16:30:49 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАРАХТИ БЕШТАР БИНШОН, КИ КОМИ ДИЛ БА БОР ОРАД

«Фарзандони ман ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд. Мо дар оила 10 нафар мебошем ва таъминоти хӯрокаву пӯшокаамону дигар хараҷотҳои оилаамон ҳама аз ҳисоби ниҳолҳоямон мебошад. Соли гузашта мо танҳо ба як харидорамон ба маблағи 15 000 сомонӣ ниҳол фурӯхтем»-, мегӯяд бобои Қандил.

darakhtИқлими ноҳияи Ҷиргатол барои боғдорӣ хело ҳам мусоид мебошад. Аз ин рӯ солҳои 80-уми қарни гузашта дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Ҷиргатол боғҳои нав бунёд гардиданд. Ичунин барои дар оянда ривоҷ додани соҳаи боғдорӣ дар ин ҷамоат хоҷагии ниҳолпарварӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки имрӯз он номи иштирокчии ҶБВ Ҷембой Қамаровро дорад.

Бештари майдони боғҳо дар доманакӯҳҳо бунёд гардидаанд, ки аз он ҳамасола боғбонон ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Алакай таи солҳои охир майдони боғҳои хоҷагӣ ба 156 гектар расонида шудаанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани майдони боғоту замиинҳои байни дарахтон ва ба даст овардани ҳосили дуюм деҳқонону боғдорони хоҷагӣ байни қаторҳо зироатҳои картошка, ҷувори мака, памидор, бодиринг ва инчунин зироатҳои ғалагӣ мекоранд.

Майдони боғҳои мавҷуд буда ба 117 хоҷагӣ вобаста карда шудааст, ки бо ин васила зиёда аз 600 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ шудаанд. Ҳамин тариқ боғдорон дар ҳудуди хоҷагӣ парвариши ниҳолҳои себу, нок, зардолу ва чормағзро ба роҳ монда, дар ин ҷода таҷрибаи зиёд ҳосил кардаанд.

Тавре аъзои хоҷагӣ Бобои Қандил мегӯяд оилаи ӯ танҳо аз ҳисоби ниҳолпврварӣ ризқу рӯзиашро меёбад. «Фарзандони ман ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд. Мо дар оила 10 нафар мебошем ва таъминоти хӯрокаву пӯшокаамону дигар хараҷотҳои оилаамон ҳама аз ҳисоби ниҳолҳоямон мебошад. Соли гузашта мо танҳо ба як харидорамон ба маблағи 15000 сомонӣ ниҳол фурӯхтем»- мегӯяд ӯ.

Чун аз ниҳолпарварӣ даромади зиёди иқтисодӣ ба даст меояд, хоҷагидорон кӯшиш намуда вобаста ба талаботи замон майдони парвариши ниҳолҳоро зиёд карда истодаанд. Айни ҳол дар хоҷагӣ 30 ҳазор бех ниҳол барои фурӯш тайёр мебошад ва дар давоми сол то фасли тирамоҳ хоҷагӣ боз 65 ҳазор ниҳоли дигар барои фурӯш омода мекунад.

«Дар хоҷагии ниҳолпарварии мо натанҳо намудҳои гуногуни ниҳолҳои себ, балки ноку, нашпотӣ, зардолуву шафтолу низ парвариш карда мешаванд ва ҳамасола ниҳолҳои хоҷагии моро хоҷагидорони ноҳияҳои дуру наздик харидорӣ мекунанд. Зеро ниҳолҳои ҷиргатолӣ нисбати касалиҳо ва номусоидатиҳои обу ҳаво тобовар мебошанд»-мегӯяд сарагрономи хоҷагӣ Маҳмаддовуд Шарипов.

Далер САФАРОВ, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi