МУАРРИФИИ «ПАЖӮҲИШИ ОМОДАГИИ ЭЛЕКТРОНИИ ТОҶИКИСТОН»
Агар шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон дар соли 2004 70 ҳазор нафар бошад, ин теъдод дар муддати 6 сол ба 5 миллион нафар расидааст. Теъдоди истифодабарандагони ҳаррӯзаи Интернет дар соли 2010 1миллиону 359 ҳазорро ташкил додааст. Дар Тоҷикистон асосан 10 ширкат, ки муҳимтаринашон Вавилион-Т, Тоҷиктелеком, Интерком, Телекомтекнолоҷи,Истера, Тарена, Сатурн Онлайн ва ғайра мебошанд, дастраскунандагони хадамоти Интернетӣ ба ҳисоб мераванд.
Ин ва дигар омори ҷолиб дар ҷараёни муаррифии як пажӯҳиши электронии омодагии Тоҷикистон , ки дар Душанбе аз сӯйи Фонди Ҷамъиятии «Интернет» Тоҷикистон ва Академияи маҷозии технологияҳои иттилоотиву коммуникасионӣ (ТИК) барои рушд бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадади Тоҷикистон баргузор гардид, оварда шуданд. Ин пажӯҳиш дар моҳҳои май-июли соли 2010 бо роҳбарӣ ва иштироки Рустам Қосимов, директори Бунёди ҷамъиятии Интернет, Сӯҳроб Рустамов директори Маркази таълимии МИИ «Кибернетика», Парвина Ибодова, раиси Ассосиатсияи дастрасткунандагони Интернет ва Далер Тоҷиддинов, коршиноси ин соҳа роҳандозӣ шудааст.
Пажӯҳишгарон омодагии электронии Тоҷикистонро дар масъалаи дастрасӣ ба шабакаи интернетӣ, сифат ва суръати ин дастрасӣ, дастрасии муассисаҳои таълимӣ, азҷумла мактабҳои миёна ва олӣ, дастрасии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастрасии вазоратхонаҳо, сиёсат ва стратегияи ҳукумати Тоҷикистонро дар ин самт мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, натиҷаҳои бадастомадаро ҷамъбаст намуда барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо додааанд.
Хулоса дар ин пажӯҳиш омодагии соҳаи ТИК-и Тоҷиткистон аз рӯйи 19 категория таҳлил гардида 5 гурӯҳи асосиро дарбар мегирад. Тибқи системаи баҳодиҳии меъёрҳои байналмилалии чаҳорбалла омодагии Тоҷикистон дар ин пажӯҳиш дар дастрасӣ ба Интернет 3 хол, таълими ТИК 2,7 хол, ҷомеаи шабакавӣ 3 хол, иқтисоди информатсионӣ 1,5 хол баҳогузорӣ гардидааст.
Муаллифони тадқиқот мӯътақиданд, ки «пажӯҳиши мазкур барои фаҳмидани сатҳи инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон, татбиқи ТИК дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, омилҳои мусоидаткунанда ва халалрасони ТИК ва роҳҳои беҳтари истифодаи имкониятҳои технологияи ба ТИК марбут кӯмак мекунад».
Баҳри амалӣ кардани тавсияҳои пажӯҳиши мазкур Академияи маҷозии (виртуалии) ТИК барои рушд аз ҷониби Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он мусоидат кардан ба фаъолияти ниҳодҳое мебошад, ки дар татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда талошу кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Асомиддин Атоев, раҳбари ин ниҳод дар нишасти мазкур дар бораи мақсаду мароми ин ташкилоти навтаъсис ибрози назар намуд.
«Рӯзгор»