16:55:56 02-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН РӮЗИ ВАҲДАТРО ҶАШН МЕГИРАД

Тоҷикистон имрӯз, 27-уми июн, 13-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Таҷлили расмии ҷашни ваҳдат имсол дар вилояти Бадахшон бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, баргузор мешавад. Интизор меравад, ҷашнвора ин лаҳзаҳо бо суханронии президент Раҳмон шурӯъ шавад. Тибқи барномаи идона, намоиши театрикунонидашуда дар майдони марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар Ҷурабек Муродов , Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Душанбе Паллаев ва дигарон сурат мегирад.

 

Хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, дар ин лаҳзаҳо анбӯҳи мардум ба кӯчаи марказии Хоруғ рехтаанд ва бо сайругашти дастҷамъӣ алоқаи худро ба Рӯзи ваҳдат ва сулҳ нишон медиҳанд. Имрӯз дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба муносибати солгарди Рӯзи ваҳдат маъракаву намоишҳои идона баргузор мешавад. Дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ваҳдати миллӣ барномаи вижаи идона роҳандозӣ нашудааст. Вале иддае аз мардум дар боғу фароғатгоҳҳои пойтахт ҷамъ омадаанд.

 

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва нерӯҳои собиқ мухолифин 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба ҷанги хунини харобиовари беш аз 5-сола дар Тоҷикистон хотима дод. Бархе аз сарчашмаҳо мегуянд, ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҷони бештар аз 50 ҳазор нафарро гирифт ва иқтисоди кишварро даҳсолаҳо ба ақиб андохт.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2563-2010-06-27-07-50-34.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854