БОНУФУЗТАРИН ОДАМИ САЙЁРА КИСТ?
Яке аз маъруфтарин маҷаллаҳои амрикоӣ «Forbes» дар шумораи ахири худ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзин Таоро бонуфузтарин одами сайёра номидааст.
Зеро ӯ панҷяк қисми аҳолии замин (1 миллиарду 300 миллион нафар)-ро идора карда, ба кишваре роҳбарӣ мекунад, ки иқтисодиёташ дар ҷаҳон баъди иқтисодиёти ИМА дар ҷойи дуввум меистад. Мувофиқи ин арзёбӣ Барак Обама-Раиси ҷумҳури ИМА дар ҷойи дуввум ва Абдуллоҳ бинни Абдулазиз- шоҳи Арабистони Саудӣ дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтаанд. Сарвазири Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷойи чорум мебошад.
Дар феҳристи 10 нафар бонуфузтарин одами дунё боз папаи Рим Бенедикти 16, канслери Олмон Ангел Меркел, сарвазири Бритониё Дэвид Кэмерон, лидери ҳизби ҳукмрони Ҳиндустон Соня Ганди, асосгузори Microsoft Билл Гейтс низ мебошанд. Президенти ФР Дмитрий Медведев дар ин рӯйхат дар ҷойи 12-ум меистад.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3519-2010-11-07-06-51-51.html