КУМАКИ ЭРОН БА РАҲОИИ ВОГУНҲОИ ТОҶИКИСТОН
Эрон ба Ӯзбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон, аз вуруди вогунҳои Ӯзбакистон ба Эрон ҷилавгирӣ мекунад. Ҷониби Ӯзбакистон посух додааст, ки таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон ба далели фаннӣ сурат гирифта ва базудӣ рафъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза Ӯзбакистон аз тариқи қаламрави Эрон то 150 вогун, маъмулан бо шумули панбаи тавлидоти худ, содир мекунад.
Беҳрӯз Баландӣ, як масъули Роҳи оҳани Эрон ба хабарнигорони тоҷик гуфт, ки ин ширкат бо ирсоли номае ба мақомоти “Ӯзбакистон темир йӯллари” ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон тронзити вогунҳои Ӯзбакистон тавассути қаламрави Эрон маҳдуд хоҳад шуд. Ҳамчунин, ин нома ба мақомоти роҳи оҳани Туркманистон низ ирсол шуда ва аз онҳо хоста шудааст, ки вогунҳои тронзитии Ӯзбакистон ба Эронро аз 10-уми июн ба баъд қабул накунанд.
Оқои Баландӣ ба хабар дод, ки як рӯз пас аз ирсоли ин нома, Акрамҷон Абдуллоев, ки муъовинати аввали раиси ширкати “Ӯзбакистон темир йӯллари”-ро бар уҳда дорад, дар тамос бо мақомоти роҳи оҳани Эрон гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар мавриди вогунҳои Тоҷикистон мушкиле эҷод намешавад ва ба ин далел хостори лағви маҳдудият дар тронзити вогунҳои ӯзбакистонӣ тавассути қаламарви Эрон шудааст. Ин намояндаи роҳи оҳани Эрон хабар дод, ки бо дарназардошти оғози интиқоли вогунҳои тоҷикистонӣ аз Ӯзбакистон, макомоти роҳи оҳани Эрон тасмим гирифтаанд муқаррароти маҳдудият барои вогунҳои Ӯзбакистонро ба таъвиқ дароваранд.
Беҳрӯз Баландӣ гуфтааст: "Дар равобити миёни ниҳодҳои роҳи оҳани Эрон ва Ӯзбакистон мушкиле нест. Ин иқдом танҳо ба манзури кумак ба ҳалли мушкили вогунҳои кишвари бародари Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шуда буд." Аз сӯйи дигар, таъвиқи вогунҳои тоҷикистонӣ дар Ӯзбакистон бар раванди сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки бо ҳимояти молии давлати Эрон сохта мешавад, таъсир гузошта буд. Таъмини масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои ин тарҳ бо мушкил рӯбарӯ шуда буд. Гуфта мешавад, ки то чанд рӯзи қабл ҳудуди 70 вогуни ҳомили колоҳо ва мавод барои ин нерӯгоҳ дар Ӯзбакистон дар ҳоли таъвиқ қарор доштанд.
Оқои Баландӣ гуфтааст, ки ҳоло интиқоли ин вогунҳо ба Тоҷикистон шурӯъ шуда ва боз 20 вогуни дигари ҳомили таҷҳизот барои сохтмони ин нерӯгоҳ аз Эрон ба Тоҷикистон раҳсипор шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Андрей Тропин, як масъули ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” (РОТ) рӯзи чаҳоршанбеи 17 июн дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз ду рӯз пеш ба ин сӯ Ӯзбакистон ба вилояти Хатлон ҳатто як вогунро ҳам интиқол надодааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Ӯзбакистон ҳудуди 600 вогуни ҳомили колоҳо ва маводд барои вилояти Хатлон аз ҳаракат бозмондаанд. Дар маҷмуъ, бо дарназардошти самти Душанбе, дар Ӯзбакистон ҳаракати беш аз 1300 вогун ба таъвиқ дароварда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар дидор ва гуфтугӯйи ҳафтаи гузаштаи Президент Раҳмон бо Ислом Каримов, ҳамтои ӯзбаки вай, дар Тошканд тавофуқ шуда буд, ки куллияи вогунҳои тоҷикистонӣ, ба ҷуз аз мавод ва колоҳои мавриди истифода барои нерӯгоҳи “Роғун”, бидуни мамонеъат ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Вале Андрей Тропин мегӯяд, ки баъд аз ду рӯзи ин тавофуқот бо ҷониби Ӯзбакистон дар тамос шудааст ва онҳо гуфтаанд, ки “то ҳол барои тағйири вазъ ҳеҷ дастуре нагирифтаанд.”
Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, дар дидор ва гуфтугӯйи Президент Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, мавзӯъи мусоъидати ин кишвар ба ҳалли мушкили вогунҳои тоҷикистонӣ дар Ӯзбакистон матраҳ шуда буд. Ин манобеъ гуфтанд ҷониби Эрон изҳор доштааст, ки аз роҳҳои диплумотик ба ҳалли ин қазия мусоъидат хоҳад кард. Ҳамчунин, як узви ҳайъати Вазорати дифоъи Эрон, ки ахиран аз Тоҷикистон дидан карда буд, изҳор дошт, ки мавзӯъи мусоъидати кишвараш ба ҳалли мушкилоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз аҳдофи аслии ин сафар будааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2492-2010-06-16-11-20-31.html