15:09:35 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ВКД: "Мо дастур надодаем, ки ришҳоро маҷбуран тарошед"

Масъулони вазорати умури дохилӣ мегӯянд, ҳеч дастур нест, ки маҷбуран тарошидани риши сокинонро иҷоза диҳад. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, дастур шудааст, то ҷавонон ба ришмонии ботартиб ташвиқ шаванд.

vkd-milisa-4565121.jpgВазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳеч гуна дастури расмӣ дар бораи иҷборӣ тарошидани риши сокинони кишвар вуҷуд надорад ва ҳар касе ин корро мекунад, бояд худаш ҷавобгӯ бошад, на вазорат.

Ҷалолиддин Садриддинов - сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 21 апрел ба мо гуфт, танҳо ба маъмурони пулис дастур шудааст, миёни ҷавонон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" бубаранд, ки ҳангоми гузоштани риш бодиққат бошанд ва онро ботартиб гузоранд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, "аммо ҳеч гуна дастур ба шӯъбаҳои умури дохилӣ дар шаҳру навоҳии кишвар барои тарошидани ҳатмии риш дода нашудааст." Ӯҳангоми сӯҳбат пинҳон накард, ки вақтҳои охир ба худи вазорат низ дар бораи маҷбуран тарошидани риши мардон шикоятҳо мерасанд ва ҳоло онҳо дар дасти баррасиянд.

Ҳамагӣ як рӯз пеш дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурони пулис бо як марди ришдор, ки зоҳиран тоҷир аст, пахш шуд ва бо вокунишҳои тунд ҳам рӯбарӯ омад. Дар навор дида мешавад, пулис ба тоҷири ришдор мегӯяд, ки "ҳозир ришҳота қоқ-қоқ метарошам. Ришата гир, дигар набинам."

Ҷузъиёти ин навор, ки кай ва дар куҷо сабт шудааст, дақиқ нест. Аммо дар навор дида мешавад, миёни маъмурони пулис ва ду зани ҳамроҳаш, ки яке ҳиҷоб дораду дигаре – не, низ баҳс идома мекунад ва дар охир маъмурони пулис ҷавонро "ин ҷо биё, ин ҷо биё"-гуфта аз гарданаш гирифта мебаранд.

Дар аввали моҳи ҷорӣ Рустам Гулов - ҳомии ҳуқуқ, корманди ГИТ "Аксент" ва узви Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти пулис ҳам ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аризаи шикоятӣ навишт, ки маъмурони милиса ришашро, ки чандон баланд набуд, маҷбурӣ тарошидаанд. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, рӯзи 2 апрел дар бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд маъмурони пулис маҷбурӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда, ришашро гирифтаанд.

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, "вақте ба шӯъба дароварданд, дар онҷо тӯдаи мӯй буд ва тахминан 200-250 нафарро алакай дар ин хонача “риштарошон” карда буданд."

Аз ин пеш, рӯзи 1 апрел, Лутфулло Бобобеков, як сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент низ ба мо гуфта буд, сафари ӯ ба шаҳри Хуҷанд бо моҷарое бо кормандони милиса бадал шудааст. Ин сокини ҷамоати Халифабобои шаҳри Панҷакент гуфт, ба ҳангоми гаштугузор дар бозори “Панҷшанбе” ӯро як ходими милисаи шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Хуҷанд боздошт карда ба идора бурд ва он ҷо, ба гуфтааш, бо зӯр ришашро тарошидаанд.

Ба гуфтаи нозирон, нигарониҳои мақомот аз афзоиши ақоиди тундгароии мазҳабӣ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва таҳдидҳои афзояндаи созмонҳое мисли "Давлати исломӣ" боис шудааст, мақомот ҳатто таваҷҷӯҳи занон ба пӯшидани либоси исломӣ ва андозаи риши мардонро зери назорат бигиранд. Айни замон, ин ташаббусҳо чун дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон интиқод мешавад, вале мақомот мегӯянд, ҳадаф роиҷ кардани пӯшишҳои исломӣ ва ба тартиб даровардани риши ҷавонон асту бас.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi