст.
Аммо «баччаяконе» дорад, ки бо фармони ӯ нархҳои бозорро идора карда метавонанд. Бошад, ки имсол нархи маводи аввалияи иди Қурбон дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб бетағир боқӣ монад. Дар ҳар сурат мо пайгирӣ таҳаввулоти нарх дар бозор ва берун аз он боқӣ мемонем. Бошад, ки имсол гунаҳкори асосии болобарии нархҳоро ошкор созем.
Аҳмади Мӯсавӣ