21:47:49 01-уми Июли 2025 сол

ИБТИЛОИ 8 КӮДАК БА БЕМОРИЕ НОМАЪЛУМ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Дар рустоҳои Ворӯ, Шӯрча ва Дашти болои ноҳияи Панҷакент ҳашт нафар аз кӯдакон ба беморие номаълум гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи волидони ин беморон, ин мараз аввал дар рустои Ворӯ аз буз ба одам гузашта ва баъдан дар рустоҳои дигар ба хешону наздикони фарди бемор сироят кардааст.

 

diseaseМеҳрдоди Бойҷон аввалин нафарест, ки ду сол пеш мубталои ин мараз гашта, вале пас аз муъояна дар Душанбе ва муъолиҷаи зиёд ҳанӯз сиҳҳат наёфтааст. Модари ӯ Малика Абдураҳмонова мегӯяд: "Аввалҳои пайдоиши ин беморӣ онро мо озах пиндошта аз мулло намаки дамандохта (дуъохондашуда) гирифтем, аммо фоида накард. Пизишкони маҳаллӣ тавсия карданд, ки фарзандамонро ба шаҳри Душанбе барем. Дар он ҷо доруҳои зиёд ва қиматеро тавсия карданд, вале беморамон сиҳҳат наёфт."

 

Эҳтимоли сирояти ин беморӣ ба рустоҳои ҳамсоя сокинони он ҷоҳоро низ нигарон кардааст. То ҳол дар байни мардум овозае ҳаст, ки гӯё пизишкон ин бемориро табобатнашаванда хонда ва сӯзондани ҷасади беморонро тавсия кардаанд. Аммо ҳангоми дидор ва гуфтугӯ бо беморон ва кормандони беҳдошт маълум шуд, ки мардум иборати "бо лазер сӯзондани захмҳо"-ро нодуруст фаҳмидаанд. Овозаҳое мисли пайдо шудани бемориҳое назири онтрокс (сибирская язва) ва амсоли он низ дар байни мардум паҳн гаштааст.

 

Бомулло Усмонов, мутахассиси Маркази беҳдоштӣ ва назорати амрози вогир дар ноҳияи Панҷакент гуфт, ки чунин бемориҳо дар замони Шӯравӣ комилан аз байн рафта буданд ва хурӯҷи онҳо дар солҳои охир ғайричашмдошт аст. Вай афзуд, ки то ҳол ҳеч мавориди ибтило ба амрози мазкур дар ин марказ сабт нашудааст: "Мо ба хонаҳои одамон рафта, диагноз намемонем. Худашон бояд ба маркази мо муроҷеъа кунанд."

 

Алъон 4 нафар дар рустои Ворӯ, 2 нафар дар рустои Шӯрча ва 2 нафари дигар дар Дашти боло гирифтори ин беморианд. Ду нафар аз онҳо барои табобат ба шаҳри Душанбе рафтаанд. Як ҳамсояи тифлони бемор бо ибрози нигаронӣ аз он, ки мумкин аст ин беморӣ базудӣ ба фарзандони ӯ низ сироят кунад, гуфт: "Солҳои пеш агар як бемории гузаранда (вогир) пайдо мешуд карантин эълом мекарданд ё чораи дигаре меҷустанд. Ғайр аз ин, вазъи иқтисодии мардум имрӯзҳо ба ҳама маълум аст ва на ҳамаи беморон имкони табобат доранд."

 

Пизишки маҳаллӣ Баҳоваддин Атоев гуфт: "Аз рӯйи муъоянаи пизишкони Душанбе ин бемории илтиҳоби яшурмонанди даҳон будааст ва барои табобати он дар шароити набудани лазер аз хориҷа дорувор бояд харидорӣ кард, ки баҳои гароне дорад."

 

Ӯ таъкид кард, ки бо дастрас намудани доруҳои хориҷии зарурӣ ин беморон метавонанд шифо биёбанд. Дар ҳамин ҳол, Аъзам Мирзоев, муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо пизишкони маҳаллӣ дар Панҷакент тамос гирифта ва онҳо барои муъолиҷаи кӯдакони бемор тадобире меандешанд.

 

Аммо ба гуфтаи вай, беморие, ки дар миёни кӯдакони панҷакентӣ буруз карда, папиллома (варами пӯст) аст, ки барои муҳити атроф ё атрофиён "хатароти зиёде надорад", вале беморон бояд ҳатман муъолиҷа шаванд, зеро он метавонад барои беморон паёмадҳои номатлубе дошта бошад. Оқои Мирзоев афзуд, ки муъолиҷаи ин беморӣ чандон гарон нест, вале душвор аст, зеро ҷойҳои осебдидаи пӯст аз ин беморӣ бо лазер сӯзонда мешаванд. Ин беморӣ дар кӯдакони панҷакентӣ бештар дар лабу даҳонашон мушоҳида мешавад, ки муъолиҷаи он эҳтиёти вижа мехоҳад.

 

Бар асоси донишномаи Википедиё, папиллома навъе аз бемориҳои ғуддаӣ аст, ки вируси он маъмулан дар ҷойҳои кушодаи бадан, монанди аъзои таносулӣ, мақъад, чашму гӯш ва лабу даҳон ва ё дар ҷойҳои захмгирифтаи пӯст вориди бадан мешавад. Папиллома аз бемориҳои бисёр маъмули таносулӣ буда ва гуфта мешавад тақрибан 50 дарсади заноне, ки аз лиҳози мубоширати ҷинсӣ бисёр фаъоланд, олудаи ин вирус ҳастанд.

 

Пизишкон беш аз 100 навъи вируси папилломаро кашф кардаанд, ки бархе аз онҳо хатароти ҷиддие надоранд, вале бархи дигар саратонзо ҳастанд. Ин беморӣ дар бархе аз ҷонварон низ мушоҳида мешавад. Агарчи бемории кӯдакони панҷакентӣ папиллома шиносоӣ шудааст, вале маълум нест, ки онҳо аз чи роҳ ба ин беморӣ мубтало шудаанд ва муъолиҷаи онҳо чи натиҷа хоҳад дод.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4003--8------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ