11:14:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Абу Муҳамад Ат-Тоҷикӣ кӣ буд?

Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ нафаре бо номи Алан Чекранов - донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва се карат қаҳрамони кишвар оид ба муҳорибаҳои бидуни қоида будааст.

alan-chekranov_21545454.jpgАлан Чекранов, се карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба муҳорибаҳои бидуни қоида, ки дар сафҳаҳои интернетии ҷиҳодиҳо ҳамчун Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ муаррифӣ мешавад, шаби дуюм ба сеюми феврал дар шаҳри Киркуки Ироқ кушта шудааст.

Нафаре, ки худро дӯсти ӯ хондааст, дар “Однокласники” навишт, Абу Муҳамад Ат-Тоҷикӣ бо ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар пайи бомбафкании ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ болои Киркук ба шевае кушта шудаанд, ки “аз онҳо ҳеч нишоне намонд”.

Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ ё Алан Чекранов соли 1993 дар ноҳияи Шаҳритус аз издивоҷи Мария Чекрановаи осетинтабор ва Умар ном як марди тоҷик ба дунё омад, аммо дар санадҳои расмӣ номи хонаводагии ӯ бо ному насаби хонаводаи модараш сабт шудааст. Аз ӯ се карат қаҳрамони бозиҳои бидуни қоида дар вазни 54 кило дар чемпионат оид ба чунин навъи мусобиқа, ки аз соли 2008 ба ин сӯ дар Тоҷикистон соле як бор баргузор мешавад, ном мебаранд.

Ихроҷ аз донишгоҳ ва... роҳи муҳоҷират

Алан Чекранов соли 2010 мактаби 4-и ноҳияи Шаҳритусро хатм карда, сипас дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсилро идома додааст. Соли 2012, бинобар иштирок накардан дар дарсҳо, аз ин донишгоҳ хориҷ шуда, баъдан бо ҳадафи муҳоҷирати корӣ роҳи Русияро пеш мегирад. Дар тӯли як соли кор дар Русия, ба гуфтаи дӯстонаш, ӯ бештар дар ҳалқаи қафқозиҳо ворид буд ва гуфта мешавад, маҳз бо таҳрики ҳамин гурӯҳ нимаи соли 2013 ба Ироқ рафтааст.

Маълум нест, Алан Чекранов кай ба гурӯҳи “Давлати исломӣҳамроҳ шуд, аммо ба гуфтаи ҳамсафонаш ӯқабл аз куштанаш дар Киркук бо пешмарагаҳо вориди даргир буд. Дар пайи мушаххас кардани шахсияти Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ҳамсинфону муаллимон ва ҳамсояҳои ӯ дар тамос шудем.

Шароф Тағоев, як ҷавоне, ки худро аз дӯстони Алан муаррифӣ кард, дар як тамоси телефонӣ гуфт, бори охир Аланро аввалҳои соли 2013 дид, ки пас аз муҳоҷирати тақрибан яксола аз Русия баргашта, комилан тағйир ёфта буд.

Ӯ гуфт: “Ин ҷо ҳамеша машқ мерафту меомад ва фақат дар бораи “бой без правил“ гап мезад. Аммо вақте аз Русия омад, каме дар манаҳаш риш дошт ва суханҳояш дигар шуда буд. Каме дилмонда ба назар мерасид ва гуфт, дигар муҳоҷират намеравад, он ҷо азоб аст ва дар Донишгоҳи славянӣ барқарор карда, таҳсилашро идома медиҳад. Аммо чанде баъд шунидем, ки боз ба Русия рафтааст.”

Писари "Умари Риш"

alan-chekranov_2122334.jpgДар ноҳияи Шаҳритус низ ин ҷавонро бештар ҳамчун варзишгар мешиносанд ва фарзанди “Умари Риш” меноманд. Дар пайи дақиқ кардани манзили зисти ӯ хостем назари падару модари ӯро низ дар ин робита бишунавем.

Адолат Сайфуллоева, як хабарнигори маҳаллӣ, ки бо хоҳиши мо ба хонаи волидайни ин ҷавон рафт, мегӯяд, “аҳли хонавода мотамзада ба назар мерасиданд, аммо аз ҳар гуна сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд.”

Ӯ гуфт: “Пушти дарашон садо кардам. Хоҳараш бо номи Сабина, ки дар сараш рӯймоли сиёҳ дошт, берун шуд. Иҷоза надод, вориди хона шавам ва гуфт, падару модарам касеро дидан намехоҳанд. Хоҳари дигараш ҳам бо номи Шаҳноза он ҷо омад ва бе он ки чизе барояш бигӯям, гуфт, “бародари ӯ зинда ва дар Эрон аст” ва дарро ба рӯям пӯшиданд.”

Ин хабарнигор мегӯяд, зоҳиран наздиконаш аз ин ҳодиса хабар доштанд, аммо маълум набуд, ин хабарро аз интернет хондаанд ва ё онро мақомот барояшон гуфтааст.

"Ҳуҷҷатҳояшро бурданд"

Садбарг Туйчиева, директори мактаби рақами 4-и ноҳияи Шаҳритус, ки Алан он ҷо таҳсил кардааст, рӯзи 14-уми феврал ба мо гуфт, мақомот тамоми асноди марбут ба ин ҷавон дар мактабро бо худ бурдаанд. Ба қавли ӯ, “ҳама ҳуҷҷатҳоро барои тафтиш гирифтаанд, аз ин рӯ, ҳоло наметавонам дар бораи чӣ гуна таҳсил карданаш чизе бигӯям. Ман худам ӯро намешиносам. Соли 2010 мактаби моро хатм карда, ба Донишгоҳи славянӣ дохил мешавад. Дигар мо аз ӯҳеч хабаре надоштем.”

Афроде, ки ин ҷавонро мешиносанд, мегӯянд, ҳеч тасавур надоштанд, як донишҷӯи Донишгоҳи бонуфузи Тоҷикистону Русия рӯзе ҳамроҳ бо гурӯҳҳои тундрав ба Ироқ биравад. Намояндагони Идораи дин, танзими ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ноҳияи Шаҳритус, ниҳоде, ки аз рӯи рисолаташ ташвиқ мекунад, то ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ напайванданд, аз вуҷуди ин ҷавон дар Ироқ то нашри хабари маргаш иттилое надоштаанд.

Нурулло Табаров, намояндаи Кумитаи кор бо дин ва танзими расму оинҳо дар ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ӯ рӯйхати 87 нафареро рӯи даст дорад, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил менамуданд, вале дар ҳеҷ куҷое номи Алан вуҷуд надошт. Ӯ гуфт: “Мо 87 нафарро руйхат карда будем ва аксари онҳоро ба ватан баргардонидем ва бо боқимонда ҳамеша тамос дорем, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ напайванданд. Аммо ин ҷавоне, ки кушта шудааст, дар ҳеҷ рӯйхати мо набуд. Чун ҳоло хабар шудем, ӯ дар Русия будааст ва то ба Ироқ рафтанаш ба ягон кишвари исломии дигар сафар накарда будааст.”

Аз Русия ба... Сурия

Тоҷикистон беш аз як миллион муҳоҷир дар Русия дорад ва маҳз аксари ҷавонони тоҷик аз ин кишвар то ба ҷангҳои Ироқу Сурия расидаанд. Бо ин сабаб, ки аксари ҷавонони ба гуфтаи мақомот ифротӣ бо баҳонаи муҳоҷират аз кишвар берун мешаванд, то замони нашри хабари ҳалокаташон аксаран дар бораи онҳое маълумоте дастрас нест.

Аммо Алихон Муллоев, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус дар як сӯҳбати кутоҳ бо мо гуфт, чанд ҷавони дигари ин ноҳия низ дар Сурия ҳастанд, вале ошкор кардани исми онҳо сирри корӣҳаст.

Дар наворҳое, ки сомонаҳои зоҳиран марбут ба ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқ ва Сурия нашр мекарданд, Алан Чекрановбо номи Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ зоҳир шуда, бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ озодона вазъ мегуфт.

Аз Шаҳритус то ваъзгӯӣ дар Ироқ

Шаҳритус, маконе, ки Алан бузург шудааст, яке аз сераҳолитарин ноҳия дар вилояти Хатлон аст, ки бо Афғонистон ва Узбакистон марз дорад. Бори аввал аст, ки аз ҳалокати як ҷавони сокини ин ноҳия дар Ироқ хабар нашр мешавад.

Дар наворҳое, ки сомонаҳои марбут ба ҷангиёни тоҷик дар Ироқ нашр мекунанд, дида мешавад, Алан Чекранов онҳоро муҳорибаи бидуни қоида тамрин медиҳад. Инчунин, дида мешавад, гурӯҳе аз тоҷикон ва қафқозтаборон ба вазъҳои ӯ гӯш медиҳанд. Дар ноҳияи Шаҳритус Алан Чекравонро бештар ҳамчун варзишгар мешиносанд.

Ӯ бори охир 4-уми декабри соли 2011, вақте дар соли аввали донишҷӯи таҳсил мекард, дар мусобиқаи ҳарби беқоида дар мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ дар қатори сад нафар дар Маҷмааи варзишии “Моҳи нав”-и Душанбе дар вазни 54 кило ҳузур пайдо карда, бар рақиби худ Шоҳрух Аҳмадов пирӯз мешавад. Инро дӯстонаш охирин пирӯзии Алан медонанд, ки ба дунболи муҳоҷират ба Русия ақидааш дигар шуда, то ба Ироқ расид.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi