23:58:28 02-уми Июни 2025 сол

ҶАЙЛҒАН ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИЕСТ, КИ…

Ноҳияи Ҷиргатол яке аз ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ буда дар он қарнҳои зиёд аст, ки ду миллати бо ҳам дӯсту бародар, тоҷику қирғиз канори ҳам якҷоя баҳри ободӣ ва шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд. Дар қатори дастовардҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва кишоварзӣ саҳми сокинони ноҳия дар рушди фарҳангу маънавиёт низ назаррас аст.

 

osorkhonaКорманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгор Ҳомид Боронов аз зумраи ҳамингуна шахсоне ҳаст, ки нисбати фарҳангу таърихи диёраш бетараф набуда, бо ташаббуси шахсии худ дар деҳаи Ҷайлған осорхонаи таърихие бунёд намудааст. Дар осорхонаи Ҷайлған на танҳо нигораҳои нодири таърихӣ, балки аз таърихи ҳаёт ва фаъолияти он нафароне, ки дар рушд ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия саҳми арзанда доштанд ва доранд дастхатҳои зиёди омӯзгор Боронов ҷамъ оварда шудаанд, ки аз он ҳамарӯза ҷавонони ва меҳмонони ноҳия дидан намуда бо таърихи як гӯшаи Тоҷикстони азизамон аз наздик ошно мегарданд. 

 

«Дар осорхонаи мо зиёда аз 3000 экспонатҳои қадима мавҷуданд, ки кӯҳантарини онҳо ба асрҳои ХVII-XVII мансубанд. Ҳамаи он экспонатҳое, ки мебинед пои пиёда деҳа ба деҳа, хона ба хона рафта ҷамъоварӣ намудаам. Ҳамаи инро ман барои таърихи халқу ватани азизам кардаам ва то ҷон дар бадан дорам хизмати ватанамро хоҳам кард»-мегӯяд устод Ҳомид Боронов.

 

Имрӯз масоҳати синфхонае, ки аз тарафи мактаб ба муаллим барои осорхона ҷудо карда шудааст баҳри пурра ба маърази томошо гузоштани нигораҳо басанда нест ва омӯзгор ният дорад дар соли ҷорӣ бо кӯмаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия ва сокинони деҳа сохтмони бинои алоҳидаро барои осорхона оғоз намояд. Ногуфта намонад, ки ташаббуси сотмони осорхонаи Ҷайлғанро соҳибкорони маҳаллӣ низ дастгирӣ намуда баҳри саҳмгузорӣ омодагии худро иброз намуданд. 

 

Далер САФАРОВ, «Рӯзгор», Ҷиргатол

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854