01:04:26 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аввал ташхиси тиббӣ, баъд – ЗАГС

Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муваззаф шудаанд, бе санади ташхиси тиббӣ ҷавононро никоҳ накунанд. Дар ташхис вазъи саломат, пайванди хешутаборӣ ва бакорати арӯс зикр мешавад.

arusi_6521455454.jpgРаиси яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт, аз 18 апрели соли ҷорӣ аз арӯсу домоду арӯсшавандаҳо маълумотномаи пизишкӣ талаб карда мешавад, ки дар он вазъи хун, чашм, гӯш ва бакорати духтар ва пайванди хешутабории ҷавонон зикр шудааст. Мусоҳиби мо афзуд, бе ин маълумотнома дар шиносномаи номзадҳо мӯҳри идораи ҷамоат гузошта намешавад ва арӯсу домодшаванда наметавонанд, тӯй барпо кунанд ва, ҳамин тавр, аз тарафи як рӯҳонӣ никоҳи шаръӣ низ наметавонад сурат бигирад.

Ҷалолиддин Раҳимов - муовини раиси Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон, ба мо гуфт, маълумотномаи тиббӣ баробар аз арӯсшавандаву домод талаб карда мешавад. Ба қавли Раҳимов, дар Узбакистон ин таҷриба алакай ба роҳ монда шудааст ва дар онҷо вақте ариза ба идораи ЗАГС пешниҳод карда мешавад, ба ҷавонон роҳхат барои муоинаи тиббӣ дода мешавад ва онҳо ройгон ё бепул аз муоинаи пизишкӣ мегузаранд.

“Гоҳ мешавад, ки арӯсшаванда ҳомила аст, вале домодшаванда хабар надорад ва маълум нест кӯдак аз кист. Дар чунин ҳолат маълумотномаи тиббӣ вазъиятро ошкор мекунад ва қабл аз никоҳ аз пошидани хонавода ҷилавгирӣ карда мешавад,”-гуфт муовини раиси идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.

Ҷалолиддин Раҳимов афзуд, ҳоло аз вазири тандурустии Тоҷикистон хоста шудааст, масъалаи бе пардохти пул муоина намудани арӯсу домодашвандаро ҳал бикунад. “Ҳоло вақте барои маълумотномаи тиббӣ ба беморхона меравед, ҳатман барои ҳар навъи муоина пул талаб карда мешавад. Барои ҳамин пешниҳод кардем, масъалаи мазкур ҳалли мусбати худро пайдо кунад, то ҷавонон бе ягон мушкил рафта, аз муоина бигузаранд,"-мегӯяд Раҳимов.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл бо дастури Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб қабл аз издивоҷ 43 ҷуфти ҷавон аз ташхиси тиббӣ гузаштанд, ки дар натиҷа як ҷуфт пайванди хешу таборӣ доштааст.

Иддае аз сокинон ба ин иқдоми идораи ЗАГС ва дигар ниҳодҳои зидахл мухолифат нишон дода ва онро муғойир ба қонун мехонданд. Аммо мақомот мегӯянд, ҳадаф на маҳдуд кардани ҳаққи шаҳрвандон, балки ҷилавгирӣ аз талоқ ва ба дунё омадани тифлони маъюб аст. Ба қавли онҳо аксари кӯдакони ноқис аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омада, 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд.

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон низ қаблан бо нашри як мақола аз ташхиси тиббии ҷавонон пеш аз издивоҷ ва хотима додан ба никоҳҳои хешутаборӣҳимоят карда ва гуфта буд, ин тасмимҳо мухолифи дини мубини ислом нест.

Раҳбари маркази исломшиносӣ мегӯяд, мавзӯи ҳатмӣ кардани ташхиси пеш аз издивоҷи ҷавонон қабл аз он ки ба сокинон гуфта шавад, бисёр таҳқиқ шуда ва таҷрубаи кишварҳои дигар низ омӯхта шудааст. Ӯ меафзояд, дар Миср, Сурия, Арабистони Саудӣ, Иморот, Урдун, Кувайт ва Қатар қонунҳои алоҳида “Дар бораи низоми муоинаи пизишкӣ пеш аз издивоҷқабул шудаанд, ки баргирифта аз таҷрубаи кишварҳои пешрафта, аммо бунёдёфта бар асоси таълимоти Қуръонанд.

Соли 2014 дар кишвар 95 ҳазору 500 ақди никоҳи сабт кардаанд ва аз ин миён 9 ҳазор ҷуфт аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, ки нисбат ба соли 2013 9,5 дар сад зиёд аст ва ҳамингуна ҳазорон кудаки дигари тоҷик нимаятим мондаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi