00:31:27 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

6 миллион $ даъвои Марина Фирташ барои "Гулистон"

Ҳамсари собиқи миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ даъвои 6 миллион доллар аз таҷҳизоти корхонаи дӯзандагии "Гулистон" кардааст.

korkhonai-duzandagii-gulist.jpgШиркати “Хайрок холдинг”, ки ба Марина Фирташ-Калиновская, завҷаи собиқи миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ  марбут дониста мешавад  барои бозпас гирифтани таҷҳизоти  корхонаи дӯзандагии “Гулистон” ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст.

Рӯзи 4 феврал дар як як тамоси катбӣ аз ширкати “Хайрок холдинг” ба мо гуфтанд, ин ширкат ба маблағи 6 миллион доллар барои корхонаи “Гулистон” таҷҳизот харидорӣ карда буд ва мехоҳад онро бозпас бигирад. Барои баргардондани ин таҷҳизот ин ширкат ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст ва муҳокимаи даъвои онҳо идома дорад. 

Корхонаи дӯзандагии “Гулистон” тақрибан як сол қабл бо ҳукми додгоҳи иқтисодӣ дубора давлатӣ гашт ва ба ихтиёри Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ гузошта шуд. Аммо бо гузашти як сол ин кумита ҳанӯз ҳам муваффақ нашудааст, ин корхонаро дубора ба кор андозад.    

То замони давлатӣ шуданаш, дар “Гулистон”, бино ба иттилои моликони қаблиаш, то 800 нафар кор мекарданд. 

Хабарнигори мо, ки рӯзи 4-уми феврал аз ин корхона боздид кард, дарҳои онро баставу мӯҳрзада дарёфт. Танҳо ду нафар аз посбонҳои бино онҷо буданд, ки гуфтанд, беш  аз як сол боз ин корхона фаъолият намекунад ва танҳо гоҳ−гоҳе директор ва сармуҳосибаш аз он дидан мекунанд.    

Дар ҳаминҳол, ба иддаои Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, ин корхона то ба ҳол кор мекунад ва шакли фаъолияташро дигар накардааст. Қодири Қосим дар нишасти хабарии моҳи январаш гуфт, самти фаъолияти ин корхона тағйир накарда, балки дар ҷои он ҷамъияти саҳомии давлатӣ ташкил медиҳанд:

Ҳозир мо дар заминаи корхонаи мазкур нияти ташкил кардани ҷамъияти саҳомии шакли кушодаро дорем. Чунки корхона дар шакли дигар тавонад бештар сармояи хориҷа ҷалб намояд. Самти фаъолияти корхонаро дигар намекунем, ҳамон корхона мемонад, роҳбар ҳамон. Ҳоло фаъолият карда истодааст. Фақат сохтори идоракуниашро дигар мекунем.”   

Иддаои раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳолест, ки молики қаблии корхонаи дузандагии “Гулистон” ширкати “Хайрок холдинг” мегӯяд, кулли таҷҳизоти замонавиеро, ки ширкат баъди хусувӣ карданаш ба “Гулистон” оварда буд, бозпас мегирад.

95 дарсади саҳмияҳои корхонаи “Гулистон” то моҳи апрели соли 2014 ба ширкати “Хайрок холдинг”-и Марина Фирташ-Калиновская, ҳамсари собиқи миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт. 5 дарсади дигари саҳмияҳо ба  Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонишудаи тоҷик Зайд Саидов марбут буд.

Маҳз дар пайи боз шудани чандин парванда алайҳи Зайд Саидов пас аз эълони азмаш баҳри таъсиси ҳизби наве бо номи “Тоҷикистони нав” мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар шеваи хусусисозии корхонаи “Гулистон”, ки ҳанӯз дар соли 2003 сурат гирифта буд, хилофкориҳое пайдо карданд. Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси шикояти Оҷонсии зидди фасод бо як мурофиаи ҳамагӣ тақрибан дусоата корхонаи “Гулистон”-ро ба нафъи давлат мусодира кард.

Ширкати “Хайрок холдинг” нахуст ба худи Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт. Дар ихтиёри Озодӣ видеое низ ҳаст, ки дар ифтитоҳи корхонаи “Гулистон” пас аз бозсозиаш дар соли 2004 худи ин миллиардер ҳам ширкат дорад. Аммо Фирташ дар соли  2007 гирифтори як баҳси додгоҳӣ бо завҷаи қаблиаш Марина Фирташ-Калиновская шуд, ки аз додгоҳ ба рноми ӯ гардондани 50 дарсади дороии шавҳарашро талаб дошт. Дар чорчӯби ҳамин тақсимоти молу мулки Фирташ дар пайи ҷудо шуданаш аз ҳамсари якум ширкати «Хайрок ҳолдинг» низ бо ҳама дороиҳояш дар ихтиёри Марина қарор гирифт. 

Дмитрий Фирташ дар оғози солҳои 2000 як муддат ба таври фаъолона ба бозори Тоҷикистон пой гузошт ва дар соли 2002 “Тоҷиказот” - бузургтарин корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ, воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ва ба дунбол корхонаи дӯзандагии “Гулистон” дар маркази Душанберо хусусӣ гардонд. Фирташ умури идораи аксари тиҷоратҳояш дар Тоҷикистон, аз ҷумла чархондани корхонаи “Гулистон”-ро дар солҳои охир ба наздикони Зайд Саидов супурда буд.

Аммо Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2013 бо ҷароиме, чун таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ришваситониву сӯиистифода аз мақом, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд . Пас аз аз ин дар асоси шикояти Оҷонси зидди фасод дастикам 8  корхонае, ки ба номи ӯву наздиконаш буданд, ва ҳамин тавр ду корхонаи бузургтарини марбут ба Фирташ - “Тоҷиказот” ва “Гулистон” - дубора давлатӣ карда шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi