00:57:03 02-уми Июни 2025 сол

СОХТМОНИ МАКТАБИ НАВ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

Соли равон дар воҳаи Лахши ноҳияи Ҷиргатол, деҳаи Сарикенҷа мактаби нави замонавӣ барои 740 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, ки ин муассиса низ аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта сохтмончиён ният доранд онро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонанд.

maktabБояд зикр кард, ки солҳои охир бо афзоиши шумораи хонандагони мактабҳои деҳоти ноҳияи Ҷиргатол зарурати сохтмони биноҳои иловагӣ ва бунёди мактабҳои нав пеш омад. Зин лиҳоз Вазорати маъорифи ҷумҳурӣ барои сохтмони мактабҳои нав маблағҳои заруриро ҷудо намуд, ки бо истифодаи он сохтмончиён корҳои дар лоиҳа бешбинишударо ба анҷом расонида истодаанд.

«Мактаби мо калонтарин мактаби ноҳия мебошад. Дар он 1045 нафар талабагон дар се баст таҳсил мекунанд. Имрӯз синфхонаҳои мактаби кӯҳна барои пурра бо ҷои нишаст таъмин намудани хонандагон басанда нест. Хушбахтона, соли сеюм аст, ки барои мо сохтмони мактаби нав оғоз гардидааст, ки сохтмончиён ваъда додаанд то соли нави хониш онро ба истифода диҳанд. Бо сохта шудани ин мактаби нав проблемаи бо синфхонаҳо ва ҷои нишаст таъмин намудани хонандагон пурра ҳал мегардад, -мегӯяд директори мактаби мазкур Эргаш Халилов.  

То ҳамин давраи соли ҷорӣ каргарони ташкилоти сохтмонӣ бо истифода аз маблағҳои пешбинишуда корҳои асосиро дар бинои мактаб ба анҷом расонида, бо фарорасии гармиҳо корҳои рангуборкуниро ба охир хоҳанд расонд.

Дар шафати бинои нави мактаб бошад аз рӯи лоиҳаи сотмонӣ толори варзишӣ бунёд мегардад. Сохтмончиён аллакай бунёди деворҳои бинои варзиширо ба охир расонида, мақсад доранд корҳои боқимондаро дар мӯҳлати кӯтоҳ ба сомон расонанд.

Далер САФАРОВ, «Рӯзгор» Рашт

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854