08:02:43 01-уми Июли 2025 сол

САФОРАТИ ИМА ВА ШАҲРИ ВАҲДАТ АЛАЙҲИ СПИД

Барномаи «Аутрич (барномаи иттилоотӣ ва таблиғотӣ) дар ҳифзи саломатӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад, дар шаҳри Ваҳдат чорабинии маърифатӣ-иттилоотиро бахшида ба рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти одам (БНМО-СПИД) дастгирӣ намуд.

 

aids spidМақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур аз коҳиши бадномкунӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои (стигма ва дискриминация)  гурӯҳҳои осебпазири аҳолие, ки зери хатари бештари гирифторшавӣ бо ВНМО/БНМО (ВИЧ/СПИД) қарор доранд ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо доир ба ҳамин масъалаҳо иборат буд. Дар қатори ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ ва USAID ширкат варзиданд. То санаи 1 октябри соли 2010 дар Тоҷикистон 2 336 ҳолати ВНМО расман ба қайд гирифта шудаст.

 

Истифодабарии нашъа бо сӯзандоруи умумӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ ва афзоиши рафторҳои шаҳвонии хатарнок аз қабили сабабҳои асосии паҳншавии ВНМО мебошанд. Баҳри коҳиши паҳншавии ВНМО дар тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ огоҳӣ оиди беморӣ ва роҳҳои пешгирии он нақши асосиро мебозанд. Чорабинии бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи ВНМО/БНМО дар Ваҳдат аз қисми дилхушкунанда ва қисми маърифатӣ иборат буд.

 

Баъди пахши иттилоот дар бораи ВНМО озмуни саволу ҷавоб оиди ВНМО/БНМО доир гашт, ки иштирокчиёни фаъол аз ҳисоби сироятшудагони ВНМО ба тӯҳфаҳо сазовор гаштанд. Чорабиниро баромади сарояндагони машҳури тоҷик ҷолибтар намуд. Дар маърака, озмуни рӯзномаи девории беҳтарин, ки дар арафаи рӯзи байналимиллалии мубориза алайҳи ВНМО дар байни донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои шаҳри Ваҳдат эълон гашта буд, ҷамбаст шуд. Ҳамаи ғолибон ба тӯҳфаҳо ноил гаштанд ва иштирокдорони фаъолтарин мавриди таҳсин қарор гирифтанд.

 

Барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» барномаи минтақавӣ буда, ба шахсони бештар зери хатари сироятшавӣ аз ВНМО/БНМО ва бемории сил қарор дошта равона шудааст ва мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ дар байни аҳолии Осиёи Марказиро дорад. Дар доираи барномаи аз ҷониби USAID дастгиришаванда «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» бо мақсади пешгирӣ ва табобати беҳтари ВНМО ва бемории сил дар байни нашъамандони тазриқӣ, маҳбусон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, кӯмаки техникӣ, хизматрасонии иттилоотӣ ва таблиғотӣ ва омӯзишҳо таъмин карда мешаванд.

 

Барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ», яке аз лоиҳаҳои сершумори ёрирасони Оҷонсии Амрико доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID), мебошад. Аз соли 1992 инҷониб, мардуми Амрико тариқи Оҷонсии USAID зиёда аз 900 миллион доллар барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва бахши иқтисодиёти Тоҷикистон сарф намудааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3746-2010-12-03-07-13-50.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ