МУЛОҚОТИ САФИРИ БРИТАНИЯ КАБИР БО ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН
7 апрел ҷаноби Тревор Мур, Сафири Британия Кабир бо мақсади шиносоӣ ба рафти татбиқи лоиҳаи тадқиқоти вирусҳои хавфнок, ки соли 2010 бо маблағгузории Ҳукумати Британия оғоз гардид, ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии тибби профилактикӣ ташриф овард. Ҳангоми ташриф Сафир бо ҷаноби Аъзам Мирзоев, муовини Вазири тандурустии кишвар низ вохӯрӣ намуд.
Соли гузашта Ҳукумати Британияи Кабир ба Донишкадаи мазкур асбобҳои муҳими замонавиро тақдим кард ва барои ошкор намудан ва назорати роҳҳои паҳншавии касалиҳои сирояткунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати нигоҳдории тандурустӣ Донишкада тадқиқотҳои муҳимро оид ба омӯзиши организмҳои хавфноки касалиовари эндимикӣ ва касалиҳои трансмиссионӣ мегузаронад.
Лоиҳаи мазкур ба бунёди системаи назорати абровирусҳо равона карда шудааст, ки эҳтимолияти паҳншавии микрооганизмҳои касалиоварро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд. Ҳудуди Тоҷикистон макони бисёр организмҳои касалиовар мебошад, ки онҳо сабаби касалиҳои инфексионӣ, аз қабили, вараҷаи геморрагии Крими Конго, вараҷаи Нили шарқӣ ва дигар намудҳои инфексия мебошанд, ки қисме аз онҳо ҳанӯз барои илми ғарб номаълум аст.
Тоҷикистон инчунин макони мавҷудияти бисёр намудаҳои дигари вараҷа низ ҳаст ва имрӯз таъсири пурраи онҳо ба организми инсон муайян карда нашудааст. Хусусан, лоиҳа имкон медиҳад моил будани ин вирусҳоро ба эпидемия татқиқ намуд. Ин барои бунёди системаи назоратӣ аз болои арбовирусҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак мерасонад.
Дар доираи лоиҳа Донишкадаи тибби профилактикӣ методи ташхиси молекуляриро ташкил ва инкишоф дода, барномаҳои таълимиро барои мутахассисони маҳаллӣ муаррифӣ менамояд. Ба дараҷаи беҳтар гаштани кор дар ин самт низоми назоратӣ қавӣ мегардид ва он имконият медиҳад, ки мониторинги эпидемияи эҳтимолии микроогранизмҳои асосии касалиовари вирусӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтар ба роҳ монда шавад.
Ҳукумати Британияи Кабир қарор дод, ки дар доираи кӯмаки дуҷонибаи БританияюТоҷикистон оид ба мубориза бо касалиҳои инфексионӣ ва ҳимояи мардум аз ин касалиҳо ба ду сохтори дигари илмӣ дар Тоҷикистон низ кӯмаки молиявӣ расонад. Ин ду сохтор- Донишкадаи зоология ва паразитология ва Хадамоти давлатии назорати эпидиомологӣ мебошанд, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир гаштаанд.
Ин ду мақомот барои беҳтар намудани ҳолати нигоҳдории тандурустӣ дар самти тадқиқи организмҳои хавфноки касалиовари эпидемикӣ ва касалиҳои трансмиссивӣ корҳои муҳими илмӣ-тадқиқоти мебаранд.
“Рӯзгор”