“Қонунгузориҳо дар самти нақлиёт ва иҷрои онҳо!”
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузории нақлиётро мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод. Таҳлилу ҷамъбасти ҳолати иҷрои қонунгузории нақлиёт нишон дод, ки дар ин давра 42 санҷиш гузаронида, 1375 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд.
Ҷиҳати рафъӣ камбудиҳои ошкоршуда ба мақомотҳои дахлдор 181 - амр, 70 - пешниҳод ирсол намуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 196 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 173 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд. Ба 358 қарорҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда, 461 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 451295 сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст, ки назар ба соли гузашта ба маблағи 127384 сомонӣ зиёд мебошад.
Зимни санҷишҳои гузаронида муайян гардид, ки кормандони Раёсатҳои минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоб уҳдадориҳои хизматии худро ба таври зарурӣ ба роҳ намонда, ба фориғболӣ ва мусолиҳакорӣ роҳ дода, бо ин амалҳои худ боиси ба миён овардани шубҳаноки оиди ба таври зарурӣ ва шафоф ба иҷро расонидани вазифаҳои хизматиашон гардидааст.
Аз ин беамалӣ ва ё мусолиҳакорӣ субъектони муносибатҳои соҳаи мазкур истифода намуда, иҷроиши талаботи иҷозатномадиҳӣ барои кашонидани бор, борҳои вазнин ва калонҳаҷм, сертификатсияи баркашии воситаҳои нақлиётӣ ва ғайраро даѓалона поймол менамоянд.
Чунончӣ, Қурбонов Р.Н. , сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Аюбӣ, хонаи №92 дар вазифаи эксперти филиали КВД МСКХСН дар НТҶ минтақаи Ҳисор кору фаъолият намуда, низоми тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатиро вайрон намуда, дар чунин ҳолат даст ба содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задааст.
Номбурда 22 январи соли 2026 ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар дидбонгоҳи нақлиётии РБ-02 воқеъ, дар шаҳри Турсунзода қарор доштанаш, аз ронандагони автомашинаҳои боркаш маблағи сертификати мутобиқати вазни автомашинаҳои боркашро нақди ҷамоварӣ намуда, сипас худаш ин маблағҳои ҷамовардаашро ба воситаи корти “Душанбе сити”-и маблағгузаонии худаш аз номи ронандагон пардохт намудааст.
Тибқи талаботи банди 1-и Фармони Президеити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2023 "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркуни ғайрннақдӣ” пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасоииҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчуин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкидотҳои давлатӣ (минбаъд- хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринакдӣ амалӣ карда мешавад.
Нисбати эксперти филиали КВД МСКХСН дар НТҶ минтақаи Ҳисор Қурбонов Р.Н. 10.02.2026 сол бо моддаи 541 (1)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оѓоз карда шуда, барои баррасӣ намудан ба суди шаҳри Бохтар фиристонида шуд.
Асосан санҷишҳои прокурорӣ доир ба самти риояи қонунгузорӣ оиди ҳамлу нақли мусофирон, амалияи маъмурӣ дар фаъолияти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб, инчунин риояи қоидаҳои боркашониро фаро гирифта, бо натиҷаи он чораҷуӣ карда шудааст. Зимни санҷиш дар Раёсатҳои номбурда ҳолатҳои нопурра тартиб додани маводҳои маъмурӣ, дарҷ накардани моҳияти қонунвайронкунӣ, сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳои маъмурӣ, бандубаст ва татбиқи нодурусти меъёрҳои қонунгузории маъмурӣ ошкор карда шуда, бо тариқи назоратӣ эътирозҳо оварда шудаанд.
Дар як вақт диққати ҷиддӣ ба иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба боркашонӣ дода шуда, дар ин самти назорати прокурорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуратураи шаҳру ноҳияҳои он 25 санҷиш гузаронида, 200 - қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд. Ҷиҳати рафъӣ камбудиҳои ошкоршуда 7 -амр, 8 -пешниҳод ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 6 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд. Ба 24 -қарорҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда, 150 -парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ‘‘Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва тартиби истифодаи онҳоро муайян намуда, барои танзим ва идоракунии фаъолияти роҳдорӣ равона гардидааст.Заминҳои роҳҳои автомобилгард қисмати заминҳои наклиёти автомобилӣ мебошанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтмони роҳҳои автомобилгард, азнавсозӣ ва истифодабарии онҳо ҷиҳати бунёди бинову иншоотҳои роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ, инчунин қисматҳои ҳамшафат ва минтақаҳои захиравӣ дода шудаанд.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур замини роҳи автомобилгарде, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани шароити истифодабарии роҳҳои автомобилгард бо назардошти талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин имконияти азнавсозӣ, таъмир, нигохдорӣ ва ҷойгиркунии иншооти роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ пешбинӣ шудааст, қисмати ҳамшафати роҳи автомобилгард дониста мешаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми додани заминҳои нақлиётӣ ба истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок, якумраи меросӣ ва иҷора ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад.
Инчунин, аз тарафи шаҳрвандон заминҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард, оҳан ва заминҳои майдонҳои ҳавоӣ аз тарафи шахсони воқеӣ худсарона ишғол карда, дар онҳо биною иншоотҳо сохта шудаанд, ки ин ҳолатҳо боиси халалдор сохтани таъмини бехатарии ҳаракати нақлиётҳо дар роҳҳои автомобилгард, оҳан ва фурудгоҳҳо мегарданд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксарияти зиёди ронандагони боркаш талаботҳои оддитарини сархати 34 моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”-ро риоя накарда, бе иҷозатнома тавассути воситаи нақлиётии боркашон дар ҳудуди вилояти Хатлон ба фаъолияти боркашонӣ машғул гардидаанд.
Чунончӣ, шаҳрванд Саторов Ш.Ш. сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кучаи М.Осимӣ, хонаи №53 бархилофи талаботи Қоидаҳои аз роҳои автомилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳоие, ки аз меъёрҳои муқараршуда зиёданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 779 аз 29 декабри соли 2006 тасдиқ карда шудааст амал карда, 09.02.2026 сол тавасути воситаи нақлиёти боркашони тамғаи “Шакман”, рақами қайди давлатиаш 00-22 СН 01 аз меъёри муқараршуда ба андозаи 25000 кг зиёд ба кашонидани масолеҳи сохтмонӣ машғул шудааст.
Ё ин, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳ.Б. сокини ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Ифтихор бархилофи талаботи Қоидаҳои аз роҳои автомилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳоие, ки аз меъёрҳои муқараршуда зиёданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 779 аз 29 декабри соли 2006 тасдиқ карда шудааст амал карда, 03.02.2026 сол тавасути воситаи нақлиёти боркашони тамғаи “Шакман”, рақами қайди давлатиаш 034 АБ 01 аз меъёри муқарраршуда ба андозаи 21750 кг зиёд ба кашонидани масолеҳи сохтмонӣ машғул шудааст.
Аз ҷониби прокуратура нисбати номбурдагон бо моддаи 311 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайрронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ирсол карда шуда, ҷаримабандӣ гардидаанд.
Прокуратураи вилояти Хатлон ба иҷрои қонунгузориҳо дар самти нақлиёт диққати ҷиддӣ дода, минбаъд низ вобаста ба амалӣ намудани талаботҳои онҳо дар ҳудуди вилоят чораҳои дахлдорро меандешад.
Юсупов С.Р., Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёту гумруки Прокуратураи вилояти Хатлон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2
















