МАҲДУДИЯТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МАДРАСАИ ЭРОНӢ ДАР ДУШАНБЕ
Таҳсили фарзандони тоҷик дар танҳо мадрасаи эронӣ дар Душанбе мамнуъ шудааст. Ҳамзамон вазорати маорифи Тоҷикистон таҳсили фарзандони диплумотҳои Афғонистони муқими Душанбе дар ин мадрасаро мамнуъ кардааст. Мақомоти тоҷик иддаъо доранд, ки ин мадраса ба унвони мактабе дар назди сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъсис шудааст ва аз ҳаққи тадрис барои шогирдони ғайриэронӣ бархӯрдор нест.
Як масъули сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, рӯзи душанбеи 27 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки зуҳри имрӯз масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон аз идомаи таҳсили фарзандони афғонтаборон дар ин мадраса низ ҷилавгирӣ кардаанд. Вай гуфт, ки то ҳол дар ин мадраса беш 90 шогирди тоҷик низ таҳсил мекарданд, вале вазорати маориф иддаъо кардааст, ки тадрис барои тоҷиктаборон аз сӯйи ин муассисаи таълимӣ ғайримуҷоз аст.
Ин манбаъ афзуд: “Маъмулан, яке аз волидайни ин шогирдон эронитабор буданд. Ҳамчунин дар ин мадраса фарзандони он идда аз тоҷиктабороне таҳсил мекарданд, ки муддате дар Эрон омӯзиш дида буданд ва қасд доштанд дар мактаби эронӣ дар Душанбе таҳсили худро идома диҳанд”.
Вале, ба гуфтаи ин манбаъ, вазорати маорифи Тоҷикистон мухолифи ин амр аст. Диплумоти эронӣ афзуд, ки бозрасони ин вазоратхона раванди тадрис дар ин мадрасаро баррасӣ карданд, вале ҳеҷ мушкиле ошкор нашудааст.
Вай гуфт: “Мо пешниҳод кардем, ки то замони мавриди истифода қарор гирифтани мадрасаи муштараки Тоҷикистону Эрон, ки сохтмони бинои ин мактаб дар Душанбе идома дорад, ин шогирдон таҳсили худро дар мадрасаи назди сафорати Эрон идома диҳанд, вале ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро радд кард”.
Тамара Насимова, раиси бахши равобити байналмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ хабари манъи таҳсили шогирдони тоҷик дар мадрасаи эрониро таъйид кард. Ба гуфтаи вай, ин мадраса бо ҳадафи омӯзиши танҳо фарзандони диплумотҳои эронӣ таъсис шудааст ва тибқи ойинномаи худ ҳаққ надорад ба тадриси атбои дигар машғул шавад.
Вай афзуд: “Ин талаботи қонун аст ва бояд иҷро шавад. Барои фарзандони тоҷик, ки машғули таҳсил дар ин мадраса буданд, мо мактабҳои дигаре пешниҳод кардем ва ҳоло 99 дарсади чунин шогирдон бо таҳсил фаро гирифта шуданд”.
Дар ҳамин ҳол, манбаъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки таҳсил дар мадрасаи назди сафорат тибқи барномаҳои омӯзишӣ дар мадориси дохили Эрон сурат мегирад ва сатҳи баланди тадриси ин мадорис дар ҷаҳон эътироф шудааст.
Вай афзуд: “Ҳоло дар 54 кишвари ҷаҳон дар назди сафоратҳои Эрон чунин мадрасаҳо фаъол ҳастанд ва ҳар шахси алоқаманди таҳсил дар чунин мадраса бидуни мушкил ва маҳдудияте метавонад дар он омӯзиш ёбад. Ҳатто дар мадрасаи сафорати Эрон дар Тошканд ӯзбактаборон бидуни маҳдудияте таҳсил мекунанд. Барои тадрис дар мадрасаи эронӣ дар Душанбе тӯли чанд соли ахир мо беҳтарин устодони Эронро истихдом кардаем”.
Ин масъули сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз ин нукта изҳори тааҷҷуб мекунанд, ки ба чӣ далеле мақомоти тоҷик дар қиболи ин мадраса чунин ҳассосият зоҳир мекунанд? Ба гуфтаи вай, ин мавзӯъ дар мулоқот бо раҳбарони вазроатхонаҳои хориҷа ва маориф ва ҳамчунин бо ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуда ва онҳо низ аз идомаи раванди таҳсили фарзандони тоҷик дар ин мактаб пуштибонӣ кардаанд. Ин манбаъ афзуд, ки “вале, дар ниҳоят тасмими манъи таҳсили чунин шогирдон содир шуд”.
Бархе аз соҳибназарон манъи таҳсили шогирдони тоҷик дар мадрасаи эронӣ дар Душанберо идомаи раванди бозгардонии донишҷӯёни тоҷик аз мадориси мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ арзёбӣ мекунанд. Иддае дигаре аз коршиносон ҳадс мезананд, ки иқдом барои маҳдуд сохтани фаъолияти мадрасаи эронӣ дар Душанбе метавонад ба тира шудани равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон мунҷар шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3990-2010-12-26-20-16-26.html