16:21:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ифтитоҳи Марказе, ки шояд тақаллуб ва фасод дар маорифро коҳиш диҳад

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат рӯзи 20 декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" (ММТ) ифтитоҳ ёфт. Эмомалӣ Раҳмон бо кори ММТ бевосита шинос шуда, бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуд ва масоили мубориза бо фасод ва дигар амалҳои номатлубро дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дод.

markazi testi 458798Тавре зикр гардид, ин бинои сеошёна, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст.

Барои расидан ба ин ҳадаф ва иҷрои босифати вазифаҳои дар назди ин муассиса гузошташуда бинои марказӣ ва бахшҳои минтақавии он бо навтарин техникаю таҷҳизот муҷаҳҳаз карда шудаанд. Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, 1 бахш ва 4 шуъбаи минтақавӣ (дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ) иборат аст.

Аз соли 2014 сар карда, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ дар шуъбаҳои минтақавии ММТ тестӣ бо истифода аз навтарин техникаю таҷҳизот ва бе дахолати шахсони манфиатдор ба роҳ монда мешавад. Низоми нави имтиҳонсупорӣ тавре таҳия гардидааст, ки тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст.

Ҷараёни имтиҳонсупорӣ, санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кумак расонда наметавонанд, зеро дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад. Ба ҷойи ному насаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ ошкор карда мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ тибқи қоидаҳои низоми нав ҳар як довталаб ҳангоми аз қайд гузаштан метавонад 10 ихтисоси ба ҳам наздик ё 10 ихтисоси соҳаҳои ба ҳам наздикро дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунад. Зиёда аз 400 ихтисоси мавҷуда ба 5 гурӯҳ тақсим шудаанд ва 10 ихтисосе, ки довталаб итихоб мекунад, бояд аз доираи як гурӯҳи ихтисосҳо бошад. Пас аз маълум шудани натиҷаҳои имтиҳон довталаб агар холҳои кофӣ гирифта бошад, мувофиқи шумораи холҳояш ба яке аз мактабҳои олӣ ва ихтисосҳои интихобкардааш қабул карда мешавад.

Маводи имтиҳонӣ, аз ҷумла саволномаҳо дар ММТ таҳия гардида, дар ҳамин ҷо чоп мешаванд ва дар халтаҳо ва сандуқҳои махсуси бо пломбаи истифодаи яккарата баста, бо мошинҳои махсуси муҳофизатшаванда ба марказҳои имтиҳонӣ дастрас мегарданд. Пас аз ҷамъоварии ҷавобҳои довталабон маводи имтиҳонӣ боз ба ҳамин тартиб баргардонда шуда, дар ММТ мавриди коркард қарор мегиранд. Ҷавоби натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказҳои минтақавии он ва ба суроғаҳои шахсии довталаб тавассути почтаи электронӣ, паёмаки SMS ва дигар воситаҳо расонда мешавад.

Афзалияти дигар ва бисёр муҳими ин низом дар он аст, ки довталабон бо харҷи маблағи зиёд ба пойтахт ё дигар шаҳрҳо нарафта, метавонанд дар марказҳои ба маҳалли зисташон наздик имтиҳон супоранд. Интихоби макони имтиҳонсупорӣ ҳам барои довталабон ихтиёрӣ аст. То кунун дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Бобоҷон Ғафуров 20 маркази бақайдгирии довталабон ва 52 маркази имтиҳонӣ омода карда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳо ва ҳам ҳангоми суханронӣ, ки дар ҳузури роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сурат гирифт, ба фаъолият шуруъ намудани ММТ ва низоми нави қабули имтиҳоти дохилшавиро "қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф" номида, таъкид дошт, ки "минбаъд бояд тамоми намуди имтиҳонҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба таври электронӣ ва шаффофу одилона ба роҳ монда шавад". Ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳии низоми нави имтиҳонсупориро барои довталабони оянда васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо бохабар бошанд ва мутаносибан омода шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ҳамчунин доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пурзӯр намудани тартибу интизом ва пешгирӣ аз фасоду тақаллуб ҳангоми қабули имтиҳону санҷишҳо ва мубориза бо ҳама гуна амалҳои номатлуб супоришҳои мушаххас дод.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi