08:34:49 01-уми Июли 2025 сол

«ТӮЁНА»-Е, КИ ҲОСИЛИ ТАБЪИ РАВОН АСТ

Мусибатро ба болои ӯ чун ба рӯи садҳо ҳазор нафари дигари ин кишвари азият кашидаамон ҷанг овард. Ҷанги бераҳми хонумонсӯз, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Тири дайду ҷой дар паҳлӯи мӯҳраи сутуни ҷисмаш гирифту ӯро аз неъмати роҳ рафтан маҳрум кард. Инак наздик ба бист сари сол аст, ки дар ҷогаҳи маризӣ бо лашкари яъсу ноумедӣ бо сипоҳи сухан дар набард аст.

 

openletterӮ табъи равон дораду шеър мегӯяд. Табъи равонаш ӯро гули сари сабади маҳфилҳо кардааст. Дар арафаи рӯзи байналмилалии маъюбон китоби нави шеърҳояш бо номи «Тӯёна» ба нашр расид. Алиҷон Маҳсидинов соли 1967 дар шаҳри Сарбанд ба дунё омада, соли 1984 мактаби миёнаи № 5-и шаҳрро бомуваффақият хатм мекунад. Солҳои 1989 – 1992 дар факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав таҳсил мекунад. Ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз дасти нохалафе ба сутунмӯҳрааш тир хӯрда, бемори бистарӣ гардидааст.

 

Алиҷон бо вуҷуди бемори бистарӣ буданаш, дар дил орзую умедҳои зиёде мепарварад. Ӯ худро дар симои нависандаи мубориз Николай Островский тасаввур намуда, ба беморӣ тан надода, бо тахаллуси Алиҷони Сарбандӣ шеъру тарона месарояд ва бад-ин васила ғаму дарди дили худро то андозае сабук мегардонад. Ҳамин аст, ки ӯ баробари ташкилёбии маҳфили адабии «Гулбазм»-и шаҳри Сарбанд шомили он шуда, истеъдоди шоирии худро пайваста такмил дода, то ба имрӯз соҳиби чанд китоби шеър гардидааст.

 

Ашъори дилангезу ҷаззоби Алиҷони Сарбандӣ тавассути маҷмӯаҳои шеърии «Оҳанги дил» (2003), «Тӯёна» (2004, 2007, 2010) ва «Нигоҳи ишқ» (2007) миёни ҳаводорону мухлисони эҷодиёташ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кардааст.  Мусиқавӣ, пурмазмун ва мавзун будани шеърҳо натанҳо писанди дӯстдорони назм, балки ба табъи сарояндагону мутрибони ҷумҳурӣ низ созгор омадааст, ки эшон чанде аз онҳоро ба оҳанг даровардаву сурудаанд.

 

Интишори маҷмӯаҳои шеърӣ аллакай Алиҷони Сарбандиро ҳамчун шоири навпардозу нозукхаёл ба хонандагон муаррифӣ намудааст.  Маҷмӯаи «Тӯёна» (Душанбе: «Деваштич», 2010), ки ашъори базмиву тӯёнаи шоирро дар бар гирифтааст, бештар ба табиати ҷавонон созгору мувофиқат мекунад ва аз ин лиҳоз муштариёнаш низ аксаран онҳоянд. Китоби «Тӯёна»-и ӯ солҳои 2004, 2007 бо теъдоди 500 нусхагӣ нашр шуда буд. Имрӯз маҷмӯа яке аз китобҳои нодир, камёфт ва бешубҳа, дӯстдоштаи хонандагон гардидааст.

 

Талаботи рӯзафзуни мухлисону ҳаводорони шеърашро ба назар гирифта, баҳри рафъи ниёзи онҳо маҷмӯаи мазкур имсол такроран аз чоп баромад. Ашъори ин китобро ҳамчун армуғон интихобан дар тӯю сур, маросими гулбазмороӣ, ҷашни зодрӯзу дигар маҳфилҳои хоса метавон истифода намуд.

 

Эҷодиёти Алиҷони Сарбандӣ  мавзӯҳои гуногунро фаро гирифта, дар сурудани шеър ӯ ба шоирони гузаштаи тоҷику форс пайравӣ кардааст. Масалан, ба як шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме) ғазале сурудааст, ки ба рӯҳияи замон хеле мувофиқу муносиб афтодааст:

 

Ҷуфти ёри меҳрубон ояд ҳаме,

Чун баҳори гулфишон ояд ҳаме.

Бо рухи пурнури зебояш арӯс,

Ҳамчу моҳи осмон ояд ҳаме.

Ҷону тан якҷоя мегардад кунун

Ҷон ба тан, тан ҳам ба ҷон ояд ҳаме.

Бо навои чангу бо савту суруд,

Мутриби ширинзабон ояд ҳаме.

 

Табрики ҷашни зодрӯз ҳам аз мадди назари шоир дур намонда, дар ин мавзӯъ низ шеърҳо эҷод намуда, ки намунааш чунин аст:                  

 

Ба мавлуди дилафрӯзат туро табрик мегӯям,

Ба рӯзи ҷашни фирӯзат туро табрик мегӯям.

Ба гулзори ҳаёти ту зи нав фасли баҳор омад,

Ба истиқболи наврӯзат туро табрик мегӯям.

 

Ӯ тавонистааст, ки аз образҳои серистифодаи шоирони гузаштаи тоҷику форс мазмуни замонавӣ офарад, чунончи:

 

Биншаста ба тахт арӯсу домод,

Бо чеҳраи гарму бо дили шод.

Биншаста арсӯси ҳамчу Ширин,

Паҳлӯи ҷавони ҳамчу Фарҳод.

                              

Дар аксари рубоиву дубайтиҳои маҷмӯа мазмунҳои тозаву дилкаш зиёданд ва ин баёнгари он мебошад, ки шоир аз ӯҳдаи гуфтани шеър ба хубӣ баромадааст:

          

Ду ғунчаи гул ба ҳамдигар моил шуд,

Пайванд ба ҳамдигар шуда комил шуд.

Бишкуфта, ғизо гирифта аз меҳру вафо,

Дар боғи ҳаёт оилае ҳосил шуд.

                                  

Маҷмӯаи «Тӯёна»-ро ба ҳаводорони ашъори базмӣ бо нияти неку орзуҳои зиёд ҳадя намуда, ба Алиҷони Сарбандӣ табъи саршор ва ғановати ашъорро таманно дорем.

                     

Раҷабалӣ Худоёров, шаҳри Қӯрғонтеппа

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3747-lr------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ