04:21:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Давлат Чолов: «Хола» Сурия набуд!

Додгоҳи вилояти Хатлон охирин сухани Давлат Чолов ва чаҳор нафар ҳамроҳони ӯро шунид ва барои мӯҳлати номуайян ба утоқи машварат рафт. Қарор буд, имрӯз, 29-уми август, ҳукми Давлат Чолов ва дигар ҳамроҳонаш бароварда шавад, аммо бинобар пешниҳоди чанд далел аз ҷониби вакилони дифоъ эълони ҳукм ба вақти номаълум гузошта шуд.

cholov-45784512Ба қавли манобеи мо, аз ҳисоби ширкатдорон дар ин мурофиа Давлат Чолов, ки бо чаҳор нафар аз ҳамроҳонаш дар ташвиқи ҷавонон барои ҷанги Сурия айбдор дониста мешаванд, дар охирин суханаш гуфт, ҳеҷ гоҳқасди ба Сурия рафтан надошт ва дар гуфтгӯҳо, ки миёни ӯву ҳамроҳонаш сурат гирифтааст, дар ин хусус ҳеҷҳарфе набуд. Ӯ гуфтааст, зимни суханрониашон онҳо калимаи «Хола»-ро на ҳамчун рамз ба ҷои Сурия истифода кардаанд, балки онҳо бо ин ном модарони ҳамдигарро ном бурдаанд.

Ин ҳарфи Чолов дар ҳолест, ки дар тафтишот омдааст, ки ин гурӯҳи панҷнафара миёни ҳам бо рамз сӯҳбат мекардаанд ва ба ҷои Сурия рамзан аз истилоҳи «Хола» кор мебурдаанд. Ҳамчунин, Давлат Чолов сафараш ба Туркияро бо мақсади тиҷорат донист ва гуфт, ҳеҷ гоҳ талоше барои Сурия рафтан надошт. 

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб кардааст, то Давлат Чолов ва Абдураҳим Шукуров, аз дигар ҳамроҳони ӯро чаҳор сол аз озодӣ маҳрум созад. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни ин мурофиа барои се нафари дигар - Қодиров Абдураҳмон, Ҷӯраев Савриддин, Хоҷамқулов Азаматҷон, ки пештар бо мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд ва аз дохили зиндон таблиғу ташвиқи худро анҷом медоданд, аз 20 то 30 соли зиндонро талаб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Файз Чолов, бародари Давлат Чолов гуфт, ба ҷуз вакилони дифоъ ҳеҷ яке аз наздикони Давлат дар ин мурофиа ширкат надоранд. Файз Чолов гуфт, ба бегуноҳии бародараш бовар дорад ва агар ӯ хатоҳои хурде содир карда бошад, онҳо ислоҳшавандаанд. Аммо Файз Чолов гуфт, ҳар ҳукме, ки додгоҳ бар асоси далел дар нисбати бародараш содир кунад, қобили қабули онҳост.

Ин гурӯҳи панҷнафара тибқи банди 187, қисми 3, (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин) ва банди 307 (ташкили созмони ифротгаро)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муттаҳам медонад.

Давлат Чолов ва Абдураҳим Шукуров моҳи феврали соли равон замоне боздошт шуданд, ки мехостанд, ба Туркия парвоз кунанд, аммо 13-уми феврал онҳо ба фурудгоҳҳозир нашуданд ва рӯзе баъд аз як манзили зист дар Душанбе боздошт шудаанд.

Давлат Чолов низ то соли 2002 фармондеҳи як воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи Шӯрообод буд, вале пас аз барканор шуданаш дар ҷинояте айбдор дониста шуда, мавриди ҷустуҷӯқарор гирифт. Муддате ҳамчун фирорӣ дар Афғонистон паноҳ бурд, аммо пас аз 6 моҳ баргашта, худро ба мақомот таслим кард. Ӯро бори аввал барои нигоҳ доштани силоҳ ва истифода аз он равонаи зиндон карданд ва ба гуфтаи наздиконаш маҳз дар зиндон афкори ӯ ба куллӣ тағийр ёфт. Ҷамшед Самадов, як сокини Кӯлоб, ки Чоловро хуб мешиносад, мегӯяд, ӯ панҷ сол пеш ба озодӣ баромада буд ва ҳамеша бо риши аз меъёр бештар дамида, дар хиёбонҳо гаштугузор мекард.

«Риши дароз монда буд ва савори мошини Мерседес гоҳ гоҳ бо бачаҳо баҳсҳои динӣ мекард. Лекин он қадар ифротӣ набуд. Ба фикри ман, маҳз ҳамон риши дарозаш шубҳаи мақомотро оварда, ӯро пайгирӣ карданд,»- изҳор дошт, ин ҳамсӯҳбати мо.

Давлат Чолов, узви хонаводаи маъруфи Чоловҳост, ҳафт бародар аз он замони ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи воҳидҳои алоҳида буданд. Хонавода бештар бо исми Қурбон ва Султон Чоловҳо машҳур аст. Султон соли 1995 бар асари беморӣ фавтид ва Қурбон, ки солҳои охир тоҷир буд ҳоло бемори бистарист.

Таваҷҷӯҳи бештари ба парвандаи Чолов ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба «ҷиҳод» ба он хотир буд, ки ӯ ва бародаронаш солҳои тӯлонӣ зидди «муҷоҳидон»-и Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷангида буданд. Ва чунин тағйири куллӣ дар ҷаҳонбинии ӯ бисёриҳоро ба ҳайрат овардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi