16:56:02 02-уми Июни 2025 сол

ЭҲТИМОЛИ СОНСУРИ БАРНОМАИ “ПАЙВАНД” ДАР ШАБАКАИ АВВАЛ

Дар шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон пахши барномаи “Пайванд”, ки зинда пахш мешуд, бо далоили мухталиф қатъ шудааст. Ба эътиқоди Абдураҳмон Абдуманнонов, муъовини аввали раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, барномаи “Пайванд” вазоифи аслии худ, яъне пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону тоҷикони бурунмарзиро иҷро карда натавонистааст.

 

Оқои Абдуманнонов мегӯяд, ки барнома кӯҳнаву якранг буда ва мавзӯъҳои мавриди баҳси он низ ба пайванди забонию фарҳангӣ ва рисолати ин барнома ба унвони пули иртиботии Тоҷикистону тоҷикони ҷаҳон камтар рабт доштааст. Аммо бино ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, ин барнома, ки ба сурати мустақим пахш мешуд, дар пайи "ибрози назари интиқодӣ дар мавриди сиёсати давлати Тоҷикистон" тавассути меҳмоне дар он баста шудааст, агарчи таҳиякунандагони барномаи “Пайванд” аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ мекунанд.

 

Аммо Дилором Раҳимзода, сардабири барномаи “Пайванд”-и шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон гуфт, аз масъулони Кумитаи родию ва телевизиюни ин кишвар дар мавриди далоили қатъи пахши барнома тавзеҳ хостааст. Хонуми Раҳимзода аз қавли Абдураҳмон Абдуманнонов, муъовини аввали раиси ин кумита гуфт, ки барномаи “Пайванд” вазифаи "таърихии худро иҷро карда" ва ҳамакнун ба таҳияи барномаи тозае ниёз вуҷуд доштааст.

 

Барномаи “Пайванд” аз маъдуд барномаҳои шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон буд, ки ба таври мустақим пахш мешуд. Дар ҳоле ки масъулони Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон далоили қатъи пахши барномаи “Пайванд”-ро ба навоқиси эҷодӣ марбут хонда ва ангезаҳои сиёсӣ надоштани ин ҳодиса таъкид мекунанд, вале манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, охирин барномаи "Пайванд" дорои назароти интиқодӣ нисбат ба сиёсати давлати Тоҷикистон будааст, ки дар телевизиюни давлатӣ камтар ба мушоҳида мерасад.

 

Зеро ба гуфтаи коршиносон пахши мустақими барнома сонсури сӯҳбатҳои меҳмонони барномаро маҳдуд мекунад. Ин дар ҳолест, ки Дилором Раҳимзода, сардабири барномаи “Пайванд”-и шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон гуфт, ки Абдураҳмон Абдуманнонов муъовини аввали раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барномае, ки қарор аст ҷойгузини барномаи "Пайванд" шавад, бояд ба таври мустақим на, балки аз тариқи сабти пешакӣ пахш шавад.

 

Гуфта мешавад, масъулони “Сафина”, шабакаи дигари телевизиюни расмии Тоҷикистон низ барномаи “Кастинг”, ки қаблан ба таври мустақим пахш мешуд, пас аз шӯхиҳои ҳунармандон дар бораи давлати Тоҷикистон тасмим гирифтанд барномаро ба таври мустақим на, балки аз роҳи сабти қаблӣ пахш кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, назари коршиносон дар бораи кайфияти барномаи басташудаи “Пайванд” мутафовит аст. Иддае ин барномаро танҳо пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону тоҷикони бурунмарзӣ ва кишварҳои ҳамзабон талақӣ мекунанд. Аммо Қосимшоҳи Бекмуҳаммад мегӯяд, барномаи “Пайванд”-и шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон ба иллати имконоти маҳдуди молӣ натавонистааст рисолати худро анҷом диҳад.

 

Ба эътиқоди оқои Бекмуҳаммад, ин барнома бояд аз вазъияти зиндагӣ ва фаъолияти тоҷикон дар кишварҳои хориҷӣ, назири Русия ё Чин гузориш таҳия мекард. Вале ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад "раҳбарони ҷамъиятҳои мухталифи тоҷикони бурунмарзӣ дар ин барнома ҳузур надошта ва барнома танҳо бо сӯҳбат бо коршиносони дохилӣ иктифо мекард.

 

Аммо таҳиякунандагони барномаи “Пайванд” ин иддаъоро рад карда ва мегӯянд, ки раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва чеҳраҳои саршиноси кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки барои ширкат дар нишасту ҳамоишҳои байналмилалӣ вориди Тоҷикистон мешуданд, дар барнома ширкат доштаанд. Бо ин ҳама телевизиюни давлатии Тоҷикистон ба далели камбуди молӣ то ҳол дар кишварҳои андаки ҷаҳон хабарнигор дошт ва таҳиякунандагони барномаҳои ин шабака банудрат барои таҳияи гузоришҳо ва ҷамъоварии матлаб ба хориҷи кишвар эъзом мешаванд.

 

Созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии баён зимни интишори гузоришҳо аз давлати Тоҷикистон ба далели эҷоди маҳдудиятҳо дар озодии матбуъот ва шиддати кунтрули давлат бар расонаҳо интиқод кардаанд

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2529-2010-06-22-17-21-37.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854