03:04:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

200 ҳазор сомонии сокини Масчоҳ аз "Тоҷиксодиротбонк" куҷо шуд?

Як сокини ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мегӯяд, якуним сол пеш дар «Тоҷиксодиротбонк» ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, то ба ҳол маблағашро бозпас гирифта наметавонад.

aziz-aziziv-487111Азиз Азизов, сокини деҳаи Пастиғави ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, маъюби гурӯҳи якум, ки аз як пой маҳрум аст, ба дафтари радиои «Озодӣ» дар Душанбе шикоят овард, ки аввали соли гузашта 200 ҳазор сомоние, ки аз фурӯши гову моли хонааш ба даст оварда буд, дар филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ин ноҳия пасандоз кард ва мехост, пас аз як сол ба ин пул барои фарзандаш хона созад.

Ҷаноби Азизов меафзояд, масъули бонк ваъда кардаст, ки пас аз як сол пули ӯ 24 дарсад зиёдтар мешавад. Аммо «пас аз гузаштани як сол, 18-уми январи соли 2014 ман барои гирифтани пасандозам ба бонк рафтам. Аллакай роҳбари ин бонк, ки он вақт Раҳмат Аюбов буд, иваз шуда, ба ҷои ӯ Ғаниҷон Раҳимов таъйин шудааст. Ман хостам, пасандозамро бо фоизҳояш гирам, аммо кормандон тӯли як соат бо ҳам гӯшакӣ карданду баъд гуфтанд, пули маро роҳбари пешинаи бонк аз худ кардааст.» 

Азизов мегӯяд, кормандони бонк ба ҷои бозгардондани пул «ӯро ба ҷиноят тела дода» гуфтанд, ки рафта хонаи раиси пешини бонкро зӯран бигирам." Пас аз шунидани ин хабар, Азизов дари мақомоти болоиро яке пайи дигар мекӯбад. Сараввал ба раиси ноҳия ва баъдан ба раиси вилояти Суғд муроҷиат мекунад. Аз ин утоқҳо вай танҳо як посух мегирад: «Ин бонки тиҷоратии хусусист ва мо ба кори он дахолат карда наметавонем!».

Дар натиҷа Азизов ба президент Раҳмон ба дастгоҳи иҷроияи ӯ нома навишта, аз вай ёрӣ хост. Бахтиёр Худоёров, роҳбари дастгоҳи иҷрояии президент шикояти шаҳрвандро ба додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва роҳбари «Тоҷиксодиротбонк» фиристода хостааст, ки аз натиҷаи баррасии он барояш хабар диҳанд.

Ба гуфтаи Азизов, аз додситонӣ то ба ҳол ба вай посухи расмие нарасидааст, аммо аз маъмурияти «Тоҷиксодиротбонк» ба вай нома навишта иттилоъ доданд, ки «мутаассифона, Раҳмат Аюбов аз вазифаи мансабии худ сӯистифода карда, ба боварии Шумо даромадааст ва маблағҳои пули шуморо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо аз они худ кардааст. Маблағҳои Шумо дар хазина ва системаи бонкӣ мавҷуд нест».

Аммо Азизов мегӯяд, хонаи вай аз бинои бонк 48 километр дур аст ва чун ӯ маъюб аст, пасандозашро бевосита ба Аюбов, раҳбари вақти шӯъбаи ин бонк, супурда дафтачаи пасандоз ва чек гирифтааст, ки дар он мӯҳри бонк гузошта шудааст. Дар ҳамин ҳол, Илҳом Шарифов, роҳбари минтақавии «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Истравшан, ки филиали Куҳистони Масчоро зери назорат дорад, дар сӯҳбат ба мо гуфт: «Вай муҳрро раиси онвақтаи бонк аз кисааш гирифта, дар он дафтарча гузоштааст. Дар шартномаи бонк ва ин шаҳрванд омадааст, ки ҳамагуна амалиёте, ки берун аз идораи бонк сурат мегиранд, эътибор надорад. Аммо ман медонам, ки бародарони Аюбов ба Азизов 50 ҳазор сомониро баргардонданд».

Зимнан худи Азизов мегӯяд, ҳарчанд вай ин 50 ҳазор сомониро гирифт, мувофиқи ҳуҷҷатҳо «Тоҷиксодиротбонк» якҷо бо сарбахш ё баҳраи пасандозаш аз вай 210 ҳазор сомонии дигар қарздор аст. Ба таъкиди Азизов, вай чанд бор ба бинои марказии «Тоҷиксодиротбонк» омада, хостааст бо роҳбари кулли он Тоҷиддин Пиров сӯҳбат кунад, аммо муҳофизон нагузоштаанд вай дохили бино шавад.

Қазияи пасандози гумшуда ба парвандаи ҷиноӣ табдил ёфт. Азизмурод Сабуров додситони ноҳияи Куҳистони Масчо дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, дар нисбати Раҳмат Аюбов ниҳоди зери раҳбарии ӯ парванда боз карда, тафтиши воқеа идома дорад, вале гумонбар дар қаламрави Тоҷикистон нест: «Мо дар нисбати Раҳмат Аюбов аз рӯи моддаи 243 кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаем. Ин нафар депозите муштариёнро, ки дар бонк будааст, аз хазина гирифта ба эшон медиҳам гуфта, худаш хӯрдааст. Боз ҳаст ҳолатҳое, ки аз одамон барои депозит гуфта, пул гирифта аз худ кардааст. Ҳамаи маблағҳои азхудкардаи Аюбов ҳоло пурра маълум нашудааст, вале дар ҳоли ҳозир аз 300 ҳазор доллар зиёдтар пулҳои азхудкардаи вай ошкор шудааст».

Зимнан, худи Азиз Азизов аз хабари боз шудани парванда алайҳи собиқ роҳбари бонк чандон хушнуд нест. Вай мегӯяд, ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон эътимод надорад, чунки дар гузашта ба ин монанд таҷрибаи талхе дошт. Вай чанд сол пеш аз як нафаре, ки қарзашро баргардондан намехост, ба додгоҳ муроҷиат кард. Додгоҳ ин нафарро маҳкум ба ҳабс кард, аммо Азизов пули худро бозпас гирифта натавонист. Азизов мегӯяд, пас аз чанде завҷаи қарздор ба дари хонаи ӯ омада гиря кардааст, ки аз даъвояш гузарад, то шавҳараш озод шавад. Ҳамин тариқ Азизов аз даъвояш гузашт ва аз баҳри қарзи додааш низ.

Вай мегӯяд, агар Раҳмат Аюбовро, ки ба Русия фирор кардааст, боздошт кунанд ҳам, шод нахоҳад шуд, зеро ҳабси ӯро не, балки пулашро мехоҳад. Ҷаноби Азизов бештар ба он ҳайрон аст, ки «Тоҷиксодиротбонк» намехоҳад, зиёни молии як муштарияшро ҷуброн кунад ва ин нишон медиҳад, ки банкҳо дар кишвар нисбати эътибори худ дар байни мардум парвое надоранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi