21:29:20 01-уми Июли 2025 сол

ТАРҲИ ҚОНУНИ ҶАДИД: "ХИДМАТИ ШАҲРВАНДӢ" БА ҶОЙИ САРБОЗӢ

Як созмони ғайридавлатӣ дар шимоли Тоҷикистон тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки навъи дигаре аз хидмати сарбозӣ дар ин кишварро пешниҳод мекунад. Дилафрӯз Самадова, раҳбари созмони мавсум ба "Ампаро", мегӯяд ҳадаф аз таҳияи ин тарҳ, ки "Қонун дар бораи хидмати олтернотиви шаҳрвандӣ" ном дорад, мусоъидат ба роҳандозии шеваи ҷадиди хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон аст.

 

patrolХонуми Самадова хабар дод, ки созмони "Ампаро" барои таҳияи ин тарҳ гурӯҳи вижаи корие бо шумули намояндагони созмонҳои дигари маҳаллӣ таъсис додааст. Ба гуфтаи вай, пешнависи ин лоиҳа омода шуда ва барои баррасӣ ба намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва ҷавонон пешниҳод шудааст. Баъди баррасӣ тарҳи комил барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумони Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Маъмури Юсуфзод, коршиносе маҳаллӣ дар вилояти Суғд, мегӯяд, ки ин тарҳи қонун бояд хеле пештар аз ин дар Тоҷикистон ба тавсиб мерасид.

 

Вай афзуд: "Мо имрӯз дар артиши миллӣ тақрибан фарзандони солим надорем. Ман як далел меорам: дар гашти низомии ҷашнҳои давлатӣ мушоҳида мешавад, ки сарбозон ва афсарони мо ҷисму симои рустамона надоранд, барои он ки 90 дарсади сарбозон аз хонаводаҳои камбизоъатанд."

 

Ба бовари оқои Юсуфзод, бисёре аз волидон барои озод кардани фарзандонашон аз хидмати низомӣ ба мансабдорон пора медиҳанд, вале дар сурати роҳандозии низоми тоза ва олтернотиви хидмати сарбозӣ онҳо розиянд, ки чунин маболиғеро ба таври расмӣ ба суратҳисоби воҳидҳои низомӣ гузаронанд. Ҳамчунин, оқои Юсуфзод мегӯяд, ки кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон хеле пештар системи ҷадиди хидмати сарбозиро роҳандозӣ кардаанд.

 

Вай афзуд: "Дар ин маврид ба касе набояд имтиёз дод, яъне агар касе хоҳиши хидмат дар артишро надошта бошад, ҳатман маблағи муъайянеро бипардозад ва аз хидмат маъоф шавад. Дар ин сурат, ба ҷойи онҳо афроди довталаб метавонанд бо қарордод хидмати низомиро адо кунанд."

 

Тибқи гузоришҳо, ҳанӯз ҳам дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон дар мавсими сарбозгирӣ масъулони маҳаллӣ ҷавононро бо шеваи "дору гир" ё "облава" ва бо истифода аз зӯр ва хушунат ба артиш мефиристанд, ки ин аз намунаҳои боризи нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки мақомоти давлатӣ ҳамвора мавориди зиёди ибтилои сарбозон ба бемориҳои мухталиф дар артиш ва ҳамчунин меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва хушунат дар миёни низомиёнро, ки гоҳо мӯҷиби маргу мири бисёре аз навсарбозон мешавад, аз ҷомеъа пинҳон медоранд.

 

Мавориде ҳам будааст, ки рӯзноманигорон ба хотири бозтоби ин мавзӯъот таҳти таъқибу фишори мансабдорони маҳаллӣ ё мақомоти аршад қарор гирифтаанд. Ҳамасола дар мавсимҳои баҳор ва тирамоҳ ҷавононе, ки тоза ба синни 18 расидаанд ва шаҳрвандони бузургтаре ҳам, ки "ҳаққи ба таъхир андохтани мӯҳлати анҷоми хидмати сарбозиро надоранд", ба таври иҷборӣ ё ҳатмӣ ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мепайванданд.

 

Дар гузашта, дар вилояти Суғд аз мавориди зиёди боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба артиш гузориш шуда, вале манобеъи кумисериёи низомии ин вилоят мегӯянд дар солҳои ахир шароити хидмат дар воҳидҳои низомӣ беҳтар шуда ва ҷавонон бештар ба таври довталабона ба артиш мераванд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3749----q-q---.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ