МУЗОКИРОТ БАРОИ ПАХШИ МУСТАҚИМИ ҶОМИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон мавзӯъи пахши мустақими мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футболро баррасӣ мекунад. Ин мусобиқот рӯзи ҷумъаи 11 июн дар Ҷумҳурии Офриқои Ҷанубӣ шурӯъ шуда ва дар муддати як моҳ идома хоҳад ёфт.
Абдураҳмон Абдуманнонов, муъовини аввали раиси кумитаи родию ва телевидиюни Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло бо яке аз кишварҳои хориҷӣ масъалаи пахши мустақими бозиҳои футбол аз Офриқои Ҷанубӣ матраҳ шуда ва то се рӯзи оянда натоиҷи ин музокирот эълом хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти Федеротсиюни Ҷаҳонии Футбол ё ФИФА пахши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол бидуни музокира ва қарордод бо ин Федеротсиюн, аз тариқи кишвари севум мамнӯъ аст.
Вале оқои Абдуманнонов гуфт, ки ҷониби музокироти кумита ширкати ғайридавлатии яке аз кишварҳои хориҷӣ буда ва ин мамнӯъият ба ин гуна ширкатҳо тааллуқ намегирад. Муъовини аввали раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон таъкид кард, ки мусобиқоти қаблии Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки дар тобистони соли 2006 дар Олмон баргузор шуда буд, шабакаҳои Якум ва “Сафина”-и Тоҷикистон тавассути “Видео Интернешнл”, ширкати ғайридавлатии Русия намоиш дода буданд.
Зимнан, он замон дар телевизиюни Тоҷикистон шарҳи ин бозиҳо аз сӯйи шореҳони футболи Русия ва бо забони русӣ анҷом шуда буд. Дар остонаи баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол соли 2006 низ, масъулони Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон эълом доштанд, ки бо шабакаҳои телевизиюни Эрон дар мавриди пахши мустақими бозиҳо музокирот мекунанд. Аммо натоиҷи ин музокирот эълом нашуда ва сипас, намоиши бозиҳо аз тариқи ширкати ғайридавлатии Русия оғоз гардид.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/2434-2010-06-07-15-45-57.html