05:17:27 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ронанда + қоида = ?

Аминҷон Гулмуродзода, "Рӯзгор"

Тибқи оморҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 29 600 мошин ворид гардидааст, ки ин миқдор дар қиёс ба соли 2012 тақрибан 8000 бештар аст. Афзоиши теъдоди нақлиёт ва дастрасии аҳолӣ ба он, албатта, хуб аст, аммо ғунҷондани миқдори зиёди мошин дар доираи маҳали муайян, масалан дар ҳудуди пойтахт, мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло сари ҳар қадам гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе мошинзор шудааст, то ҳатто баъзан аз фаровонии ин василаи ҳаракат “ҷои сӯзанпартоӣ” ҳам нест.

1.problema_5411245Ҳарчанд шаҳрдорӣ дар гузашта зимни дастуре гузоштани мошинҳо дар назди биноҳои истиқоматиро манъ карду кормандони бозрасии нақлиёт паи иҷрои ин дастур камар бастанд, вале бо чанд сабабе мушкил ҳамоне ки буд, боқӣ монд. Агар яке аз сабабҳои иҷро нашудани дастури шаҳрдориро ба мошиндорони “гарданшах”, ки нақлиёташонро “дар таги биниашон” нигоҳ медоранд, марбут донем, набудани таваққуфгоҳҳои нақлиёт дар наздикии биноҳо сабаби дигар аст. Аслан, бунёди таваққуфгоҳ ҷои муайян ва маблағи кофиро мехоҳад, ки пайдо кардани ҳам ину ҳам он дар шароити кунунӣ корест на чандон осон, вале дар чунин вазъ гузоштани мушкили мавҷуда низ роҳи ҳал нест.

Аз ҷониби дигар, зиёдшавии теъдоди мошин боиси мушкил гаштани ҳаракат дар роҳҳои Душанбе гардидаву мизони рух додани садамаҳоро боло бурда бошад, қоидашикании ошкорои ронандагон ҷиҳати дигари масъала аст. Бубинед, дар ин шабу рӯзи таъмиру навсозии роҳҳои пойтахт, ки бо суръати сангпушт пеш меравад, агар зиёдии миқдори нақлиёт ҳолатҳои сар задани тамба дар роҳҳоро ба вуҷуд оварда бошад, амалкарди ронандагон дар чунин ҳолатҳо мушкили мавҷударо дучанд кардааст; баъзеҳо аз бетоқатӣ ба самти муқобили ҳаракат мебароянду баъди 20-30 метри пешравӣ байни роҳ дармемонанд ва тамбаи тарафи рости роҳ ба тарафи чап сироят мекунад. То омадани бозрасони нақлиёт ва танзими ҳаракат корвони мошинҳои беҳаракати сигналдиҳанда ба чандсад метр мерасад.

Ё бигирем ҳолати дигарро. Чандест, ки таъмиру навсозии роҳ дар болову поёни пули дарёи Душанбе дар наздикии нашриёти “Шарқи озод” давом дорад ва масъулин барои мушкил нагаштани ҳаракати нақлиёт дар қарибии Сирк як самти ҳаракатро бастаанд. Аммо ин ҷо ҳам ронандагон ҷон болои каф гирифта, ба самти муқобил мебароянд ва ҳаракати мошинҳои ҷониби дигарро дучори мушкил мекунанд. Ин гирудор танҳо баъди дахолати кормандони бозрасии нақлиёт, ки дар давоми рӯз гоҳе пайдоянду гаҳе пинҳон, бартараф мешавад.

2.problema 5411245Воқеан, чанд рӯзи аввали роҳбандӣ дар ин мавзеъ як ё ду нафар бозраси нақлиёт аз субҳ то шом навбатдорӣ мекарданд, вале тадриҷан ин навбатдории доимӣ ба муваққатӣ бадал шуду навбатдорон дар вақтҳои муайян меомаданду пас аз ҷорӣ кардани тартибот мерафтанд ва баъди чанде гирудори ронандагон аз нав шуруъ мешуд. Дуруст аст, ки танзими ҳаракати мошинҳо ва ба самти рост равон кардани ронандагони “саркашу якрав” кори осон нест, вале вазифаи бозрас ҳамин аст ва ногузир ҳар кас бояд кори худро анҷом диҳад. Албатта, мушкили мавҷуда доимӣ нест ва баъди анҷоми корҳои таъмирӣ ҳаракат танзим мешавад, аммо тартибу низом дар ҳама ҳолат бояд ҷорӣ бошад.

Қоидашикании ронандагон дар мавриди сарфи назар кардани аломати гузаргоҳи пиёдагардон низ ба яке аз масъалаҳои доғе табдил шудааст. Ҳарчанд дар роҳҳои пойтахт сутунҳои зиёде бо тасвири ин аломат насб гардидаву хати рах-рахи он рӯи роҳҳо кашида шудааст, аммо ҳоло теъдоди ками ронандагон ба он эътибор медиҳанд (ба истиснои чанд гузаргоҳ дар марказ ва маҳаллаҳои наздик ба он) ва на ҳар кас ҷуръат мекунад, ки пой болои ин хат монад.

Баъзе ронандагон вақте мебинанд, ки пиёдагард ба хати гузар наздик аст, аллакай аз 100 метр дурӣ бо баланд кардани садои сигнали мошин огоҳ мекунанд, ки “зинҳор пеш аз ман нагузар, ки ҷон ба саломат намебарӣ!” ва бо суръати баланд ҳуқуқи пиёдагардро поймол кардаву ба пеш медаванд. Танҳо будани бозрасони нақлиёт дар наздикӣ ронандаро водор мекунад, ки ҳурмати пиёдагардро ба ҷой биёраду аломати пиёдагузарро ба эътибор гирад.

Умуман, метавон аз қоиданописандии ронандагон соатҳо сухан гуфту аз рафтору кирдори эшон рӯи саҳифаҳои зиёде навишт, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё бо ин гуфтану навиштанҳо метавон масъулиятшиносии онҳоро бедор карду мушкилоти ҳаракат дар роҳҳоро бартараф? Албатта, не.

Аз мушоҳидаи рафтори ронандагон дар роҳҳо метавон чунин хулоса кард, ки танҳо ҳузури бозрасони нақлиёт метавонад гаштугузори онҳоро ба низом дарораду ба самти рост равона созад. Дар акси ҳол роҳи калон барои ҳама танг асту аз ин тангно гузаргоҳ ёфтани пиёдагард амрест муҳол. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi