ОҒОЗИ ҲАМОИШИ ОБ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе як ҳамоиши байналмилалии марбут ба об таҳти раёсати Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, оғоз шуд. Ин кунфронс дар сатҳи мақомоти баландпояи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мухталиф дар чорчӯби барномаи даҳсолаи “Об барои ҳаёт” баргузор мешавад. Ҳадафи кунфронс баррасии раванди иҷрои тарҳҳои марбут ба даҳсолаи “Об барои ҳаёт” дар чаҳорчӯби Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милал аст.
Дар ин ҳамоиш, ки аз ҳаштум то даҳуми июн идома хоҳад дошт, 30 вазир аз кишварҳои мухталиф ва чандин намояндаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муъовини дабири кулли СММ, ширкат мекунанд. Рӯзи сешанбе се мизи гирди марбут ба “Тасреъи раванди дастёбӣ ба ҳадафҳои барномаи рушди ҳазорсола бо ширкати занон”, “Ҳамкориҳо дар заминаи обҳои фаромарзӣ” ва “Кайфияти об” доир мешавад.
Ин кунфронс дар ҳоле дар Душанбе баргузор мешавад, ки мавзӯъи дастрасӣ ба об дар ҷаҳон аз мавзӯъоти муҳимми пешорӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва ихтилофоти марбут ба истифода аз захоири об аз мавзӯъоти доғ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки ҳудуди 60 дарсади обҳои минтақа аз кӯҳистони он сарчашма мегирад, аммо худ танҳо аз 5 дарсади манобеъи обаш истифода мекунад, умедвор аст ин кунфронс дар сода кардани ихтилофоташ бо кишварҳои поёноб, бавижа Ӯзбакистон, нақши муҳимме ифо кунад. Аммо Ӯзбакистон, ки аз мухолифони аслии тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон, бавижа бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аст, дар кунфронси оби Душанбе танҳо дар сатҳи муъовини яке аз вузарояш ширкат мекунад.
Ин дар ҳолест, ки аксари кишварҳои минтақа мақомоти баландпояи худро барои ширкат дар кунфронс ба Душанбе эъзом кардаанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, яке аз ширкаткунандагони рӯзи дувуми кунфронс хоҳад буд. Ӯро дар ин сафар Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон, низ ҳамроҳӣ мекунад.
Эрон дар робита бо ихтилофоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзабкистон гуфта буд, ки нерӯгоҳи “Роғун” аз тарҳҳои муҳим на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои минтақа аст. Рӯзи чаҳоршанбе низ дар чаҳорчӯби кунфронс чаҳор мизи гирди дигар баргузор мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2438-2010-06-08-05-17-02.html