16:54:23 02-уми Июни 2025 сол

ҚУРБОНИИ НАВИ МИНАҲОИ ӮЗБЕКИСТОН

Мӯҳсин Мирзоев, сокини 33-солаи деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент аз таркиши минаи марзии Ӯзбекистон дар ҷои ҳодиса кушта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳодиса рӯзи 2-юми июл дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки Мирзоев дар як минтақаи аломатгузоринашудаи марз рамаеро мечаронд.

Узбакистон марзаш бо Тоҷикистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои баҳсталаб дар соли 1999 бо мақсади пешгирӣ аз вуруди ситезаҷӯёни исломӣ минагузорӣ кард ва аз он вақт то ҳоло наздик ба 70 шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистону 2 шаҳрванди Ӯзбекистон аз таркиши ин минаҳо ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар маълул шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ин масъаларо дар нишастҳои байнулмилалӣ мавриди интиқод карор доданд ва Тошканд чандин бор гуфт, ки ба барчидани минаҳо аз марз оғоз кардааст. Аммо амалан сари чанд вақт аз таркиши ин минаҳо ва ҳалокати одамони осоишта дар марзи байни ду кишвар хабар мерасад. Ҳеҷ яке аз ин рӯйдодҳо аз тарафи мақомоти додситонӣ тафтиш нашудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854