23:12:26 07-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Талаби 11 соли зиндон - барои Шӯҳрат Қудратов

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи Душанбе барои вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов 11 сол ҳукми зиндони низомаш шадид пурсидааст.

shuhrat_51145454.jpgСамандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 7 январ аз додгоҳи шаҳри Душанбе хост, то вакили мудофет Шӯҳрат Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кунад. Бо назардошти қонуни афв, гуфтааст айбдоркунанда, додгоҳ метавонад сеяки ин ҳукмро кам кунад. Ӯ гуфтааст, моддаи 247-уми Кодекси ҷиноӣ то 9 сол ҳукми зиндон ва моддаи 320 то 6 соли дигарро пешбинӣ мекунад.

Раҳматулло Зоиров, вакили дифоъи Шӯҳрат Қудратов дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард, ки  айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз аз додгоҳ талаб кард, ки Қудратов ба 11 соли зиндон маҳкум карда шавад. Зоиров мегӯяд, ки комилан мухолифи талаби айбдоркунандаи давлатӣ буда, онро  беасос мешуморад ва умедвор аст, ки додгоҳи пойтахт ҳукми одилона содир хоҳад кард.

Айбдоркунанда ҳамчунин хостори ба Тӯрабек Охунов, бародари Ҷӯрабек Охунов, раҳбари зиндонишудаи ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” баргардондани 7 000 долларе шудааст, ки ба ақидаи тафтишот, Қудратов бо роҳи фиреб аз худ кардааст. Шӯҳрат Қудратов, ки як муддат аз манфиатҳои Ҷӯрабек Охунов ҳимоят мекард, мегӯяд, ин пул ҳаққи хидмати адвокатии ӯст. Тӯрабек Охунов қабл аз соли нав дар додгоҳ изҳор дошт, ки баъди дидани аҳволи Қудратов ва зану фарзандони ӯ  аз даъвояш мегузарад.

Додрас баъди шунидани дархости айбдоркунандаи давлатӣ то 8 январ танаффус эълон кард. Интизор меравад, рӯзи 8 январ Раҳматуллоҳ Зоиров, вакили Шӯҳрат Қудратов далелҳои худро баён кунад. Зоиров ба бегуноҳии муваккилаш исрор меварзад ва қарор аст, аз додгоҳ барои Қудратов ҳукми сафед талаб кунад. Зоиров гуфтааст, ба ҳимоят ба Шӯҳрат Қудратов 50 саҳифа суханронӣ омода кардааст.

Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазиир собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, вазиир собиқи саноат Зайд Саидов ва аз ДиловаршоҳҚосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон,  ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Мақомот гуфтанд, ки ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Аммо Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида – раиси ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов - медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.

Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш аммо таъқибу боздошт ва муҳокимаи ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Қудратов ҳамчунин аз раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматуллоҳ Зоиров аст. Ин ҳизб бо вуҷуди дар боздошт қарор доштани Қудратов, ӯро аз рӯйхати ҳизбӣ ба интихоботи порлумонии рӯзи 1 март номзад кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi