“FOREIGN POLICY”: “ТОҶИКИСТОН ҲАНӮЗ БЕСУБОТ АСТ”
Маҷаллаи “Foreign Policy” ва созмони иҷтимоъии “Сандуқи Сулҳ” Тоҷикистонро дар радаи 38-ум дар миёни кишварҳои бесуботи ҷаҳон қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки бар асосии арзёбии ин маҷалла дар соли 2009, Тоҷикистон ҷойгоҳи 37-умро ба худ ихтисос дода буд. “Foreign Policy”, маҷаллаи муътабари омрикоӣ ва созмони иҷтимоъии “Сандуқи Сулҳ”, дар чорчӯби тарҳи мавсум ба "Посткард аз ҷаҳаннам" (Pоstcard from Hell) феҳристи 60 кишвари бесубот дар ҷаҳонро муъарифӣ кардааст.
Тавзеҳи вазъияти ҳар яке аз ин кишварҳо бо тасвире аз кишвар ба ҳамроҳ аст. Дар тавзеҳи зери акси Тоҷикистон, мехонем: "Ба далели камбуди ҷойи кор ва фақр дар Тоҷикистон теъдоди бешумори ҷавонони тоҷик дар солҳои ахир ба хориҷ аз кишвар, ба хусус Русия ва Қазоқистон барои ҷустуҷӯи кор рафтаанд."
Ин тавзеҳот меафзояд: "Занон ва духтароне, ки дар кишвар боқӣ мемонанд, талош мекунанд аз роҳи кишоварзӣ нони худро ёбанд." Тасвири Тоҷикистон дар ин феҳристро тавассути духтараке рустоӣ муъаррифӣ мешавад, ки дар замини панба аз болои ҷӯйбор дар ҳоли ҷаҳидан аст. Раддабандӣ барои тартиб додани феҳристи 60 кишвари бесубот бар асоси беш аз 10 меъёр, аз ҷумла равандҳои демугрофӣ, нобаробариҳои иқтисодӣ дар дохили кишварҳо, нақзи қонун тавассути маъмурони давлатӣ, вазъи озодии баён ва ҳуқуқи башар сурат гирифтааст.
Дар ин гузориш се кишвари Болтик аз ҷумла Литвони, Эстония ва Латвия босуботтарини кишварҳо аз ҷумлаи Шӯравии собиқ хонда шуда ва Сумолӣ бесуботтарин кишвари ҷаҳон унвон шудааст. Дар соли ҷорӣ Ӯзбакистон, аз кишварҳои ҳамсоя ва наздик ба Тоҷикистон, дар ин гузориш дар радаи 35, қарор гирифтааст. Ҳарчанд феҳристи мазкур тоза мунташир шудааст, аммо мусалламан ин феҳрист қабл аз ҳаводиси ахир дар Қирғизистон таҳия шудааст, зеро ин кишвар дар феҳрист дар ҷойӣ 42 қарор дорад.
Мавқеъиятҳои беҳтаринро дар ин раддабандӣ аз миёни 177 кишварҳои ҷаҳон Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Конодо ва Устролиё ба худ ихтисос додаанд. Бо вуҷуди он ки дар феҳристи гузориши мушобеҳи ин маҷалла дар соли гузашта Тоҷикистон дар радаи 37-ум қарор дошт ва дар гузориши ҷадид як радда беҳбуд пайдо кардааст ва бисёре аз коршиносон бар он ақидаанд, ки беҳбудии субот дар Тоҷикистон бештар ба беҳбуди вазъи иқтисодии он бастагӣ доштааст.
Дар соли 2006 маҷаллаи “Foreign Policy” ва созмони иҷтимоъии “Сандуқи Сулҳ” Тоҷикистонро дар радаи 42 қарор дода буд, ки дар ҷойи 38-ум қарор гирифтани он дар соли ҷорӣ баёнгарӣ ворид шудани ихлол ба субот дар кишвар будааст. Вафо Ниятбеков, коршиноси сиёсӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки масъулони маҷаллаи “Foreign Policy” ва созмони иҷтимоъии “Сандуқи Сулҳ” ин феҳристро бар асоси таҳқиқоти коршиносони сиёсӣ ва арзёбиҳои коршиносон ва сиёсатмадорони Русия ва бархе аз кишварҳои урупоӣ сохтаанд.
Вай афзуд: “Пахши гузоришҳои сиёсӣ дар расонаҳои хабарии дохилии кишварамон низ дар тасмими маҷалла таъсир расонид. Танҳо изҳори назари ахири Владимир Жириновский, яке аз сиёсатмадорони Русия дар бораи вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон кофӣ аст, ки тасвири кишварамон дар назари урупоиён ва соири кишварҳои ҷаҳон манфӣ мунъакис шавад.”
Оқои Ниятбеков мегӯяд, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои беҳтар сохтани ваҷҳаи кишвараҳояшон дар арсаи байналмилалӣ ва дар натиҷа касби мавқеъияти хубе дар феҳристи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ сармояи ҳангуфтеро масраф мекунанд. Коршиносон мегӯянд, давлати Тоҷикистон барои дастёбӣ ба боло бурдани эътибори ин кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бояд иқдомоти зиёде ва кушишҳои бештаре анҷом диҳад.
Гузориши Маҷаллаи “Foreign Policy” ва созмони иҷтимоъии “Сандуқи Сулҳ” дар ҳоле пахш мешавад, ки қарор аст дар авохири моҳи ҷорӣ дар Тоҷикистон аз 13-умин солгарди “Ваҳдат” таҷлил шавад. Ҳамасола дар маҳофили бузургдошт аз ин рӯз мақомоти Тоҷикистон аз сутуҳи мухталиф дар ҷаласоту гирдиҳамоиҳо истиқрори сулҳу суботро пас аз ҷанги дохилӣ дар ин кишвар аз дастовардҳои муҳими сиёсии кишвар талаққӣ мекунанд ва ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ пешниҳод доранд, ки аз ин таҷриба дарс андӯзанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2531-foreign-policy----.html