07:13:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АФСАРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ИМА ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

Дафтари матбуотии Сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи 4-и август ба сомонаи «Рӯзгор» хабар дод, ки  ин сафорат сафари омӯзишии полиси ҷамъиятиро дар ИМА аз 14 то 24 июли соли 2011 дастгирӣ намудааст.

/images/stories/2011/08/05_amrico-1_5.8.2011.jpgШонздаҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла ҳайати роҳбарикунандаи Раёсати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, ба Ню Йорк ва Массачусетс сафар карданд. Ин сафари омӯзишӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи ҳамкории полис ва ҷомеаи Шӯъбаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сафорати ИМА, ки аз тарафи ҶММ Эмерҷенс Груп (TEG) иҷро мешавад, ташкил карда шуда буд.

Ҳангоми ташриф овардан ба Шӯъбаи полиси ноҳияи Нассау иштирокчиён бо кор ва фаъолияти Лигаи амалиётҳои полис ва Академияи полис барои наврасон ва ҷавонон аз наздик шинос шуданд ва роҳҳои таҳкими эътимоди байни полис ва наврасону ҷавонон ва пешгирии ҷинояткориро дар он ҷо омӯхтанд. Ҳайати намояндагони милитсия ва ҷомеа инчунин дар патрули шабона иштирок намуданд, ба шӯъбаи полиси минтақавӣ ташриф оварданд ва аз баромадҳои Шӯъбаи кор бо ҷомеа дар бораи роҳҳои ҳамкории онҳо бо сармоядорони маҳаллӣ баҳри муайан намудани хатарҳои терроризм, васеъ намудани робитаҳо бо ҷомеа ва шабакаҳои иттилоотӣ баҳраманд шуданд,-омадааст дар хабари Сафорати ИМА.

/images/stories/2011/08/05_amrico-2_5.8.2011.jpgНимаи дуюми сафари омӯзиширо шӯъбаҳои полиси Массачусетс идома доданд. Дар шаҳри Ню Бедфорд ҳайати намояндагони Тоҷикистонро мири шаҳр ба ҳузур пазируфт ва барояшон кумитаи бехатарии ҷамъиятиро даъват намуд. Онҳо инчунин ба Суди наврасон ва ҷавонон дар ҳамкорӣ бо мактаби ноҳия ташриф оварданд ва дар мулоқоти Иттиҳодияҳои маҳаллаҳо иштирок намуданд.

Намояндагони Шабакаи бехатарии Кембриҷ тарзи кори худро бо Шӯъбаи Полиси Кембриҷ баҳри беҳтар намудани муносибатҳо байни полис ва ҷавонон фаҳмонда доданд. Дар вақти сафар ба Кембриҷ ҳайати намояндагони милитсия дар патрули рӯзона иштирок намуданд, ба даъватҳои ба воситаи радио ҷавоб доданд ва дар машварати шӯъбаи таҳлили ҷиноятӣ иштирок карданд.

Лаҳзаи хотирмони сафари омӯзишӣ он буд, ки ҳайати намояндагон имконияти ҳузур доштан ҳангоми намоиши эътирозии ҷамъиятиро доштанд. Аз масофаи амн намоишро мушоҳида карда иштирокчиёни сафари омӯзишӣ диданд, ки чӣ тавр полиси Кембриҷ бо истифодаи усулҳои пешқадами ҳамкории полис ва ҷомеа намоишгаронро идора мекарданд ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамуданд.

Дар ин хабар таъкид мешавад, ки аз соли 1992 Ҳукумати ИМА зиёда аз $984 миллион долларро барои рушди соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон масраф кардааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi