16:41:38 02-уми Июни 2025 сол

IRS ИДОМАИ ПУЛСИТОНИРО ҚОНУНӢ МЕНОМАД

Дар ҳоле, ки хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон фаъолияти ширкати "Иновайтед Роуд Солюшенз"-ро бидуни муҷаввиз арзёбӣ кард, масъулини ин ширкат мегӯянд, ки он дорои муҷаввиз буда, дар доираи қавонини ҷории кишвар амал мекунад. Масъули дафтари матбуоти ин ширкат Аслиддин Шамиров дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, «ширкати мо муҷаввиз дорад. Чӣ тавр мешавад, ки як ширкати бузург дар қаламрави як кишвар бе иҷозату бе муҷаввиз фаъолият кунад? Ҳамаи ҳуҷҷату асноди ширкати мо мутобиқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон мебошад.»

 

Аммо дар робита ба ин, ки рақами муҷаввиз чанд аст ва мӯҳлати амалкарди он то кай аст, Аслиддин Шамиров гуфт, ки ӯ аз ин бештар сӯҳбат намекунад ва бидуни шарҳи бештар гӯшии телефонро гузошт.

 

IRS қарори комиссиюнро қабул накард

Ин дар ҳолест, ки дар охирҳои ҳафтаи гузашта, комиссиюни вижаи хадамоти зиддиинҳосории Тоҷикистон зимни як нишаст ва баррасии ин қазия пулҷамъоварӣ дар гузаргоҳҳои роҳи Душанбе-Чаноқро ғайриқонунӣ донист ва аз ширкати «Иновайтив Роуд Солюшенз» тақозо кард, ки ба пулситонӣ дар ин роҳ хотима диҳад.

 

Вале замоне, ки мо ба маҳалли гузаргоҳи Чорбоғ омадем, барои то маркази ноҳияи Варзоб расидан аз мо 3 сомонӣ гирифтанд ва дар ивази он як коғазеро ба мо доданд, ки рӯйи он номи ширкат ва хатти ҳаракат ва қиммати роҳ навишта шуда буд.

 

Мухолифи сарсахти IRS

Дар бозгашт низ ба пойтахт аз мо се сомонӣ гирифтанд. Мо барои рушанӣ андохтан ба ин масъала, ки ҳамчунон ҷамъоварии пул дар ин роҳ идома дорад, бо раиси хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Амонулло Ашуров тамос гирифтем.

 

Вай дар посух ба ин суол гуфт, «ман дирӯз дар ҳамон гузаргоҳ будам, қонуншиканӣ идома дорад. Мо ба ширкати Иновайтив Роуд Солюшнз як моҳ мӯҳлат додаем, ки ҳамаи камбудиҳояшро бартараф кунад ва ба қонушиканӣ хотима диҳад. Ҳоло комисия дар ин самт кор карда истодааст ва агар дар ҳамин як моҳ камбудиҳояшро бартараф накунад, тибқи қонунҳои мақомоти зиддинҳисорӣ, мо нисбати ин ширкат чораҳои зарурӣ меандешем».

 

Амонулло Ашуров афзуд, дар ин мӯҳлате ки ҳисоборти ширкат таҳия ва пешниҳод мешавад, бояд пулчинӣ дар гузаргоҳҳо манъ карда шавад.

 

ПулситонӢ идома дорад

Имрйз ҳам яъне 31 май ронандаҳое, ки ба самти Душанбн-Хуҷанд ҳаракат мекунанд, дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки дар гузаргоҳи Чорбоғ, аз онҳо аз 3 то 5 сомонӣ ҳаққи роҳро гирифтанд.

 

Аммо хадамоти инҳисории Тоҷикистон ва комиссиёни вижаи ин хадамот эълом доштанд, ки агар ин ширкат ба амри онҳо итоат накунад, қазияи мазкур ба додгоҳ кашида хоҳад шуд.

 

То кунун ширкати Иновейтед Роуд Солюшенз дар муқобили иддаои мақомоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди фаъолияти ғайриқонунии ин ширкат, далел ё посухи маҳкаме ироа накардааст.

 

Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2393-irs----.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854